Бобоҷон Қаюмов
Чандест ҷомеаи моро баҳси ҳиҷоб фаро гирифтааст. Аз президент сар карда то раиси шаҳри Душанбе дар бораи фарҳанги бегона ва либоси миллӣ ҳарф мезананд.
Аз тарафи дигар як гурӯҳ ин қазияро сирф мазҳабӣ ва динӣ қаламдод карда, ҳиҷобро иффат мегӯянду огоҳона ё ноогоҳ мехоҳанд ба эҳсосоти динии мардум нохун зананд.
Ҳадафи ҳукумат аз матраҳ кардани ин қазия ҳам маҳз мазҳабӣ ва динӣ нишон додани мухолифонаш ва дуқутбӣ кардани ҷомеа аст.
Яке аз дигар ҳадафҳои ҳукумат метавонад ба самти дигар кашондани зеҳни мардум аз системаи интиқоли пул бошад, ки ҳукукумат мехоҳад зеҳни мардумро аз ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ мунҳариф кунад, то битавонад ба осонӣ ба мақсадаш бирасад ва то ҳадде дар ин кор муваффақ ҳам шуд.
Аммо чанд нуктаро набояд фаромӯш кард:
1. Ҳиҷоб иффат нест, балки ҳиҷоб ҳуқуқ аст. Ҳар як инсон тибқи сарқонуни Тоҷикистон ҳуқуқи интихоби озоди либосро дорад, чи он ҳиҷоб бошад ё ҳар намуди дигаре. Аз тарафи дигар рабт додани ҳиҷоб бо иффат низ як тафрит аст, чун ҳиҷоб наметавонад иффатро кафил бошаду беҳиҷобӣ наметавонад нишонгари беҳаёгӣ бошад. Пас иффати занро набояд маҳдуд ба ҳиҷоб ё тафаккур ё чизи хосси дигаре кард. Иффат фазилатест, ки ҳар зане метавонад новобаста аз тарзи либос ва фикру ақидааш аз он бархурдор бошад ва ё баръакс.
2. Ҳукумат мехоҳад бо мазҳабӣ ва динӣ нишон додани қазия онро ба гунае бо ифротгароӣ рабт диҳад ва саркуби мухолифонашро машруъият бибахшад. Бинобарин набояд мо ба осиёби онҳо об резем ва ба онҳо машруъият бахшем.
3. Танҳо занони муҳаҷҷаба нестанд, ки таҳқир мешаванду зери фишор ҳастанд, балки аксарияти занони мо ба гунае зери фишор ва таҳқири мақомот қарор доранд, ки набояд ба қазияи онҳо бетаваҷҷӯҳ буд. Балки бояд ҳуқуқи зан дар ҷомеаи мо мавриди таваҷҷӯҳи хосс қарор гирад ва ба он ба таври васеъ ва густарда пардохта шавад.
4. Занон ҳам набояд ба ин қазия бетафовут бошанд. Имрӯз дар тамоми дунё ҳаракати озодихоҳии занон ва ҳақталабии онҳо ба авҷаш расидааст, аммо дар мо ҳатто занонро ҳам ба ду гурӯҳ тақсим кардаанд. Агар занон ба ин масала роҳ надиҳанд ва ба қазия ҳамчун ҳуқуқ муносибат кунанду дар канори ҳам аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд ба маротиб беҳтар хоҳад буд. Набояд иҷозат диҳанд, ки онҳоро дар чанд квота маҳдуд кунанд.
Хулоса инки ҷомеаи мо бояд аз бархурдҳои эҳсосӣ ва идеологӣ гузаранд. Ба хусус фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиёиёни мо бояд нақши бештаре ба уҳда бигиранд ва ҳидояти ҷомеаро дар самти дуруст ба душ бикашанд. Агар зиёиён вориди ингуна қазияҳо нашаванд, мавқеъгириҳои идеологӣ дар ҷомеа қавитар гардида, раванди дуқутбӣ шудани ҷомеаро метезонад, ки паёмадҳои он дар дарозмуддат бар зарари тамоми миллат ва кишвар хоҳад буд.
Пас чӣ бояд кард эй ақвоми шарқ?
Рубрики:Бонувон, Дидгоҳ, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа