(Чанд мулоҳиза атрофи “суботофаринии” А. Раҳнамо)
Ба қалами Бобоҷон Қаюмов
Пеш аз онки ба мақолаи Абдулло Раҳнамо бипардозем бояд ба як нукта ишора кунам. Мавқеъгирии ПМТ дар баробари интихобот агарчӣ вокунишҳои мусбату манфии зиёдеро ба вуҷуд овард, аммо он таи як баҳси ҷиддӣ гирифта шуд. Аз ҷумла ман ва чанд нафари дигар мухолифи ин мавқеъ будем ва далел ҳам ҳамингуна суистифодаи ҳукумат аз мавқеъи ПМТ буд. Аммо бо тарафдории аксарият дар Шӯрои ПМТ ин тасмим гирифта шуд ва мо ҳам қабул кардем.
Ба назар мерасад ҳукумат мунтазири чунин тасмимгирии мухолифон набуд. Зеро билофосила ба ин тасмим вокуниш нишон дод. Шояд муаллиф таъкид намоянд, ки ин ҷавоби ҳукумат нест ва таҳлили шахсии ӯст. Аммо вокуниши шахсияти дигаре ба мисли Раҳим Каримов ба мавқеъгирии ПМТ, ки бо Раҳнамо дар як команда ба Варшава сафарбар шуда буданд, далели гуфтаи мост.
Ҳукумат бо ин кораш мехоҳад чунин вонамуд кунад, ки мухолифонашро метавонад аз тариқи мухолифини собиқ машғул созад ва корашро идома диҳад. Вагарна бо шинохте, ки аз Абдулло Раҳнамо дорам ӯ дар шароите нест, ки ба чунин корҳо бипардозад. Аз тарафе ҳам боварӣ дорам, ки барои Раҳнамо аз ҳама аламовар он аст, ки ӯро дар ҳадди Мулло Абдураҳим поин овардаанду ҳардуро дар як команда қарор додаанд. Аз тарафи дигар, истифода аз “перебежчикҳо” ҳамеша яке аз василаҳои қавии пропаганда будаасту боқӣ мемонад. Арзиши суханҳои Мулло Абдураҳим ва Раҳнамо барои дастгоҳи пропагандаи ҳукуматӣ бештар дар он аст, ки замоне дар сафи мухолифин буданд, на дар муҳтавои он. Раҳнамое, ки ман мешиносам ин масоилро хуб дарк мекунад, вале намедонам чӣ ӯро ба ин кор маҷбур кардааст.
Ҳоло мепардозем ба навиштаи Абдулло Раҳнамо.
Оё ПМТ интихоботро эътироф кардааст?
Яке аз нуктаҳои аслии мақола ҳамин нукта мебошад, ки гӯё мухолифон интихоботро эътироф карда бошанд. Аммо дар баёнияи ПМТ дақиқан ин ҷумла омадааст, ки “Мо огоҳем, ки имрӯз дар кишвар барои интихоботи озод ва шаффоф ҳеч гуна шароит вуҷуд надорад ва мақомот натиҷаҳои интихоботро ба манфиати худ, бар хилофи натоиҷи воқеӣ, тағйир медиҳанд ва тақаллуб мекунанд”. Ин ба он маъност, ки мо ба шаффофият ва демократӣ баргузор шудани интихобот аслан бовар надорем. Ҳимоят аз ҲСДТ ба хотири он буд, ки ин ягона ҳизби мухолиф дар кишвар мондааст. Тарафдорони ҳимоят аз ҲСДТ дар Шӯрои раҳбарии ПМТ таъкид доштанд, ки чигунае дар изҳорот омадааст, интихобот ягона василаи қонунӣ дар дасти мардум барои ташкили ҳукумат ва интиқоли мусолиматомези қудрат аст. Интихобот охирин василаи мусолиматомези боқимонда дар ихтиёри мардум аст, то битавонад аз тариқи он ҳукуматро, ки ҳаққи қонунии онҳост аз диктатор ва дастгоҳаш бигиранд. Роҳбарияти ПМТ ҳам борҳо таъкид кардааст, ки ҷонибдори муборизоти сиёсии мусолиматомез буда ва ҳаст.
Аз тарафи дигар барномаҳои ПМТ бо ҲСДТ хеле ба ҳам низдиканд ва барқарор намудан ё ҳимоят аз сохти конститутсионӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи ҳарду гурӯҳ аст.
