Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбати онлойнии худ асри якшанбе (22 март) таъкид кард: “Ҳукумат тавсияҳои Созмони беҳдошти ҷаҳониро ҷиддӣ бигирад”.
Меҳварҳои сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ ба шарҳи зерин буд:
— Мардум ҳамаи тавсияҳои мутухассисон ва ҳукуматро иҷро кунанд. Ҳамчунин, ҳукумат тавсияҳои Созмони беҳдошти ҷаҳониро ҷиддӣ бигирад;
— Расонаҳои оппозитсиюнӣ аз паҳни маълумотҳо оиди ин вирус худдорӣ кунанд, балки ба маълумоти расмӣ ва расонаҳои фаъол дар дохили кишвар мисли Радиои Озодӣ ва Азия-плюс эътимод кунанд;
— Агар шаҳрванде як ҳолатеро дид, онро навор бигираду расонаӣ кунад, мисле ки навори вазъияти бади карантина дар кишвар таъсир гузошт. Ҳамчунин, вақте мардум худаш дар фурудгоҳи Маскав садо баланд карданд ва навор гирифтанд, коре ки ҳукумати Тоҷикистон маҷбур кард, иқдом кунад;
— Хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон: ҳоло вақти гузоришдиҳӣ ба миллат аст, на гирифтани гузориш аз миллат;
— Раиси Ситоди пешгирӣ аз Коронавирусро худи шахси Э. Раҳмон бар дӯш бигирад ва ба мардум аз натоиҷи кораш гузориш бидиҳад;
(Тафсили ин сӯҳбат баъдан пешкаш хоҳад шуд.)
Видеои ин сӯҳбат:
Рубрики:Ҷомеа