Дидгоҳ

Чаро мо тоҷикон бояд коронавирусро ҷиддӣ бигирем?

Муҳиддин Кабирӣ

Чанд рӯз пеш дар як суҳбати онлайнӣ бо мардум назарҳо ва пешниҳодҳои худро дар бораи чигунагии муносибат ба буҳрони пешомада гуфтам. Аз вокунишҳо ва саволҳо маълум шуд, ки на ҳама ҳамватанони мо ин буҳронро ҷиддӣ гирифтаанд. Ва тавсияву ҳушдорҳои коршиносонро як навъ ҳангомасозӣ дар атрофи мавзуъ меҳисобанд.

Аз нигоҳи инҷониб, таҳдиди худи коронавирус ба танҳоӣ аз таҳдиди дигар вирусхо, мисли «птичьий грипп» ва гайра бештар нест. Шояд омори фавтидагон аз дигар вирусҳо ба маротиб бештар аз «тоҷдор» аст. Аммо ончи ки бештар нигаронкунанда аст, суръат ва қудрати ин вирус ба паҳншавӣ аст. Кам вирус буд дар солҳои охир , ки ба ин суръат ҷаҳонро тасхир карда бошад ва он ҳам бо ин паҳнои ҷуғрофӣ ва муҳимтар аз ин, кам вирус будааст, ки низоми иқтисоди ҷаҳониро ба чолиш кашида бошад ва дар ҳоли пирузӣ бар ин низоми мавҷуд бошад. Шакке нест, ки ба зудӣ башарият ин вирусро ҳам маҳор хоҳад кард. Вале, оқибатҳои буҳрони шакл гирифта аз вирусро чӣ?
Агар онро ҳам бигзарад, пас кай ва чигуна?

Ин саволҳо акнун фикри сиёсатмадорон, коршиносон ва мутафаккирони сатҳи ҷаҳониро ба худ машғул кардааст.
Ба назар мерасад, ки мо тоҷикон ҳоло агар фикр ҳам кунем, бештар дар бораи худи вирус ва чигунагии раҳоӣ аз он фикр мекунем, на дар бораи марҳалаи «пасокорона». Ҳади ақал, аз гуфтор ва рафтори масъулини давлат ва расонаҳову коршиносони ватанӣ метавон чунин хулосагирӣ кард. Шояд бархе фикр мекунанд, аммо аз гуфтани он худдорӣ менамоянд, то муттаҳам ба ҳангомасозӣ нашаванд.

Соли 2008 ( дар авҷи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ) дар парлумон аз вазири молияи вақт Наҷмиддинов пурсидам, ки барои пешгирӣ аз ин буҳрон чӣ омодагие дидаед, ҷавоб дод, ки ҳеҷ омодагии хос лозим нест. Чун кишвари мо дар ҳошияи робитаҳои молиявии олам қарор дорад ва мо шояд ҳис ҳам накунем, ки дар ҷаҳон буҳрон ҳаст. Ҷавоб шояд барои сатҳи вазир соддалавҳона ва хандадор ҳам буд, аммо воқеъиятро нишон медод ва вазир инро самимона мегуфт. Чун Тоҷикистон як кишвари аз марказҳои молиявӣ ва иқтисодии ҷаҳон дурафтода аст ва пайвасти камтаре ба равандҳои ҷаҳонӣ дорад. Аниқтараш, он солҳо дошт. Ва ин худ боиси камтар осеб дидани мо аз равандҳои ҷаҳонии номатлуб ҳам ҳаст. Худи коронвирус ҳам нишон дод, ки ин фарзия дуруст аст. Оне, ки Тоҷикистон то ҳол ҳолати сабтшудаи ин вирусро надорад, на ба хотири низоми пешрафтаи тиббӣ ва ё чораҳои пешгирандаи мост, балки ба хотири кам будани рафтуомад байни мо ва дигарон аст. Рӯзона дар фурудгоҳҳои Душанбе шояд бештар аз 30 ҳавопаймо нашинад, дар сурате, ки дар ҳама фурудгоҳҳои Олмон дар як соат шояд бештар аз 500 парвоз анҷом шавад. Ҳамин аст, ки вируси тоҷдор бештар кишварҳои пешрафтаро ҳадаф қарор дод ва заъифҳо вазъи беҳтаре доранд. Тибқи гузориши ББС шаҳри Идлиби Сурия амнтарин кишвари ҷаҳон дар масъалаи коронавирус эълон шуд. Шаҳре ки фақат номаш шаҳр мондаст ва шаҳри ашбоҳро мемонад. Пас вазъи имрузаи коронавирус набояд моро ба ғафлат бикашонад ва боиси таҳлилу хулосагириҳои ғалат дар масъалаи муносибат бо оқибатҳои ин буҳрон бишавад.

