Субҳи рӯзи душанбе (16 март) ба ҷони раҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), Илҳомҷон Ёқубов, сӯиқасд сурат гирифт ва Ёқубов аз он ҷон ба саломат бурда, дар ҳоли ҳозир дар бемористон қарор дорад.
Тибқи гузориши сойти Паём, ҳамла ба ҷони ӯ субҳи рӯзи душанбе (16 март, тақрибан соати 9 то 10 субҳ) дар шаҳри Каунуси Литва, ки Илҳомҷон Ёқубов дар онҷо зиндагӣ мекунад, сурат гирифта. Бар асоси гуфтаи худи Илҳомҷон Ёқубов, ҳамлагарон ду нафар сокини шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд. Яке аз онҳо аз Илҳомҷон Ёқубов мехоҳад савори мошин бишавад ва замоне, ки савор мешавад ва мошин ҳаракат мекунад, ду нафари дар мошин буда шурӯъ ба лату кӯби Илҳомҷон Ёқубов мекунанд. Ба Илҳомҷон Ёқубов, ки худ варзишкор аст, муяссар мешавад муқовимат нишон диҳад ва худро аз мошин ба берун андозад, ки дар натиҷа, аз ноҳияи сар зарба мебинад. Ҳамлагарон аз мошин пиёда шуда ва аз нав ба лату кӯби Илҳомҷон Ёқубов мепардозанд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса, бинӣ ва як қабурғаи Илҳомҷон Ёқубов шикаста ва зарбаи мағзӣ бармедорад.
Ба гуфтаи худи Илҳомҷон Ёқубов, ҳамлагарон варзишкорони касбӣ будаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар таърихи 24 феврали соли ҷорӣ бо интишори баёнияе, аз воқеъ шудани чунин ҳодисаҳое ҳушдор дода, изҳор дошта буд: “Ахиран, хабарҳое аз чанд манбаъ ба мо расид, ки нишон медиҳанд, мақомоти амниятии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдан ва ё рабоиши рӯзноманигорони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, гурӯҳҳоеро ба ин кишварҳо сафарбар кардаанд. Тибқи хабари манбаъҳои мазкур, ин гурӯҳҳо муддате аст рафту омадҳои ин рӯзноманигоронро зери назар гирифтаанд.”
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар он баёния, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва бахусус Созмони байналмилалии “Рӯзноманигорони бидуни марз”, дархост карда буд, “барои таъмини амнияти рӯзноманигорони фаъол дар ин кишварҳо, чораҳои лозимро биандешанд.”
КШНГЗС пас аз вуқӯъи ин ҳодисаи дилхарош бо Илҳомҷон Ёқубов — раҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бори дигар ба тамоми созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳон аз ҷумла Комитети ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони байналмилалии “Рӯзноманигорони бидуни марз” ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо ва Департаменти давлатии ИМА муроҷеат мекунад ва аз онҳо тақозо менамояд, ки дахолат кунанд ва ҳукумати Тоҷикистонро водор созанд, ки даст аз террор ва одамрабоӣ ва сӯиқасд ба ҷони фаъолони опозистсияи тоҷик дар саросари ҷаҳон бардорад.
КШНГЗС аз Ҷумҳурии Литва, ки Илҳомҷон Ёқубов ба унвони паноҳандаи сиёсӣ таҳти ҳимояти ин кишвар ба сар мебарад, дархост мекунад, тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода, омилони ин ҷиноят ва низ дастҳои пушти пардаи онро шиносоӣ кунанд ва ба маҳкама бикашонанд, то ин гуна ҳодисаҳои дилхарош такрор нашавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
16.03.2020
Варшава, Лаҳистон
Манбаъ: сойти Зиндоиён
Рубрики:Ҳуқуқи башар, Ҷомеа