Эъломияҳо

СММ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кард раҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро фавран озод кунад

Ба гузориши сомонаи Ахбор, гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.

Бино ба хулосаи СММ, “хеле рӯшан аст, ки… заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани онҳо аз ҳаққашон ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст.” Гурӯҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи 11 узви ҲНИТ-ро озод кунад.

Бо петитсия ба гурӯҳи кории СММ аз номи 11 раҳбари дар тирамоҳи соли 2015 боздоштшуда ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон (аз ҷумла ба ҳабси умрбод) маҳкумшудаи ҲНИТ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now ва ҳуқуқдонҳои ширкати байналмилалии ҳуқуқии Hogan Lovellsмуроҷиат карда буданд. Петитсия ба Созмони Милал аз номи ин аъзои ҲНИТ ироа шуда буд: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматулло Раҷаб, Зубайдулло Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдулқаҳҳор Давлатов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Шариф Набиев ва Абдусамат Ғайратов.

Тибқи гузориши сомонаи Ахбор, дар бораи хулосаи гурӯҳи кории СММ дар мавриди парвандаи 11 узви ҲНИТ рӯзи 11 феврал дар сомонааш Freedom Now хабар дод.

«Мо аз хулосаи Гуруҳи корӣ истиқбол мекунем”,- изҳор дошт мудири иҷроияи Freedom Now Маран Тернер (Maran Turner) — «Аз замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби маъракаи густардаи сиёҳ кардани ҳизбҳои сиёсии мухолифини осоишта роҳбарони ҲНИТ-ро дастгир ва зиндонӣ кард, 1600 рӯз гузашт. Идомаи боздошти ин 11 нафар аз ҷониби ҳукумат ҳуқуқи аслии инсонии онҳо, аз ҷумла ҳуқуқашон ба озодии гирдиҳамоиро поймол мекунад. Freedom Now аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки фаъолони ҲНИТро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад.”

Freedom Now менависад, ки маъруфияти дар ҳоли афзоиши ҲНИТ режими ҳокимро тарсонд ва ҳукумат ҷиҳати беобрӯ кардану аз саҳна рондани ҲНИТ иқдом кард.

16 сентябри соли 2015 бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулот 13 узви роҳбарияти ҲНИТ дастгир шуданд.

Freedom Now таъкид мекунад, ки ҳукумат ягон далели даст доштани аъзои ҲНИТ дар кӯшиши табаддулотро наовард, вале наздикони боздоштшудаҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон хабар доданд, ки онҳоро дар боздошт дар инзивоъ нигоҳ медоштанд ва шиканҷа мекарданд.

Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона дар хулосааш аз хабарҳо дар бораи шиканҷа изҳори нигаронии амиқ карда ва ин парвандаро барои идомаи таҳқиқ ба Гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа супурдааст.

Алакай рӯзи 29 сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо қарори худ фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар манъ кард. Баъди чанде ин ҳизбро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карданд.

Моҳи феврали соли 2016 Додгоҳи олӣ дар пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи КДАМ муҳокимаи парвандаи роҳбарони боздоштшудаи ҲНИТро оғоз кард. Freedom Now хабар медиҳад, ки дастикам ду шоҳидро ба додани баёнот ба зидди аъзои боздоштшудаи ҲНИТ маҷбур кардаанд ва яке аз онҳо гуфтааст, ки бо фишори мақомот баёнот додааст.

Бо ин вуҷуд, рӯзи 2 июни соли 2016 Додгоҳи олӣ роҳбарони ҲНИТро ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон – аз 14 сол то ҳабси абад – маҳкум кард. Ду муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ҳукми умрбод гирифтанд.

Гуруҳи кории СММ дар хулосааш таъкид кардааст, ки азбаски ҳуқуқи аслии роҳбарони ҲНИТ поймол шуда буд, «мурофиаи додгоҳӣ набояд доир мешуд». Созмони Милал дар идома изҳор дошт, ки мурофиае, ки доир шуд, «бо нақзи комили кафолатҳое, ки дар Паймони байналмилалии озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ гардидаанд, доир карда шудааст.»

Freedom Now ёдовар шудааст, ки моҳи майи соли 2019 дар ҷараёни ошӯби хунин дар маҳбаси Ваҳдат аз ҷониби аъзои ДОИШ дастикам се узви ҲНИТ, аз ҷумла Саттор Каримов, ки исмаш дар петитсияи ахир ба СММ зикр мешуд, кушта шуда, чанд узви дигари ҲНИТ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

«Муваккилони мо ҳамчунон аз шароити риққатбор дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки ҳаёти онҳоро зери хатари бузурги маъюбшавӣ ва марг мегузорад, азоб мекашанд», — мегӯяд Марк Готтриҷ (Marc Gottridge), шарики ширкати ҳуқуқии Hogan Lovells — «Созмони Милал рӯи сабабҳои рӯшани башарӣ ва ҳуқуқие таъкид кардааст, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон бояд билофосила аъзои ҲНИТро аз зиндон озод кунад? Мо ба таври қотеона аз ҳукумат даъват мекунем, ки ин қарорро иҷро кунад».

Freedom Now ва Hogan Lovells ба ҳайси мушовири байналмилалии маҷҷоннии 11 роҳбари ҲНИТ, ҳамчунин муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит фаъолият мекунанд. Моҳи майси соли 2018 Гуруҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона алакай қарор бароварда буд, ки боздошти Ҳайит нақзи ҳуқуқи байналмилалист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то ӯро билофосила озод кунад. Freedom Now ва Hogan Lovells ҳамчунин аз узви ҲНИТ Саттор Каримов (Махсуми Абдусаттор), ки дар ошӯб дар зиндони Ваҳдат кушта шуд, намояндагӣ мекунанд ва дар садади омода кардани муроҷиат ба Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал будаанд, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба нотавонӣ дар амри таъмини амнияти Саттор Каримов дар зиндон айбдор карда мешавад.

Тиӣбқи гузориши сомонаи Ахбор, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба хулосаи ахири Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона дар робита ба қазияи 11 роҳбари зиндонии ҲНИТ вокуниш накардаанд. Аммо дар шарҳи даъватҳои қаблии идораҳои СММ ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров, мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки хулосаҳои СММ табиати тавсиявӣ доранд ва Тоҷикистон муваззаф нест, ки онҳоро иҷро кунад. Мақомоти Тоҷикистон иддао мекарданд, ки дар қонунгузории кишвар механизми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрвандон бар асоси қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бар асоси хулосаҳои Созмони Милал аслан пешбинӣ нашудааст.

Идораҳои Созмони Милал дар соли 2018 аз ҳукумати Тоҷикистон озодии билофосилаи Маҳмадалӣ Ҳайит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров ва пардохти товон барои боздошт ва ҳукми ғайриқонунии онҳоро дархост карда буданд.

Рубрики:Эъломияҳо, Ҳуқуқи башар

Помечен как:,

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s