Салом додарам, Эмомалӣ Шарипович!
Боз сӯҳбатамонро давом медиҳем. Гумон мекунам бо ибораи “лайк” хуб ошно ҳастӣ. Имрӯз ин ибора баробари ҷаҳонишавӣ ва дастрасӣ ба интернет хеле маъмул гардидааст. Вақте ба касе чизе ё фикри касе хушоянд бошад, лайкаш мемонад, яъне иброз медорад, ки “маъқулаш аст”, набошад, не. Акнун мардумро ту ва ҳатто вазири бехатарият Ятимов ҳам, ки худро ба назари бечораҳо “Азроил – 2” нишон доданист, маҷбур карда наметавонед то дар интернет ба чизи намехостаашон лайк монанд. Дидӣ, ки дар пурсишҳои мустақилонаи интернетӣ чун “пешво” дар муқобили оппонентҳои сиёсиат чӣ қадар лайк мегирӣ? Хеле кам! Барои ҳамин интернетрову шабакаҳои иҷтимоиро, ки аз доираи таъсират берунанд, дӯст намедорӣ ва мекӯшӣ мардумро бо ҳар роҳ аз ин неъматҳои пешравии технологияи ҳозиразамон маҳрум созӣ. Ин корат пӯшидани офтоб бо доманро ба хотир меорад, ки хеле хандаовар аст.
Лайкмонӣ як ишораи баръакс ҳам дорад: вақте ту ба касе маъқул нестӣ, ба мақолаҳое ва роҳбароне лайк мемонад, ки туро масхараву танқид мекунанд, паст мезанад ва ё баръаксат амал мекунанд. Медонӣ, тоҷикҳо имрӯз чаро ба амалҳои Мирзиёеви ҳамсоя, президентҳои Арманистону Украина ин қадар бисёр лайк мемонанд? Ин ишора ба туст, албатта, агар бифаҳмӣ! Бо ҳамин роҳ мардум аз ту “қасд” мегиранд, роҳат нишон доданӣ мешаванд, норозигиашонро нисбати туву сиёсатат иброз медоранд. Ин албатта, маъқулат нест. Аз ғазаб ҳабсхонаҳоро аз ҳисоби ин лайкмонҳои “беақл” пур-пуру лаболаб кардӣ, ҳама тӯҳматро ба пояшон печонидӣ то “гуноҳи” лайкмониашонро пардапеч кунӣ. Боз ки дар ҳабсҳона хӯрондаашон натавонистӣ, озодашон кардиву гуфтӣ “ман роҳбари боадолатам!”. Поинтар мегӯям, ки пушти ин саҳнаи дурӯғини “авф”-ат чӣ нақшаҳое доштӣ.
Ҳоло бисёр мехоҳӣ бидонӣ, ки мардум шабона дар кунҷи хонаашон чӣ гумонҳоро аз сар мегузаронанд. Аз ҳисоби буҷа (пули худи мардум!) аз Хитой асбобҳои чандмиллиондоллараи мавҷзанак мехарӣ, то ин ки мардумро аз шунидани ахбори алтернативӣ маҳрум кунӣ ва маҷбур созӣ, ки ба “барнома”-ҳои телевизионҳои дилбазанат бовар бикунанд. Ин телевизионҳоро ба минбари баромадҳои худат табдил додаӣ то ин ки ба чашми мардум хок пошида, боварашон кунонӣ, ки зиндагиашон “хуб” аст. Бо кунмагзакат (қисми думғозаи сутунмӯҳра, бо ибораи мардуми Рашт) фикр мекуни? Вақте дар хонаи як нафар нони хӯрданӣ нест ва аз нодориаш фарзанди бемораш пеши чашмаш мемурад, магар ба ин сафсаттаҳои туву думравонат оиди “Тоҷикистони пешрафта” ва “роҳбари муваффақ” бовар мекунад?