Агар то имрӯз вирус вориди кишвари мо нашуда бошад, ки умедворам чунин бошад, пас вазифаи мардум ин аст, ки оддитарин тавсияҳо ва талаботи мутахассисонро риоят кунанд ва ҳукумат ҳам бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ вазъро мудирият кунад.
Аммо, баҳси буҳрони «пасокорона» аз худи вирус ҷудост. Дар ин масъала кишвари мо яке аз осебпазиртарин кишвари олам аст. Ин аст, ки мегӯем бояд мо тоҷикон ин буҳронро ҷиддӣ бигирем ва омодагии ҳамаҷониба дошта бошем.

Бо чанд далел:
1. Бар хилофи буҳрони молиявии 2008, ки «аз болои сари мо гузашту хабар ҳам нашудем», ин буҳрон бешар зерсохтори-иқтисодӣ аст, аз он ки моляивӣ бошад. Соли 2008 биржаҳо ва бозори саҳҳомҳо бештар зарба хурданд, аммо чархаи иқтисод дар ҳаракат буд, корхонаҳо истеҳсол мекарданд, нефт хариду фурӯш мешуд. Имруз вирус истеҳсолотро боздошт, парвозҳо қатъ шуданд, ширкатҳо муфлис мешаванд, нархи нефт ба замин зад, чорабиниҳои ҳунарӣ ва варзишӣ таътил шуданд, ба ибораи дигар, ҷаҳонро хонанишин кард. Ва ин вазъ чанд моҳ давом мекунад, касе намедонад. Хушбинтарин коршиносон 3 моҳ пешбинӣ мекунанд, бархе то 6 моҳ. Тоҷикистон солҳои охир таҳти таъсири глобализация робитаҳои бештар бо олам барқарор кард, ки ҳамзамон вобастагии бештар аз низоми иқтисодии ҷаҳонро дар пай хоҳад дошт. Мо дигар наметавонем бигӯем, ки «ин туфон ҳам аз паҳлӯи мо мегузарад».
2. Ҷаҳони пешрафта худро барои гузаштан аз ин марҳалаи карахтӣ омода ва ресурсҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва идории худро басиҷ мекунад. Ва аз ҳама муҳим, шаҳрвандонро дар ин раванд бо худ шарик месозанд, огоҳии онҳоро боло мебаранд ва ҳамаи миллат мисли як тим худро барои як бозии душвор омода мекунанд. Такяи онҳо бештар ба захираҳои бузурги молӣ дар фондҳои стабилизационӣ, зерсохтори қавии иқтсисодиву иҷтимоӣ, ҷомеъаи шаҳрвандии қавӣ ва эътимод байни ҳукуматҳо ва миллатҳост. Вазъи онҳо хирсеро мемонад, ки тули сол дар баданаш равған захира мекунад ва зимистони сардро то баҳор дар хонааш бо хоби тулонӣ мегузаронад. Мо бо вуҷуди он, ки ҳеҷ кадоме аз омилҳои боло зикршударо надорем, маблағҳои бе ин ҳам ками буҷаро сарфи рақсу бозӣ ва ҷашнвораҳо мекунем. Агар боз ҳам аз табиат барои вазъи худамон мисоле бизанем, як парандае ҳастем, ки фасли тобистонро бо чаҳчаҳу хушҳолӣ мегузаронад ва зимистон ба лонаи парандагони дигар паноҳ мебарад ва аз ҳисоби онҳо рӯз мегузаронад ( дар деҳоти мо онро зардзалич мегӯянд). Тактикаи «зардзаличи» шояд дар як буҳрони кӯтоҳмуддат корсоз бошад, аммо дар баробари як буҳрони дарозмуддат шикастхурда аст.