Ҳадафи дигари ПМТ аз ибтидо муттаҳидсозии тамоми қишрҳои ҷомеа барои ташкили як ҷомеаи адолатмеҳвар ва баробарҳуқуқ будааст. Ҳукумати диктатории имрӯза бо шиори «ваҳдати миллӣ» мехоҳад ҳатто байни неруҳои мухолифин ҳам тафриқа ва парокандагӣ эҷод кунад, зеро дар ин ҳолат саркуби мардум ва идораи ҷомеа аз роҳи таҳдиду фишор осонтар мегардад. ПМТ мехоҳад аз камтарин василаи мусолиматомез барои таъсиррасонӣ бар равандҳои ҷорӣ дар кишвар истифода намояд.
Далели дигар ин аст, ки ПМТ бо ин баёнияи худ на ин ҳукумати ғайриқонуниро, балки ниҳоди интихоботро ҳамчун василаи қонунии интиқоли қудрат ба расмият шинохтааст.
Раҳбарияти ПМТ бовар дорад, ки ширкати фаъолонаи мардум дар интихобот барои рушди фарҳанги муборизаи сиёсии мусолиматомез ва муосир муфид хоҳад буд. Ба бовари мо даст кашидан аз хушунат қавитар аз худи хушунат аст ва ҳамин воқеият ҳукуматро ба ҳарос андохтааст.
Инро ҳам медонем, ки агар мо интихоботро таҳрим мекардем худи муаллиф боз ҳам аввалин шуда моро муттаҳам ба он мекард, ки то вақте дар дохил будем дар интихобот ширкат мекардем ва ҳоло чун дар хориҷ ҳастем ҲСДТ ва Зоировро танҳо гузоштаему ба онҳо пушт кардаем. Ҳоло ҳаминки ҲСДТ ҳамчун як неруи солим ҷасорат кардаасту бо вуҷуди ин ҳама таҳдиду фишору тақаллуб дар интихобот ширкат мекунад, Паймони Миллӣ ҳам аз он ҳимоят кард.
Инро ҳам медонем, ки ҳукумат омода буд дар сурати бойкот кардани интихобот боз ҳам моро муттаҳам ба ифротгароӣ ва бовар надоштан ба интихоботу равандҳои мусолиматомез кунад.
Ба ҳар сурат ҳимояти ПМТ аз ҲСДТ ин ҳимоят аз интихобот ва машруъ донистани он нест, балки ба маънои ҳамоят аз як неруи созанда ва солим ва ҳифзи ҳамбастагӣ байни мухолифон дар дохилу хориҷ ва бори дигар нишон додани тақаллубу сохтакориҳои ҳукумат аст.
Оё мардум дар ин интихобот ширкати васеъ хоҳанд дошт?
Нависанда дар ин масъала кушиш кардааст тамоми эҳтимолотро ба нафъи ҳукумат шарҳ диҳад ва ҳеҷ ҷои суоле боқӣ нагузорад. Ин худ далели нигаронии мақомот аз ширкати мардум аст. Яъне ҳукумат ҳоло дар як ҳолати таъоруз қарор дорад. Ҳам аз ширкати зиёди мардум хавф дорад, ки мабодо аксарият ширкат кунанду ба ҲСДТ раъй диҳанд ва ҳам аз ширкати ками мардум нигарон аст, ки машруъияти онро зери суол мебарад. Ва аз ҳоло талош доранд барои ҳарду ҳолат далел битарошанд.
Агар диққат кунед худи нависанда ҳам ба як нуктаи дигар хеле ишораи аҷиб кардааст.( Албатта, дар навиштаҳои худ ингуна коршиносон талош мекунанд ҳангоми табақабандии кишварҳо аз вожаи “кишварҳои демократӣ” камтар ва аз вожаи “диктотурӣ” умуман истифода накунанд ва ба ҷои он калимаи “субот”-ро истифода кунанд. Дар ҳар куҷое аз матнҳои ин қабил коршиносон калимаҳои “ кишварҳои амниятмеҳвар” ё “ давлатмеҳвар” ва мисли ҳаминро хондед, бидонед «ки манзур ҳамон диктотурӣ аст», ки аз истифодааш шарм мекунанд ё метарсанд). Дар кишварҳои демократӣ маъмулан теъдоди ширкаткунандаҳо хеле кам ва дар ҳадди 30 то 40% аст. Аммо дар кишварҳои бесубот (диктаторӣ) ширкат гӯё зиёд аст. Ин як навъ эътироф аст, ки дар кишварҳои диктаторӣ чун интихобот шаффоф намегузарад маъмулан 90% дар он ширкат мекунанд ва мисли кишвари мо 80% ба як шахс ва ба як ҳизб раъй медиҳанд. Диктаторҳо онқадар худхоҳанд ва метарсанд, ки ҳамеша бо тақаллуб ҳам бошад мехоҳанд худашонро маҳбуби мардум нишон диҳанд. Вагарна ҳар инсони соҳибақл мефаҳмад, ки дар ягон интихоботи дунё 80 ё 90% мардум ширкат намекунад.
