Баёнияҳо

Ҳафт талаби қатъии Ассосиатсияи Муҳоҷирон аз ҳукумат

Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар талабномае аз ҳукумати Тоҷикистон, бо талаби фавран бекор кардани қарор оиди таъсиси Маркази миллии протсессингӣ, хостори истеъфои раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) ва муовинони вай шудааст.

Матни баёнияи мазкур ба шарҳи зерин аст:

Ба ҳукумати Тоҷикистон

Талабнома
Шурӯъ аз 3-юми декабри соли ҷорӣ, баъди роҳандозии Маркази миллии протсессингӣ дар назди Бонки Миллии Тоҷикистон, масъалаи интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон дучори мушкил шудааст. Бонки Миллии Тоҷикистон бо роҳандозии ин барнома, ширкат ва бонкҳои интиқолдиҳандаи маблағ ба Тоҷикистонро маҷбур карда истодааст, ки танҳо баъди пешпардохт метавонанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд; тадбир ва усули коре, ки дар ягон гӯшаи дунё ва таҷрибаи кори байнибонкӣ вуҷуд надорад.

Возеҳ аст, ки маблағи садҳо миллион доллар ба Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия фиристода мешавад. Инак ду ҳафта мешавад, ки ин масъала халқи тоҷикро, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ, сарсону саргардон кардааст. Пушти ин барнома манофеи чӣ касе меистад ва кӣ аз он баҳра ва фоида ба даст меоварадро расонаҳо дар ин муддат борҳо ва бо далоили мувассақ навиштанд.

Бонки Миллӣ ҳам талош кард, ки иллат ва зарурати тасмими худро бифаҳмонад. Аммо мушкил бартараф нашудааст ва ҳамин ҳоло ҳам ҷони муҳоҷирон ва бастагони онҳо дар азоби сахт ва вазнин ва он ҳам аз ҷониби давлати Тоҷикистон қарор дорад. Агар ин мушкил мушкили кишвари кордеҳу корфармо буд, мо наметавонистем аз онҳо тақозои дигар карданро бикунем. Аммо ҳоло зимни ин муроҷиати худ қотеъона талаб мекунем, ки даст аз ин барнома ва идеяи зараровар ва мушкилсоз бардоред ва шароити интиқолро ба ҳолати аввалааш, ба ҳолати то 3-юми декабр баргардонед.

Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ҳайси пуштибон ва масъули ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз шумо талаб мекунад, ки барои бесарусомонӣ, шикасти назми кори бонкӣ, саргардонии муҳоҷирон дар Русия ва бастагони онҳо дар Ватан:

1) раиси БМТ ва муовинони вай ба истеъфо фиристода шаванд;

2) қарор оиди таъсиси Маркази миллии протсессингӣ фавран бекор карда шавад;

3) Тоҷикистон дар зудтарин фурсат узви Иттиҳодияи Авроосиё шавад;

4) ба муҳоҷирони меҳнатии ба синни бознишастагӣ расида, ки аз таъминкунандаи беш аз чиҳил дарсади бюҷети давлатианд нафақа таъйин карда шавад;

5) муҳоҷирони маълул ва мариз бозгашта бо табобати ройгон фаро гирифта шаванд;

6) ба хонаводаҳои муҳоҷирони дар муҳоҷират кушташуда ва ё фавтида компенсатсия (ҷубронпулӣ) дода шавад ва фарзандони онҳо ба донишгоҳҳо ройгон таҳсил карда тавонанд;

7) Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун сармоягузор муносибат карда шавад.

Илҳомҷон Ёқубов,

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ

16 декабри 2019

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s