Саҳнаороии охиринатро бо паёми пучу бемаъниат тамошо кардаму бори дигар хулоса намудам, ки дар мавриди тамизи роҳбарии бе ин ҳам харобат чанд қадам қафо рафтаӣ. Дигар сухани нав надорӣ ва маразми пирӣ ба майнаи пучат бештар таъсир карда. Дар толор “тамошобинони тамаллуқкор”-ат бо либосҳои якхела нишаставу аз чапакзанӣ беҳузур шуданд. Он қадар чапак заданд, ки аз давраи рукуди Брежнев ҳам бисёртар. Гӯё ту роҳбари беҳтарини оламӣ ва халқат мардуми сарбаландтарину хушбахти олам бошад! Пас аз як чапакзании навбатӣ бо нигоҳи “оқилона” аз “тамошобинон” пурсидӣ: “Аз чапакзаниатон маълум, ки (аз баромад) розиед?”. Уфф! Чи бигӯянд? “Не, мо аз ин саҳнаороиҳо кайҳо безор шудаем?”. Агар метавонистанд, мегуфтанд! Агар мақомоти бехатариат онҳоро моҳҳо пешакӣ омода намекард ва ҳар чапакзаниро пешакӣ ёдашон намедод… Магар ин ҳама афсонаи арзони дилбазан ғашатро намеорад? Агар не, пас аниқ беморӣ! Худат дурӯғ гуфтаву худат ба он бовар мекунӣ, афандӣ Раҳмонов!
Мехоҳӣ, бигӯям, ки чаро тоҷикон ба муштзании Ҳабиб Нурмаҳаммадови доғистонӣ ин қадар лайки бисёр монданд? Барои чӣ шаби бозии охиринаш мавҷи ҷавонони хундарҷӯш аз хурсандӣ дар кӯчаҳои Душанбе қариб мошинҳои роҳро чаппа мекарданд? Ҳамон ишораи баръаксро, ки дар боло зикр кардам, ба хотир биёр. Ин нишонаи эътирозашон нисбати исломбадбинии туву командаат буд. Ва барқасди сиёсати ту Ҳабиби бегонаро, ки ҳар замон ангушт ба Аллоҳ ишора кардаву дар саҳнаи ҷаҳонӣ ғолиб омад, дастҷамъона дастгирӣ карданд! Нафареро, ки аз мусулмон буданаш ифтихор дошт! Боз чӣ хел ҳам иброз кунанд? Магар рӯирост сари роҳи туву командаи нимдевонаи мусаллаҳи зиддиҳиҷобатро, ки ҳар рӯз зану духтарони мардумро дар кӯчаҳо манъ карда, кашолакунон ба милисахонаҳо мебаред, гирифта метавонистанд? Шояд рӯзе кор то ин ҷо ҳам мерасад. Боре дар Душанбе шоҳиди он гаштам, ки роҳгузарони аз бедодгарии облавакунҳоят дарғазаб ҷавони ба чанги онҳо афтидаро кашолакунон озод карданд!
Вақте ин маҳбубияти Ҳабибро миёни шаҳрвандонат эҳсос кардӣ, ба фейкҳоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ “фас” гуфти. Якеаш бо сӯзу гудозу “ҳисси патриотизм” навишт: “Чаро ин қадар лайкро ба як доғистонӣ мемонеду ба Дилшод Назарови худамон не?”. Ва аз як корбари шабакаи иҷтимоӣ ҷавоби дуруст ҳам гирифту кадуяш аз бағалаш торсӣ афтода пора-пора шуд! Ин корбар дар ҷавоби суоли фейк чунин навишта буд: “Магар Дилшод Назаров ягон бор номи Аллоҳро ба забон овардааст, ки дастгириаш кунем?”. Магар ин ҷавоб нест ба туву гурӯҳи ҳиҷобкашакони бе пӯсти рӯят? Ва баромади бо сӯзу гудози фейкат ҳам ҳеҷ лайк нагирифту лайкҳои Ҳабиб даҳчанд шуданд. Боз чӣ ҷавоб мехоҳӣ? Ин ибрози бавоситаи норозигӣ аз туву сиёсати зиддидиниат аст. Вақте Сомон Маҳмадбекови ҷаҳонпаҳлавон дар телевизионат баромад кардаву бо забони русӣ аз “кӯмаки Аллоҳ” дар ғалабааш ёдрасӣ мекард, мардум боз ҳам лайкборонаш карданд. Ин аст дастгирии мардум ба Сомонбеку ҷавобашон ба сиёсати зиддимардумии ту. Инро норозигии хомӯшона мегӯянд!
Пуфакҳои бо ҳавои дурӯғ дамкардаат паиҳам мекафанд. Лайкҳо бошанд аз пӯстини бадбӯи ту чун кайк аз дихлофос мегурезанд. Вақте Истамову милисаҳои дигарат, ки ба хотири ҳифзи сиёсати номардумонаи ту ва бо фармони ту ба мардуми тоҷикистонӣ ситам мекунанд, шумораи лайкҳои бе ин ҳам камат камтар мешаванд. Магар онҳо бе ишораи ту амал доранд? Магар он ки милисаи дигарат ба журналисти арчаро суратгирифта гуфт “мо гурӯҳи зиддиҳиҷобро пуштибонӣ ва ҷавонони ин қонуншиканиро ба наворгирифтаро бо тӯҳмат ҷарима бастем”, дурӯғ гуфт? Мардум мегӯяд: “Ғариву дузди пушти саргини хар аст!”. Ва ин саргини харҳои ту дигар чизеро пӯшонида наметавонад.
