Баёнияҳо

Муроҷиат ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар асари бемории оламгири COVID-19, ки кишварҳо марзҳои худро бастаанд, шумори зиёде аз ҳамватанони мо дар берун аз қаламрави Тоҷикистон дармонданд. Ин мушкил на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои дигар ҳам пеш омадааст. Ҳукумати ин кишварҳо шаҳрвандони худро ба ватанашон бозгардонида истодаанд.

Даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия кору зиндагӣ мекарданд, на кор доранд ва на шароити зиндагӣ дар ин кишварро ва ҳоло мехоҳанд ба ватани худ баргарданд.

Ҳамчунин даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабабҳои гуногун — яке барои табобат, яке барои тамошо, яке барои тиҷорат дар Туркия ва Ҳиндустон қарор доранд, феълан дар ин кишварҳо банд монда бо муроҷиатҳои батакрор аз ҳукумати Тоҷикистон бахусус президент Эмомалӣ Раҳмон дархост мекунанд, ки барои бозгардонидани онҳо ба кишвар кӯмакашон кунад.

Ҳамватанони бандмондаи мо аз ин мушкилоти нохоста, ки гиребонашонро гирифтааст, аз ҷумла: тамом шудани киссахарҷӣ, бо ҳамроҳи худ доштани оила, кӯдакони хурдсол ва солмандон, ошкоро вазъияташонро бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар миён гузоштаанд, ба ин умед ва бовар, ки онҳоро хоҳанд шунид.

Ин кӯмак ва дастгирӣ барои онҳоро касе ба ҷуз ҳукумат ва раҳбарияти он расонида наметавонад. Ташкили истисноии парвозҳо, боз кардани дарвозаи ҳавоӣ кори созмону афроди алоҳида нест. Вазъияти онҳо аз вазъияти муҳоҷирони кории тоҷик, ки онҳо низ айни чунин мушкилотро доранд ба ин фарқ мекунад, ки дар Русия феълан афроди накӯкор ва савобҷӯ то қадри имкон барои ҳамватанони худ дар таъмини ғизову дору ва ҳатто манзили зист дасти мадад дароз карда истодаанд. Аммо ин кӯмакҳо ҳам беохир ва беҳудуд нестанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти пешомада бо муҳоҷирон ва ҳамватанони дармондаамон дар кишварҳои зикршуда, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Маркзӣ дар Аврупо вазифаи худ медонад, ки ба ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус президент Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ муроҷиат ва талаб намояд, ки:

1. Масъалаи баргардондани беш аз 300 нафар аз ҳамватанони бандмондаамон дар Ҳиндустон ва Туркияро ҳарчи зудтар ҳал намояд. Роҳандозии парвозҳои чартерӣ ва овардани онҳо масъулият ва вазифаи асосии ҳукумат аст. Ин масъалаи нангу номус аст, нангу номуси давлат, ватан ва миллатдорӣ. Набояд афроди миллат, сокинон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар худро бесоҳиб ва тардшуда пиндоранд.

2. Барои муҳоҷирони ниёзманди тоҷик ва оилаҳои онҳо дар шаҳрҳои Русия ба таври муваққат ҳам шуда маблағ ҷудо ва маош таъйин намояд. Таъминоти ғизо ва дорувории онҳоро бар дӯш бигирад. Зеро, ҳам тибқи Қонуни асосӣ ва ҳам савганде, ки президент додааст, ӯ ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандонаш дар хориҷ аз кишварро ҳам ҳимоят кунад. Ҳукумат метавонад аз ҳисоби бюҷет ва кӯмаки муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои ёрирасон ин мушкилот барои муҳоҷиронро камтаъсир кунад. Тавассути намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳо ва диаспораҳои тоҷикӣ дар вилоёт ва манотиқи Русия иҷрои ин талабро метавон ба роҳатӣ иҷро кард. Имрӯз вақти амалан нишон додани ҳамин талаботи қонун аст.

3. Ва ниҳоят, агар ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба ин мушкилот расидагӣ накунад, шаҳрвандони дармонда дар Туркия, Ҳиндустон ва Русияро ба худашон вогузорад, бояд ошкоро мавқеашро эълом кунад, то ин мардум самти муроҷиати худро ба тарафи давлатҳо ва созмонҳои дигар тағйир бидиҳанд. Зеро дар ҳар сурат ҷаҳон аз накӯкорон ва хайрхоҳон холӣ нашудааст ва ҳамватанони дучори мусибатшудаи мо ҳам ноумед нашаванд.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо

Шаҳри Вилнюс

21апрели соли 2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s