Ҷомеа

Ҳангоми пандемияи куруновирус чӣ бояд кард?

Муҳочирони азиз! Ин дар бораи ҳодисае аст, ки ҳоло мегузарад. Ин хеле муҳим аст. Онро бодиққат бихонед ва ба шиносҳоятон фиристед.

Аз куруновирус одамони зиёде вафот карданд. Аксарият ҷойи кори худро аз даст доданд. Барои ҳама давраи душвор пеш омадааст. Барои он ки аз ин пандемия зудтар наҷот ёбем, хеле муҳим аст, ки ба қоидаҳое, ки духтурон муайян намудаанд, риоя кунем.

Чӣ гуна метавон ба куруновирус дучор нашуд ва боиси сирояти он ба дигарон нашуд:

— мунтазам бо собун дастҳоятонро шуста, аз маводҳои зиддиуфунатӣ (антисептика) истифода баред.

— мунтазам асбобу анҷомеро, ки дигарон ба онҳо даст задаанд, бо моеъҳои зиддиуфунӣ тоза кунед;

— ба шахсони дигар наздикӣ накунед, (бо даст салом накунед, аз бӯса ва оғӯшгирӣ худдорӣ кунед( ва ба чеҳраатон (руятон) даст назанед;

— аз дигар одамон дар масофаи дуртар истед;

— дар зарфи дигар одамҳо хӯрок нахӯред, аз асбобҳои дигарон истифода набаред;

— утоқро мунтазам шӯставу ҳавояшро иваз кунед.

Вақте худро бад ҳис кардед, ҳарорататон баланд шуд, мушакҳоятон ба дард даромаданд ва сулфа шурӯъ шуд:

— моск бигиред, то дигарон заҳролуд нашаванд;

— ҳангоми атса задан, даҳонатонро бо даст пӯшонед ва баъди он бо собун дастҳоятонро шӯед;

— тамоми фаъолиятҳои худро зери назар гиред, дар хона бимонед;

— аз рӯи имкон, дар утоқи алоҳида бимонед, агар чунин имконро надошта бошед, бо руйҷо ё ҷевон худро аз дигарон ҷудо намоед;

— агар ҳарорататон аз 38 дараҷа боло рафт, ёрии таъҷилиро даъват кунед.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия қарор дорад, новобаста ба буду боши қонунӣ ва ғайриқонунӣ, дар сурати сахт бемор шудан, ҳақ дорад ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд ва духтурон вазифа доранд, ки кӯмак расонанд. Агар фикр мекунед, ки ба куруновирус дучор шудаед, пас даъвати ёрии таъҷилӣ яке аз вазифаҳо ва масъулиятатон хоҳад буд.

Подготовлено Группой исследований миграции и этничности http://mer-center.ru/

Перевод на таджикский по просьбе коллег осуществлён Департаментом информации Национального Альянса Таджикистана

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s