3. Заъифтарин ҳалқаи занҷираи иқтисодии Тоҷикистон ин вобастагии иқтисодии мо аз маблағҳои муҳоҷирин аст. Омиле, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст ва ҳамзамон, барномае ҳам барои қабули онҳо дар ватан надорад. Ҳам бо далелҳои иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ, ҳукумат тули 20 соли охир талош кардааст, ки насли ҷавони кившарро дур аз ватан нигаҳ дорад. Ҳам пул бифиристанд ва ҳам дарди сари камтар эҷод кунанд. Ин сиёсат ҳам метавонад дар сурати тулонӣ шудани буҳрон мисли бумеранг аз як фурсат ба таҳдид табдил шавад ва нишонаҳои аввалашро аллакай мебинем. Ҳазорҳо ҷавони муҳоҷир наметавонанд барои кор ба хориҷ сафар кунанд ва ҳазорҳои дигар кори худро дар хориҷ аз даст хоҳанд дод. Тибқи омор, солона наздики 200 ҳазор қувваи кории нав ба бозори меҳнат ворид мешавад. Ҳукумат даҳ соли охир аз эҷоди бештар аз 1 миллиону 700 хазор ҷои кори нав дар кившар гузориш додааст, ки агар нисфи он ҳам рост бошад, бояд ҳамаи шаҳрвандон дар дохили кившар ҷои кор пайдо кунанд. Аммо, эҳтимоли зиёд ҳаст, ки ин рақамҳо воқеӣ нестанд. Аз ин рӯ тӯлони шудани буҳрон фишорро болои бозори меҳнат дар дохил бештар мекунад.
4. Билфарз, агар роҳҳо ба зудӣ пурра боз шуданд ва муҳоҷирон тавонистанд ба Русия ва Қазоҷистон баргаштанд, оё ин вазъи иқтисодии моро дар миёнамуддат тағйир хоҳад дод? Шояд бозгашти муҳоҷирин ба ҷойи кори худ аз фишори сиёсӣ ва иҷтимоӣ бикоҳад, чун неруйи ҷавон ва эътирозгар боз ба хориҷ меравад, аммо баъид аст, ки таъсири зуд ба беҳшавии вазъи иқтисодӣ дошта бошад. Ҳади ақал як мавсими корӣ ниёз ҳаст, то воридшавии маблағҳо дар ҳади қаблӣ оғоз шавад. Ин ҳам дар сурате, ки иқтисоди кишварҳои муҳоҷирпазир алакай аз буҳрон раҳо шуда бошад. Зеро, поёнравии нархи нефт таъсири манфии худро барои чанд сол ба иқстисоди Русия ва Қазоқистон хоҳад расонд. Ду кившаре, ки бештари муҳоҷирини мо онҷо кор мекунанд. Пас кившар аз як сарчашмаи воридшвии маблағ ба иқтисод ва будҷа дар солҳои наздик қисман маҳрум хохҳад шуд. Будҷаи бе ин ҳам ҳамеша таҳти фишори давлатӣ боз ҳам бештар таҳти фишор қарор хоҳад гирифт. Ҳукумат маҷбур мешавад ин камбудро аз сарчашмаҳои дигар, мисли қарзҳои хориҷӣ ва ё боло бурдани пардохтҳои мардум ҷуброн кунад. Ҳарду ҳолат ҳам рсики зиёд дорад. Аввалӣ давлатро ба дефольт наздик мекунад, дуввуми руҳияи эътирозиро боло мебарад.
5. Ин ҳама дар сурате, ки худи вирус вориди Тоҷикистон нашавад ва набзи зиндагии мардум мисли имрӯз боқӣ бимонад. Аммо, агар худое накарда вазъ тағйир кунад ва мо ҳам маҷбур ба маҳдуд кардани рафтуомад, бастани корхонаҳо ва бозорҳо ру биёварем, таъсири мушкилоти боло зикршуда чанд баробар меафзояд.

