Ба қалами Илҳомҷон Ёқубов
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ, ба Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон сафари корӣ анҷом дод. Аз Душанбе ба Тошканд ва аз Тошканд ба Самарқанд ӯ тавассути Боинги мутааллиқ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон сафар кард.
Маълум аст, ки парвоз тавассути Боинг ва он ҳам дар раъси як ҳайати давлатӣ, садҳо ҳазор доллар ҳазина дорад. Аз маводди сӯхти ҳавопаймо гирифта то хобу хез ва хӯрду хӯрок ва масрафи «командировочний”, ки барои ҳар як аз ин ҳайат бо шумули раиси он аз ҳисоби будҷаи кишвар таҳия ва ҷудо карда мешавад, маблағи бузургеро ташкил медиҳад. Инки ин “сафари корӣ” чӣ натиҷа доштааст ва шаҳдори Душанбе, фарзи мисол, ба чанд миллион ва ё ҳатто ҳазор, сармояи Ӯзбакистонро ба иқтисод ва корхонаҷоти пойтахт ҷалб карда ва кадом қарордоду созишномаҳо ба имзо расонидааст, ҳеч хабаре нест. Вале рӯшан ва аниқ аст, ки миллионҳо доллар дар ин сафар аз ҳисоби хазинаи давлат, ки аз ҷайби мардум ва бахусус аз меҳнати шабу рӯзи муҳоҷирон пур мешавад, харҷ шудааст.
Ҳамин чанд рӯзи пештар буд, ки падари Рустами Эмомалӣ “Пешво”-и тоҷикон, Э.Раҳмонов, дар як “турне”, ки ба ду кишвари урупоӣ сафар карда буд, миллионҳо доллари мардумро ба бод дод. Натиҷаи сафари Раҳмонов ҳам ба ҷуз аз панҷ адад чархбол, ки ин адад чархболро ҳар тоҷир низ бемалол харида метавонад ва муҳимтар аз ин шояд худи хазинаи сафар аз панҷ адад чархбол болортар бошад, набуд. Сафари пурҳазина ва бесамари Рустами Эмомалӣ ва падараш ба ҷуз аз худнамоишдиҳӣ ва исрофкорӣ чизе дигар надошт. Аммо як чизро дақиқтар кард, ки ҳам Раҳмонов ва ҳам писараш аслан дар фикри мардуми фақиру нодори тоҷик нестанд. Ин ду маблағи будҷаи кишварро ҳар тавре хоҳанд истифода мекунанд ва дар фикри беҳсозии шароити зиндагонии мардуми одии кишвар нестанд.
Фасод ва ришвату порахории Раҳмонов ва хонаводаи вай, ба ҳама маълум аст. Аммо боз ҳам аз ҳисоби будҷаи мамлакат, будҷаи бе ин ҳам харобу қашшоқ айшу нӯш ва маишати худро таъмин мекунанд.
Ҳоло пурсишам ин аст, ки оё раисиҷумҳур ва писари вай фикр мекарда бошанд, ки ҳамчунин сафарҳои пурхарҷу сарф аз ҳисоби халқу давлат ин худ коррупсия аст, исрофкорӣ ва хиёнат бо байтулмол ва хазинаи давлат аст, ки бояд барои рифоҳ ва ободии халқ масраф бишавад. Магар ҳатман шарт буд, ки Рустам ба Тошканд бо Боинг сафар кунад ва як ҳайати азимеро бо худ бибарад? Вақте дар сатҳи олии мамлакат ҳамин гуна исрофкорӣ ва ғайримақсуд ва бидуни кадом натиҷа ва самаре пули хазинаи давлат истифода мешавад, роҳбарони сатҳи васат ва поини давлат чи ёд мегиранд ва киро пайравӣ мекунанд?
Шумо ба сафарҳои Раҳмонов ба навоҳии кишвар як таваҷҷӯҳ кунед. Ҳарчанд борҳо ин сафарҳои пурҳазинаи Эмомалӣ, ки тӯли ин ҳама солҳо анҷом додааст ва маблағи онро тахминан ҳисоб кунем аз садҳо миллион доллар бештар мешаванд, дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ танқиди сахт шуданд, аммо ҳамоно идома дорад. Барои мисол, вақте Раҳмон ба Хуҷанд, Леваканд, Кӯлоб ва дигар навоҳии кишвар сафар мекунад, роҳбарони ин шаҳрҳо ҳам аз будҷа маблағ мегиранд ва ҳам аз ҷайби мардум. Як мақомдор аз шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар сафари ахири президент танҳо маблағи хариди гул барои истиқболи ӯ, аз садҳазор доллар ҳам гузаштааст. Ин гулҳо қисман аз хориҷаи наздик — аз Тошканд ва қисман аз хориҷа — аз Голландия ва Туркия харидорӣ шудаанд.