Кадом неъмат ва кадом лаззат?
Солҳое, ки дар Аврупо хушунат алайҳи бонувон дар хиёбонҳо ба авҷи аъло расид, равоншиносон ҷумлаеро нимшухиву нимҷиддӣ вориди гуфтугӯи мардум ва зеҳни ҷомеъа карданд: “Агар мебинӣ, ки пеши роҳи таҷовузро гирифта наметавонӣ, талош кун аз он лаззат бибарӣ”. Мавқеъи бархе коршиносони “амниятмеҳвар”-и кившари мо ҳам дақиқан чунин аст. Як гурӯҳ моликияти мардумро гоҳ бо номи роҳи пулакӣ ва гоҳо бо ҳар номи дигар ҳамарӯза медузданд, сол ба сол озодиҳои мардум тангтар ва тангтар мешавад, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бадтару бадтар шуда истодааст, фирори мағзҳо ва нерӯи корӣ аз кишвар идома дорад ва дар умум, раванд ба самти буҳрон аст. Ин гуна ҳолатро ҳар одами бетараф “буҳронӣ“ ном мениҳад ва ҳар одами зарардида (яъне, аксари аҳолии Тоҷикистон) “таҷовуз”. Танҳо як гурӯҳи хурд ҳастанд, ки аз ин ҳолат “лаззат” мебаранд ва дигаронро ҳам талқин мекунанд, ки ин “ неъмат”-у “лаззат”-ро ҳис кунанд. Дар Кореяи Шимолӣ мардум аз тарафи чунин идеологҳо аллакай ба ҳаде расонида шудаанд, ки на танҳо аз амали “лаззатбахши” ҳукуматашон ба ваҷд меоянд, балки баробари ӯро дидан зану мардро экстаз фаро мегирад. Ва хуб ҳам ҳаст, ки дар Тоҷикистони мо ҳанӯз кор ба ин ҳад нарасида ва ҳастанд касоне, ки ба Раҳнамо ва амсоли онҳо бигӯянд, ки “ ончиро, ки шумо аз он лаззат мебаред, мо онро “таҷовуз” меномем, таҷовуз ба давлат, миллат ва каромати инсонӣ.
Худи нависанда хуб медонад, ки дар як кишвари босубот мардумаш ҳаргиз ба хотири андешаҳои мухолифашон зиндонӣ намешаванд. Як кишвари босубот ҳаргиз аз тарафи як шахс ва як хонавода идора ва заминаш ба ҳамсоя дода намешавад. Дар як кишвари босубот сарвату имконоти кишвар дар ихтиёри як хонавода ё як гурӯҳи маҳдуд қарор надорад ва мухолиф ҳамчун рақиб ва шарик дониста мешаваду душману хоин муаррифӣ намегардад. Агар “неъмати суботи” шумо ҳамин бошад, ки дар ҳар низоъи сарҳадӣ ақибнишинӣ кунеду заминро ба тарафи муқобил вогузор пас он чи суботест?
Умуман, субот як ҳолати бештар марбут ба вазъи дохилии (руҳӣ, равонӣ ва итминони хотир) инсон ва ҷомеъа аст,ки устувор ва давомнок бошад. Ончиро, ки коршиносони мо ҳамчун “субот” мехоҳанд муаррифӣ кунанд, бештар амният аст, ки тавассути силоҳ, нерӯ ва гоҳо хушунату зуроварӣ ҳам таъмин мешавад. Чуноне, ки Толибон ҳам чанд соле дар Афғонистон бо зӯр амниятро то ҳадде таъмин карданд, ки то ҳол бархе орзӯи оромиш ва амнияти он солҳо дар Кобулро мекунанд. Аммо, чун субот набуд, ин амнияти шикананда дер давом накард. Субот бештар ба иқтисоду иҷтимоиёти пешрафта, озодиҳои инсон ва тавозуни қудрат дар дохили як ҷомеъа рабт дорад, аз онеки ба неруи пулис ва зиндону ҳабс рабт дошта бошад. Субот дар Олмон аст, ки хонум Меркел баъди суханронии пурҳарорат ва кубандаи вакили ҳизби мухолифаш дар Парлумон бо табассум дасти ӯро мефишурад ва ӯро зиндонӣ намекунад. Вақте як миллатчии олмонӣ чанд тан муҳоҷирро тирборон мекунад, ҳукумати Олмон мавҷи ҳабсу зиндонкунии тамоми авлоду қабилаву дустони он террористро оғоз намекунад, балки коре мекунад, ки ҳеҷ инсони дигар камтарин осеби равонӣ, ҳуқуқӣ ва молиро набинад. Инро мегӯянд роҳбари як кишвари пурчолиш, вале босубот. Он чизе, ки мо дар Тоҷикистон мебинем, амният аст, на субот. Ва он ҳам амнияти шикананда, ки метавонад ҳар лаҳза барҳам хурад. Таҳлили хабарҳои то имрӯз нашргашта дар сарчашмаҳо ошкор нишон медиҳад, ки ҳатто дар дохили хонавода ва гурӯҳи ҳоким субот вуҷуд надорад, чӣ расад ба ҷомеъа.
Нуктаи дигаре ҳам, ки муаллиф ишора кардааст, ин “белаззатии” ин интихобот аст. Яъне ӯ медонад, ки ин интихоботе, ки ҳама чизаш аз пеш маълум аст, лаззате ҳам надорад. Аммо мехоҳад чун аз дасти мардум коре барнамеояд аз ин «белаззатӣ» ҳам лаззат баранд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки “Тоҷикистон марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдориро асосан ҷамъбаст карда ба марҳилаи оддию ороми рушд мегузарад”, аммо ӯ дақиқан наменависад, ки он кадом навъи давлатдорист? Давлатдорие, ки дар он як оила ҳукумат мекунад дар илми сиёсат чӣ ном дорад? Магар дар ихтиёри як хонавода ва як Пешво гузоштани тамоми қудрат эҳёи давлатдорист?
Мутаассифона дар ҷомеаи мо ҳамин назарияпардозону идеологҳои беҷасорати манфиатталаб сабаб шуданд, ки тамоми арзишҳои инсонӣ қурбони мафҳуми мубҳаме ба номи “амнияти миллӣ” шаванд. Гӯё онҳо ба хотири амният аз арзишҳо чашм пушидаанд. Мисле, ки нависанда фаромӯш кардааст, ки дар ҷомеае, ки арзишҳои инсонӣ поймол шаванд ҳаргиз амният ва оромиш вуҷуд надорад. Барои мисол мусодираи сармояи тамоми сарватмандоне, ки ба хонавода вобаста нестанд маҳз бо ҳамин шиори амнияти миллӣ роҳандозӣ шудааст. Яъне аз нигоҳи онҳо агар сарвату имконоти кишвар дар ҷомеа барои ҳама баробар шаваду аксарият сармоядор шаванд суботу оромиши ҷомеа ва амнияти миллӣ ба хатар меафтад. Ба ҳамин хотир он бояд дар дасти хонавода ва гурӯҳҳои наздик ба хонавода бошад. Ин аст идеяи миллии давлатсозони ҷадид.
Муаллиф менависад: “он назарияи машҳур, ки демократия ва либерализм худ суботро таъмин мекунанд, на ҳамеша исботи худро ёфтааст. Бинобар ин, вобаста ба вазъияти таърихӣ, гоҳо бояд аз ин ба он ҳаракат намуд». Ба бовари ӯ диктатура ва пешвосозӣ дар ҷомеа субот ва демократияву либерализм бесуботӣ меоваранд. Аммо таъоруз дар ин навишта замоне равшан мешавад, ки менависад: «риояти тавозуни ҳассос байни «ҳифзи субот» ва «татбиқи арзишҳои демократӣ» ва дар ин миён, таъмин намудани «рушди устувор» на танҳо вазифаи ҳаётӣ, балки формулаи асосии рушди давлатдории Тоҷикистон дар ин марҳилаи таърихӣ мебошад”. Вақте аз нигоҳи як нафар демократия ва либерализм дар ҷомеа субот намеоварад, балки пешвосозӣ амнияту субот меоварад ва барои давлатсозӣ амният муҳимтар аз озодиву демократия ҳаст тавозун байни он ҳамине хоҳад буд, ки мо мебинем.
Ба иборати дигар бояд ошкортар гӯфт, ки дар куштори тамоми зиндониёни бегуноҳ, шиканҷаи ҳар як гумонбар, мусодираи дороиҳои ҳар як дигарандеш ва ҳатто фарди оддии бегона ба хонавода ва садҳо ҷинояти дигар ин идеологҳо ва стратегҳо шарики ҷурм ҳастанд. Зеро маҳз ҳамингуна формулаву идеологияи рушди давлатдорӣ ҳаст, ки ба мақомот чунин ҷасорат ва машруъияти дуруғин додааст. Ба иборати дигар бо баҳонаи “формулаи рушди давлатдории миллӣ” тамоми ҷиноят ва зулмро ҷоиз ва раво сохтаанд.
Тағйири давлатдорӣ ё волоияти қонун?
Мутаассифона дар ин мақола як иттиҳоми дигар ҳам ба қишри бузурги мардум ворид шудааст. Гӯё то ин замон кадом нерӯе пояҳои арзишии давлатро ба баҳс мекашидааст. Ӯ дониста иттиҳоми онро мезанад, ки гӯё дар гузашта кадом неруе қасди тағйири давлатдориву низоми арзишии кишварро доштааст. Иттиҳоме, ки ҳатто худи нависанда ҳам ба он бовар надорад. Дар ҳоле, ки хуб медонад, ки баҳси неруҳои мавриди назараш на бар сари тағйири давлатдории миллӣ ва низоми арзишии кишвар, балки бар сари ҳоким шудани арзишҳо ва волоияти қонун буд ва ҳаст. Ҳоло ҳам ин иттиҳом аз ҷониби фермаи ҷавоб гоҳ гоҳе садо медиҳад.
Иддаои хусусияти технократӣ, ислоҳталабӣ ва барномамеҳварии интихобот ҳам як иддаои бедалели дигари муаллиф аст. Ӯ хуб медонад, ки ҷуз ҲСДТ ҳеҷ ҳизбе барнома ва зарфияти рақобат дар интихоботро надорад. Инро тамоми миллат медонад чи расад ба стратегисте мисли муаллифи мақола. Фирори намояндаи ҳизби ҳоким аз дебат бо намояндаи ҲСДТ далели ошкори ин гуфтаҳост. Беҳтар аст ин стратегисти ҳукумат белаззатии интихоботро ҳам дар ана ҳамин фирорҳои намояндагони ҳизби ҳоким аз дебат ва ҳатто аз посух додан дар шабакаҳои иҷтимоӣ биҷӯяд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғоти интихоботӣ ва вазъияти интернет
Муҳимтарин нукта дар бораи таблиғот ин аст, ки ҳаргиз адолат ва баробарӣ дар истифода аз имконот риоя нашудааст ва намешавад. Ҳоло муаллиф иддао дорад, ки фазои интихоботӣ гарм асту хиёбонҳо пур аз аксу лавҳи таблиғотии номзадҳо шудаанд. Дар ҳоле, ки хиёбонҳо ва кучаҳои шаҳр дар тамоми сол пур аз акси раиси ҲХДТ будааст ва ҳоло дар ҷойҳои поинтар аз акси ӯ акси чанд номзади дигар ҳам пайдо шудааст. Акси номзадҳо дар як муддати кӯтоҳ ҳатто на дар баробари акси раиси ҲХДТ, балки поёнтар аз он қарор мегиранд, ки худ далели ноадолатӣ ва нобаробарист. Инки дар телевизиони давлатӣ ҳам ҳамеша таблиғи раиси ҲХДТ ҳаст магар мантиқӣ ва баробарӣ дар истифода аз имконот аст? Чаро телевизион байни номзадҳо ё раисони ҳизбҳо як дебат баргузор намекунад? Ба назар мерасад муаллиф пахши дебат ва гуфтугӯ байни раисони аҳзоб ва ё намояндагони аҳзобро ҳам хатар ба амнияти миллӣ мешуморад. Вале дар ҳоле дам аз шабакаҳои иҷтимоӣ мезанад, ки интернетро дар кишвар комилан заиф кардаву аксарияти сомонаҳои озодро дар ҳолатҳои ҳассос мебанданд.
