Дидгоҳ

КДАМ маро водор мекунад, то бештар фаъол бошам

Ёддошти Саидмуҳидинов Фатҳуддин

Ба самъи тамоми созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи башарӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мерасонам, ки шурӯъ аз 26-уми ноябри соли ҷорӣ то имрӯз, 9-уми декабри соли 2019, кормандони давлатии ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиён, УБОП ва КДАМ-и шаҳри Душанбе хонаводаи моро, хусусан падари 77 солаам Саидмуҳидинов Миноҷ ва бародарам Саидмуҳидинов Меъроҷиддинро ғайриқонунӣ ва бидуни ягон ҷурму ҷиноят ба идораҳои худ даъват намуда зери фишор ва пурсуҷӯ қарор дода истодаанд.

Аз ҳама аламовараш ин аст, ки ҳангоми пурсуҷӯ ба пайвандонам як акси раисиҷумҳур Раҳмоновро нишон додаанд, ки касе ӯро зери пой намудааст ва ба онҳо гуфтаанд, ки ин нафар фарзанди шумост, бинед болои сурати Ҷаноби Олӣ по гузоштааст.

Азбаски бо хонавода тамос надорем, аз ин зулму фишору бӯҳтони кормандони милиса ва КДАМТ тоза огаҳӣ пайдо карда хеле нороҳат шудам.

Дирӯз яке аз дӯстон ба ман занг заду бидуни саломуалейк сарзанишро оғоз карда гуфт: «Э бача, ту дар Европа дигар коре надорӣ, ки сурати Эмомалӣ Раҳмона зери по карда аксбардорӣ мекуниву дар интернет мепартоӣ?» Ростӣ ҳайрон шудаму пурсидамаш, ки кадом сурат ва дар куҷост, ки худам дарак надорам ва фикр кардам шояд ягон фотомонтаж бошад, ки гуфт: «Акс дар идораи амният (КДАМТ) аст ва барои ин корат ҳар рӯз миласаҳо ҷудову амниятиҳо ҷудо хонаводаатонро кашо-каш доранд«.

Он чи дар ҷавоби он дӯст гуфтам, умедворам ҷавоби банда ба кормардони амният ва дигар масъулони ҳукумат хоҳад буд:

Аввалан: банда ҳеч гоҳ чунин як кореро анҷом надодам. Баъдан: агар ман ҳар коре кунам ҳаргиз аз доираи ахлоқу адаб берун намебароям. Солисан: агар гуфтанӣ ва ё изҳори назаре дошта бошам, бидуни ягон мамониъат дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва ё дар ВАО пешкаши ҳамагон мекунам.

Илова ба он чи гуфтам хитобе дорам ба кормандони КДАМТ ва милиса:

Якум: Шумо 16-уми сентябри соли 2019 рӯзи аввали ифтитоҳи конфронси САҲА дар Варшава падарамро бо тӯҳмат, ки гӯё ман бо духтарам дар онҷо дар сафи аввал нишаста ширкат дорем, зери фишор қарор додед. Банда ин тӯҳмати ногаҳонии шуморо таҳаммул кардам. Ҳол он, ки мо он ҷо иштирок надоштем.

Дувум: Моҳи октябри ҳамин сол ному насаби маро бо тӯҳмат ва парвандаҳои сохтаву бофта дар рӯйхати сиёҳи Бонки миллӣ дар қатори садҳо теруристӣ хатарнок ҷойгир кардед. Боз ҳам сукутро ихтиёр намуда аз дунболи кору бори зиндагӣ шудам.

Савум: Ҳоло, худи ҳозир ва чанд рӯзи гузашта, боз бо тӯҳмат ва бо баҳонае, ки гӯё ман акси Раҳмонро зери по карда бошам, хонаводаи маро азият медиҳед. Фардо ё рӯзҳои дигар боз кадом тӯҳматро дар пои ман ва ё пайвандонам печонданиед? Фаромӯш накунед, ки шумо бо ин амалҳои ғайриқонунии худ маро таҳрик дода истодаед, то, ки минбаъд ман дар тамоми конфронсҳои байналмилалӣ ширкат карда ин ҳама ноадолатиҳоро ба гӯши ҷаҳониён расонам.

Шумо як бор бо далелу мадрак ҳарф бизанед, то ҷомеъа боваратон кунад ва он аксе, ки барояш алъон падару бародарам дар идораи КДАМТ азият мекашандро дар шабакаҳои интернетӣ ба ҳамагон пешниҳод кунед, агар воқеан ман дар он акс бошам қавл медиҳам, ки фардо ба Тоҷикистон бармегардам ва бо сангинтарин ҳукм муҷозотам кунед.

Гузашта аз ин ҳама, бидонед, ки ин бозиҳоятон ҳеч таъсире дар роҳи интихобкарда ва фаъолияти ман нахоҳад дошт. Маро тарсондан наметавонед. Ман солҳост факат ба хотири гирифтори азияту озори шумо нашудани пайвандонам бо онҳо тамос намегирам. Онҳо зиндагии худро доранд ва ман зиндагии худро дорам. Ҳоло агар бар ин боваред, ки бо фишор овардан ба пайвандонам метавонед ба ман фишор оваред, хато мекунед.

Воқеъан ҳар касеро, ки хирад ёраш бошад пай мебарад, ки амнияти давлату миллатро худи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса ноамн мекунанд, на каси дигар. Ин кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо зулму азияти худ дар ҳар манотиқи ороми кишвар дар дили мардум нисбати давлат ва хусусан шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тухми нафрат мекоранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s