Дар моҳи январи соли 2020, Тоҷикистон дубора шоҳиди саркӯбҳои соли 1937 шуд. Инак, поксозӣ ва шикори густурдаи дигарандешон роҳ афтодааст. Дар муқоиса бо маъракаҳои фишору таъқиб дар 27 соли гузаштаи ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмонов алайҳи ҳизбҳои мухолиф ва фаъолони сиёсӣ, касоне, ки акнун дастгир ва боздошт шудаанд, зиёиёни ғайриҳизбӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо аз ҷумла донишгоҳи рӯзноманигорӣ ва ҳамчунин аъзои хонаводаи руҳониёни барҷастаи кишвар ҳастанд. Онҳо тавассути касоне таҳти озору азият қарор гирифтаанд, ки худ дорандагони дипломҳои сохтагӣ ва харидорони поённомаҳо ҳастанд; касоне, ки ҳатто қодир ба хондани Қонуни асосӣ нестанд.
Боздоштшудаҳо ба иттиҳоми омӯзиши маърифати исломӣ дар хориҷ аз кишвар ва гароиш ба ҷунбиши Ихвонул-муслимин дастгир шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон, бо ин боздоштҳо, ошкоро Қонуни асосии Тоҷикистонро вайрон мекунанд. Дар моддаи 26 Қонуни асосӣ гуфта шудааст:
“Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои дини иштирок намояд.”
Режими Эмомалӣ Раҳмонов бемасъулиятона ҷомеаи Тоҷикистонро ба гурӯҳҳои хурд тақсим мекунад ва бо сохтани шаклҳои мухталифе аз “душман” ва коштани тухми ихтилоф дар ҷомеа, мардумро рӯ дар рӯи якдигар қарор медиҳад. Пеш аз ин, ҳама шоҳиди таъқибу фишори аъзои созмони “Растохез”, Ҳизби Демократ, салафиҳо, ҲСДТ, ҲНИТ, ПМТ ва ҳамчунин таҳрики мусалмонони аҳли суннат алайҳи шиъаён аз сӯи ин режим буданд.
Режими Раҳмонов кишварро дар як доираи бисёр номусоиди ҷустуҷӯи душманони нав ба нав мекашонад. Ин, як доираи ваҳдати миллат ва рушди кишвар нест, балки доираи фиреб, эҷоди тарс, дуздӣ ва харобкорӣ аст. Мақомот тарсро ба ҷомеа тазриқ мекунанд, то иродаи ҷомеа барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва иззати худ ва пешрафту тағйир фалаҷ гардад.
Маъракаи нави саркӯбҳои густурда, чизе ҷуз як сигнал ба шаҳрвандон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нест мабнӣ бар ин, ки бидонед, интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар соли 2020 дар Тоҷикистон дар воқеъ баргузор нахоҳад шуд. Дар остонаи интихобот, нерӯҳои сиёсии қонунӣ кӯшиш доранд, то ҳимояти ҳамаи гурӯҳҳо ва бахшҳои таъсиргузори ҷомеаро ба даст оваранд. Ва ин қишри боздоштшуда яке аз таъсиргузортарин қишрҳои ҷомеа аст. Дар шароити интихоботи озод, ҳеч нерӯи сиёсии масъул даст ба таъқибу фишори чунин бахши қобили таваҷҷӯҳи ҷомеа намезанад. Дар канори ин, режими Раҳмонов дубора ба ҳар тариқ дар ҳоли эҷоди монеъа дар сари роҳи танҳо ҳизби мухолифи қонунии боқимонда — Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст.
Бинобар ин, режими Раҳмонов дар амал тасдиқ мекунад, ки интихобот дар соли 2020, монанди 27 соли гузашта, баргузор нахоҳад шуд, балки режим ба ҷинояти зиддиконститутсионии худ – яъне ғасби қудрат бо зӯр – идома хоҳад дод. Илова бар ин, дар шароити дастгириҳои густурда, ки ба як вазъияти фавқулода монанд аст, қонунӣ будани натоиҷи чунин интихобот зери суол меравад.
Илова бар эҷоди тарс дар ҷомеа, барои як режими фасодзада маъракаи кунунии саркӯбҳо метавонад як ҳадафи тиҷорӣ низ дошта бошад. Ин ҳамон равиши доду гирифт, ҳам дар сатҳи поин ва ҳам дар болотарин сатҳ – яъне дар сатҳи муносибот бо кредиторон ва, тавре, ки худи Раҳмонов дӯст дорад, бо “хоҷагони хориҷӣ” аст.
Озодӣ ва шарафи шаҳрвандон низ барои режими Раҳмонов ба ҳамон “моле” табдил шудааст, ки “сарзамин” ва “хок”-и Тоҷикистон ба он табдил шуда.
Паймони Миллии Тоҷикистон қотеъона аз мақомоти Тоҷикистон хостори таваққуфи саркӯб алайҳи дигарандешон, мутаваққиф кардани бозҷӯиҳо, шиканҷаҳо аст ва низ талаб мекунад, то маълумоти комил дар мавриди боздоштҳои ахир ва дастгиршудаҳоро дар ихтиёри мардум қарор диҳад, ҳамчунин дастрасӣ ба вакилони дифоъи мустақил ва мудофеъони ҳуқуқи башарро барои боздоштшудагон фароҳам созад, ва аз ҳама муҳим фавран боздоштшудаҳоро озод кунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
21.01.2020
Варшава
Рубрики:Баёнияҳо, Ҳуқуқи башар