Акнун баргардем ба холисозии ҳабсхонаҳоят, ки боз ҳам дар телевизионҳои бетамошобинат бо унвони “авф” рекламааш кардӣ. Ин асло дилсузӣ набуд, балки ҷой холӣ карди барои силсилаи ҳабсҳои навбатиат. Чӣ, дар “лоҳия”-ҳои ту фақат ҳабскунии шаҳрвандонат аст? Магар ҳама мардуми Тоҷикистон ҷинояткоранд ба истиснои туву авлодат? Магар ҳама устодони донишгоҳҳоят, ки ҳуруфи ниёгонамонро хонда метавонанд, аъзои гурӯҳҳои ифротиянд? Ва ё журналисте, ки ислому ифротгароиро бо ҳам алоқаманд намедонад, ҷомеаро бар зидди ҳам мегузорад? Магар ин ту нестӣ, ки ба хотири рӯи вазифа истодан миёни мардуми мазҳабӣ ва дунявии худат девори чинӣ бардоштаиву ҷомеаро зидди ҳам шӯр меандозӣ? Магар дар ҷомеаи тоҷик аз туву командаат гурӯҳи ифротитаре ҳаст? Маълум аст, ки зиндон дигар “страшилка”-и ту гаштааст. Он ҷо ҷаллодон дорӣ ва дар асри 21 мехоҳӣ бо нишон додани бераҳмият чашми мардумро битарсонӣ, махсусан пеш аз ду интихоботи дарпешистода.
Бо он ки аксари мардуми тоҷик мазҳабиянд, ҳеҷ коре карда наметавонӣ. Вақте Ленину Сталин тавассути машинаи пурқудрати давлатиашон, бо фавҷи ҳабсу кушторҳои даҳшатафкан ин нақшаи идеологиашонро амалӣ карда натавонистанд, аз дасти туи бекаллаву бе идеология чӣ ҳам меояд? Ин ҳақиқати воқеиест, ки қонунҳои рушди худро дорад ва туву командаи хушомадгӯёнат ба ин наздикиҳо онро сарфаҳм намеравед.
Боз баргардем ба сари лайк. Овоздиҳӣ дар интихобот ҳам монанди лайк мондан аст. Оҳ, агар овоздиҳӣ тариқи онлайн мебуду натиҷаҳои интихоботро мошинҳо ҳисоб мекарданд, мисат мебаромаду дар парлумон депутатҳои худиатро, ҳамон лухтакҳои дар дасту по риштадоратро ҷой дода наметавонистӣ, то ин ки борҳои аз хориҷа воридсохтаи Рустамҳову Озодаҳоятро аз боҷи гумрукӣ озод кунанд! Ва касеро низ аз авлодат ба курсии президентӣ наметавонисти бишинонӣ! Хуб, бо тарс дар дилат ҳама мардуми озодандешро ҳабс бикун, ҳарифони сиёсиатро аз саҳна дур бисоз, натиҷаҳои интихоботро тақаллуб кун ва боз як ҳукумати раҳмонӣ бисоз! Вале, рӯзе пеши он Раҳмон, Раҳмони воқеӣ, ки ҳама тақаллубу хиёнататро ҳатто пушти пардаҳои сиёҳи Ятимоват ҳам мебинад, бо кадом лайкҳои гирифтаат ҳисобот хоҳӣ дод? Он ҷо ҳам лайкҳои гирифтаат шафоатат мекунанд. На командаи яроқбадастоне, ки омодаанд барои дар тахт монданат ҳама мардуми Тоҷикистонро бикушанд. Яъне боз ҳам аз лайки мардуму марҳамати пуштибони воқеияшон вобастаӣ.
Ту он президенти “интихобкарда”-и мардумӣ, ки миёни туву халқат ҳамеша панҷараҳои оҳанин местанд: ё атрофи дафтари кории ту ё атрофи мардуми озодандеше, ки дар ҳабсхонаҳо ҷояшон медиҳи.
Пока, Шарипович! То сӯҳбати навбатӣ.
Бо эҳтиром
Исломиддин Садиров,
нафақахӯр, ветерани меҳнат
Манбаъ: Payom.net
Рубрики:Дидгоҳ