Бо вуҷуди ин ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷуз чанд нафар омода нестанд бо мардум рӯ ба рӯ суҳбат кунанд. Боз ҳам чанд номзадеро мухолифон бо роҳҳои мухталиф ба шабакаҳои иҷтимоӣ кашиданд, ки шояд ин кор ҳам аз нигоҳи муаллиф таҳдид ба амнияти миллӣ қаламдод шавад.
Созмонҳои байналмилалӣ ё ниҳодҳои хадамоти махсус?
Нуктаи қобили таваҷҷӯҳи дигари мақола дар бораи созмонҳои байналмилалӣ аст. Нависанда дар ибтидо ширкати онҳоро далели «муҳим ва қонунманд» будани интихобот медонад, вале назари баъдии онҳоро зуд зери суол мебарад. Ҳадаф аз ин кор чист, аксари хонандагони огоҳ хуб дарк мекунанд. Зеро то ҳол дар кишвари мо ягон интихоботи шаффоф ва ҷавобгӯ бо меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашудааст. Муаллиф бо огоҳӣ бар ин ки инбор ҳам интихобот шаффоф нахоҳад гузашт, таъкид мекунад, ки аз созмонҳои байналмилалӣ набояд ҳарос дошт. Ба хотири зери суол бурдани назари онҳо ҳатто онҳоро ба ҷосусӣ ва дар хидмати кадом як хадамоти ҷосусӣ будан муттаҳам мекунад. Ин нуктаро ҳам фаромӯш накардааст, ки агар назари ҳар кадоме аз онҳо мутобиқи майли ҳукумат бошад қобили қабул аст ва ҳатто мавқеъи шарикони стратегии кишвар муҳимтар аз назари созмонҳои байналмилалӣ аст. Ин ба он маъност, ки агар созмонҳои байналмилалӣ чизе ҳам гуянд муҳим нест, муҳим хостаи Пешво, аммо ба номи манфиати миллӣ аст. Муаллиф огоҳона ё ноогоҳона, мавзӯъи муҳиммеро ошкор кардааст. Чун бовар дорад, ки ҳама созмонҳои байналмиллалӣ дар хидмати хадамоти ҷосусӣ ҳастанд (назарияи маъруфи тавтеъапиндорӣ), ногузир медонад, ки Тоҷикистон ҳам бояд ҳамингуна созмонҳои байналмиллалиро таъсис диҳад ва ё ба онҳое ворид шавад, ки дар хидмати хадамоти ҷосусии кишварҳои “шарик” ҳастанд. Бо ин эътирофи зимнӣ, ки ҳама чизро таъсисшуда аз тарафи хадамоти ҷосусӣ ё дар хидмати он хадамот мебинад, суол ба вуҷуд меояд, ки оё тараф бо ин гуфта дар фикри сафед кардани худ нест? Чун ҳама чунин ҳастанд, пас чӣ бадӣ дорад, ки мо ҳам бошем?
Хулоса
Аз ин навишта метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин бор ҳам интихобот ғайришаффоф ва бо тақаллуб хоҳад гузашт. Ҳукумат дар ояндаи наздик аслан ба фикри ҳеҷгуна арзише нахоҳад буд. Саркуби дигарандешон ва қабза кардани қудрат дар дасти як нафар идома хоҳад дошт. Бо ин формулаи давлатсозӣ, миллатсузӣ то замоне, ки ин ҳукумат ҳаст идома хоҳад дошт. Шиканҷа, таҳқир саркуб ва ҳар навъ ҷинояте бо баҳонаи амнияти миллӣ барои ҳукуматдорон муҷоз хоҳад буд.
Аммо ин савол ҳам ба зеҳн мерасад, ки бо чунин формулаи даҳшатноки давлатсозӣ дар чанд соли баъд ҳоли миллат чӣ хоҳад шуд? Формулае, ки бо он мехоҳанд давлат бисозанд, миллатро тарсу, беҷуръат, муҳоҷир, овора ва саргардон кардааст. Формулае, ки тоҷикро дар тамоми дунё ифротиву экстремисту террорист муаррифӣ кардааст. Формулае, ки миллатро ғуломи як хонавода кардааст.
Оё ин идеологҳои «формуласоз» бо дидани ин ҳама бадбахтиву мушкилоти мардум азоби виҷдон намегиранд? Ё инки аз ноилоҷӣ аз ҳолати мавҷуд “лаззат” мебаранд?