Метавон номгӯи омилҳои манфии таъсиррасонро идома дод, аммо ҳаминҳо кофияанд, то марҳалаи «пасокорона» ҷиддӣ гирифта шавад. Ҷаҳон онро ҷиддӣ гирифтааст ва ҳама суҳбат аз он мекунанд, ки ин буҳрон олами имрӯзро ба як олами пасовирусӣ табдил хоҳад дод. Ҷаҳон дигар он ҷаҳони қабл аз вирус нахоҳад буд. Дар иқтисоди ҷаҳонӣ, дар сиёсатҳо, дар робитаҳои инсонҳо, ширкатҳо ва кишварҳо тағйирот ворид хоҳад шуд. Коршиносон мегуянд, ки набояд ҳангома кард, ба воҳима дода шуд, аммо худро ба як зиндагии дигар бояд омода сохт.
Аммо, суол ин аст, ки кӣ бояд пеш аз ҳама инро чиддӣ бигирад? Ҳукумат ё мардум?
Дар шароити Тоҷикистон, ки ҳама чиз дар дасти Ҳукумат ва ҳатто як нафар аст, бояд ҳамон як нафар эҳсоси масъулияти бештар назди мардум дошта бошад. Вақти он расидааст, ки дар марҳалаи буҳрон роҳбари давлат ҳамчун президент рафтор кунад, на ҳамчун «пешво». Дар чунин ҳолатҳо ҷомеъа бештар ниёз ба менеджер дорад, ки рискҳо, чолишҳо ва фурсатҳоро пешбинӣ намояд ва худу чомеъаро дар ҳолати омодабош қарор бидиҳад. На ба пешво, ки мунтазир бимонад то пайравонаш бо зораву тамаллуқ аз ӯ ҳавопаймо ва ё шароити беҳтари карантин дархост кунанд ва ӯ дар нақши як роҳбари «ғамхору раъиятпарвар» мушкилоти корафтодаҳоро ҳал кунад.

Табиист, ки қишрҳои дигар аз ҷумла мухолифин ҳам масъулиятҳое доранд. Як интиқоди доимӣ аз мухолифин ин аст, ки пайваста ҳукуматро танқид мекунанд, бидуни он, ки пешниҳодҳои мушаххасе дошта бошад. Албатта, вазифаи ҳама оппозиция дар олам пеш аз ҳама нигоҳи интиқоди ба сиёсатҳои ҳукумат доштан аст, баъд пешниҳод. Вале, ин эрод то ҷое воқеъият дорад, чун инсофан интиқоди мо аз ҳукумат дар муқоиса бо пешниҳодҳоямон ба маротиб бештар аст ва ин сабабҳои худро ҳам дорад. Ҳоло то кадом дараҷа ҳукумат ба пешниҳодот ва интиқодҳои оппозиция ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамият медиҳад, ин масъалаи дигар аст. Инак, мухолифин ҳам пешниҳодҳои худро карда ва ин шояд танҳо коре аст, ки дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи оппозиционӣ ва дур аз Ватан карда метавонад.
Аммо, инҷо нақши муҳимеро метавонад худи мардум иҷро кунад. Аслан назари банда ин аст, ки муносибати мо ба ин раванд худ як нишондиҳандаи он аст, ки мо тоҷикон дар кадом марҳалаи рушди худ ҳамчун миллат қарор дорем. Оё ҳамчун миллат рафтор хоҳем кард ё ҳамчун як туда, ки ниёз ба пешво ва ё доҳӣ дорад?

Феълан рафторҳои мо, ба ҷуз чанд ҳолати ҷудогона, рафтори тударо мемонад, аз он ки ба миллат монанд бошад. Вақте ҷаҳон, чи кишварҳое ки мубтало шудаанд ва чӣ нашудаанд, ҳамагуна чорабиниҳои оммавиро қатъ мекунад ва дар фикри саломатии мардум мешаванд, мо тудавор барои тамошои рақсу бозии «пешвои миллат» ҷамъ мешавем. Ин нишондиҳандаи муҳим аст ва нишон медиҳад, ки мутаъассифона раванди туда шудан (кардан) идома дорад. Вале, дар чунин шароит ҳам боз мебинем, ки садоҳое баланд мешавад ва ин садоҳо болои рафторҳои ҳукумат бетаъсир нестанд. Беҳтар кардани шароити карантин, фиристодани ҳавопаймо барои мусофирини дармонда ва корҳои дигар пас аз шикояти мардум тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост. Ин нишон медиҳад, ки мардум ҳам бояд масъулияти худро дарк кунад ва дар талаб кардани масъуляитшиносии бештари мақомот ва ҳақи худ фаъъолтар бошад. Қореро ки ҳама шаҳрвандони огоҳ аз ҳукуматҳои худ мекунанд.

Дар хулоса метавон гуфт, ки вазъияти ҷадиди буҳронӣ тақозо мекунад, то ҳамаи мо омодаи тағйир дар рафторҳо, гуфторҳо ва вазъияти худу ҷомеъа бошем ва танҳо дар ҳолати чунин омодагӣ метавонем таъсири манфии онро барои давлат ва миллат камтар кунем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s