Ва ё вақте ба навоҳии шарқи кишвар сафар мекунад, маблағи хариди помидору бодирингу филфили булғорӣ, тарбузу харбуза ва дигар меваҷоту сабзиҷот аз садҳо ҳазор афзудааст. Дар аксарияти ин сафарҳо Раҳмоновро ҳам ҳайати васеи ҳукуматӣ ва ҳам раққосаву навозандаву овозхонҳо ҳамроҳӣ мекунанд, ки барои ҳар яке аз онҳо низ маблағи будҷаи кишвар сарф карда мешавад, ки воқиан ин як исрофкории маҳз аст. Шумо инҷо сару либосеро, ки барои духтарҳо дӯхта ва пӯшонида мешавад ва агар ба ҳисоб гиред, ки дар ҳар ноҳия тақрибан аз ҳазор зиёд зану духтар танҳо барои пешвози Раҳмон ҳамчунин либос медӯзонанд, пули онҳо аз куҷо меояд? Магар Раҳмонов ин ҳамаро намедонад? Хуб медонад. Болотар бар ин сафарҳои комилан бемазмуну бемаънӣ, масалан ба хотири ифтитоҳи як дорухона ва ё як маркази дилхушӣ ва ё як мағоза ва буридани лентаи он ва нишон додани он аз тариқи телевизионҳо сафар кардан ба ноҳияҳо, боз тақрибан ҳафта ва рӯзе нест дар кишвар иду ҷашнҳои нозарур аммо пурхарҷу хароҷот ташкил надиҳад: иди каду, иди харбуза, иди боимҷон, иди оши палав, иди қурутоб ва ғайраву ҳоказо. Албатта, дар чунин маъракаҳо, ки давру бари ӯро пешопеш аз хушомадгӯҳо ва чоплусон пур мекунанд, боз ҳам миллионҳои мардум исроф мешаванд ва ба яғмо мераванд.
Раҳмонов, бо вуҷуди онки дар як кишвари қашшоқ риёсат дорад, барои худ маоши болотарин президент дар ҷаҳонро таъин кардааст. То кунун дар ҳеч санаде аз ҳаҷми маоши ӯ ёд карда намешавад, вале гуфта мешавад аз 60 ҳазор доллар дар моҳ бештар моҳона мегирад. Дар ҳоле,ки як омӯзгоре, ки собиқаи беш аз 30 солаи корӣ дорад, камтар аз 100 доллар маош дорад. Болои ин, Раҳмонов бо таъсиси Фонди Президент аз ҳисоби будҷаи ҷумҳурӣ ҳар сол дарсади онро мегирад. Аммо номаълум аст, ки он маблағ, ки даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад, чӣ гуна ва барои чӣ сарф мешаванд?
Хуллас, дар як сол ками кам сад миллион доллар буҷаи кишвар аз тарафи Раҳмонов барбод дода мешавад, аммо аз ин исрофкорӣ пинаки “Пешво”-ву пайравони ӯ намепаррад. Ҳоло агар бо ин миллионҳо, бигзор, ки корхона ва заводу фабрика насозад, танҳо ба муҳоҷирон барои тиҷорати хурду миёна дар ҳаҷми 5 ҳазор долларӣ бидиҳад, зиндагии мардум тағйир намеёбад? Барои мисол, ҳамин харҷу масориферо, ки барои пешвозгириҳо ва баргузории ҷашну идҳое, ки ҳеч ниёзе ва зарурате барои онҳо нест, ба мардуми муҳоҷир ва ё деҳқону коргар бидиҳад, манфиатовар нест? Аз онки Рустам Тошканду Самарқанд рафт ва миллионҳо доллари буҷаи мамлакатро сарф кард, чи фоида? Аз он ки миллионҳо масраф карда, исрофкориро ба арши аъло бароварда фестивали “Чакомаи гесу”доир мекунад, ба мардум чӣ фоида?
Инҷо аз овардани намунаҳои зиёди аъмоли коррупсионии Раҳмон ва хонаводааш, ки борҳо гуфта шуд, худдорӣ мекунем, вале ҳамин сарфу харҷи беҳудаи ӯ барои рушди иқтисод ва беҳбуди мардум нигаронида шавад, беҳтар нест? Шумо чӣ назар доред?
PS: Дар рӯзҳое, ки Рустами Эмомалӣ миллионҳо пули муҳоҷирони кориии тоҷикро дар Ӯзбакистон бебаркаш сарфу харҷ мекард, хабаре сахт такондиҳанда аз ҳаводиси бағоят нангин шабакаҳои иҷтимоӣ ва қалби ҳазорон ҳамватани мусофиру ғарибро ларзонд. Яке ин ки як муҳоҷири тоҷикро дар Русия бо бадтарин шева ва бо сад ҳазор азияту озор ва бо таҳқиру тавҳин дар маъқадаш чӯб зада ба қатл расониданд.
Возеҳ аст, ки чӯб задан ба қафои муҳоҷир ин маънои чӯб задан ба қафои пешво, оила ва режими ӯро дорад.
Дигар ҳам ин аст ки ин бор Раҳмонов ва оилаи вай чашми тамаъ ва ҳирси худро ба ҷайби муҳоҷирон дӯхта канали интиқоли маблағҳои бо хуни дил ёфтаи муҳоҷиринро монополия карданд. Акнун интиқоли маблағҳо бо фоизи бештар, бо сарсониҳои зиёдтар ба дасти хонаводаи муҳоҷирин мерасад. Аммо фоизҳои афзуда ба киссаи Раҳмонов ва оилаи вай мерезад. Ҳар солу ҳар моҳ вазъият дар кишвар вахимтар, мардум қашшоқтар, муҳоҷирон беҳуқуқтар ва аз ҷониби режим абгортар мешаванд. Вале мусалламан, ҳар чизе оғозу анҷом дорад. Яқин, ки зулми ин режим ҳам ба поён мерасад.
Рубрики:Ахбори Анҷуман