Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамла ба Илҳомҷон Ёқубов узви ин эътилоф ва раиси Ассотсиатсияи Муҳоҷирони Осиёи Марказиро, ки субҳи 16 уми марти 2020 дар шаҳри Каунаси кишвари Литва ба вуқуъ пайваст, шадидан маҳкум намуда онро як суиқасди аз пеш тарҳрезишуда медонад.
Пештар аз ин бархе гурӯҳҳои мухолифин дар бораи эҳтимоли ҳамла ба фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон ҳушдор дода буданд, ки ин қазия собит мекунад нигаронии онҳо беҷо набудааст.
Аз тарафи дигар мо дар гузашта низ шоҳиди латукӯб, суиқасд ва куштори мухолифони тоҷик будем ва ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад ва ин нигаронии моро бештар мекунад.
Бинобарин мо аз мақомоти кишвари Литва тақозо дорем, ки тамоми ҷанбаҳои ин қазияро мушикофона баррасӣ карда, ҳақиқати ҳолро равшан намоянд ва нагузоранд, ки ҷинояткорон беҷазо монанд.
Ҳамчунин аз кишварҳои аврупоӣ дархост мекунем, ки барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, чораҳои заруриро дар назар бигиранд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
Варшава
17.03.2020
Рубрики:Баёнияҳо, Ҳуқуқи башар