Баёнияҳо

Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон оид ба COVID-19

Паймони Миллии Тоҷикистон эътирофи Ҳукумати ҶТ-ро дар бораи вуҷуди вируси COVID-19 дар кишвар як иқдоми муҳим, агарчӣ дершуда медонад. Эътирофи расмӣ боис мегардад, ки ҳам мақомот ва ҳам аҳолӣ дар муносибати худ ба ин вабо ҷиддияти бештар нишон бидиҳанд ва мудирияти раванди мубориза бо он осонтар шавад.

Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барқасдона ва бо ғаразҳои маҳдуди сиёсӣ пинҳон намудани вуҷуди ин вирус аз тарафи роҳбарияти кишвар боиси фарогир шудани он дар Тоҷикистон гашт. Бо айби масъулини сиёсӣ, ба хусус, роҳбарияти кишвар, мутахассисони соҳаи тиб фурсати контроли вирусро дар марҳалаи аввали паҳншавиаш аз даст доданд. Дар натиҷа ҷони садҳо ҳазор шаҳрванд, пеш аз ҳама, худи кормандони соҳаи тиб, дар хатар монд ва имрӯзҳо мо ҳолатҳои зиёди фавтро байни мутахассисони соҳа мебинем.

Паймони Миллии Тоҷикистон ҳанӯз як моҳ қабл талаб намуда буд, ки ҳарчӣ зудтар дар кишвар эълони карантин шавад ва бастаи пешниҳодҳои худро ба ҳукумат фиристода буд. Инчунин, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, коршиносони дохилию хориҷӣ ва расонаҳо ба маротиб гузориш, тавсия ва талабҳои худро ба мақомот расониданд, то дар мавқеъи роҳбарияти Тоҷикистон таъсир расонанд. Аммо, роҳбарияти кишвар бо кибр ва пофишории ба худ хос, ин ҳама пешниҳоду тавсияҳоро нодида гирифт ва дар натиҷа имрӯз вирус дар кишвар фарогир шуд.

Тоҷикистон дар ҳолате гирифтори ин бӯҳрон мешавад, ки кишварҳои дигар бо иқдомоти саривақтӣ аз он қадам ба қадам берун мешаванд. Мо имкони пешгирии онро дар марҳалаи аввали пайдоиш доштем, агар роҳбарияти кишвар хостаҳо ва ғаразҳои шахсии худро болотар аз амнияти миллату давлат намегузошт.

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ тибқи хостаи худ ҷону саломатии миллатро зери хатар гузошт ва новобаста аз бонги хатар аз тарафи ҷомеъа ва талаби қатъи ҳамагуна чорабиниҳо, то лаҳзаи охир аз эътирофи ин иштибоҳи худ сарпечӣ кард ва боз як моҳи дигар онро давом дод. Ин боис гашт, ки дастури пинҳон намудани ҳолатҳои беморӣ ва марги шаҳрвандонро содир намояд.

Паймони Миллии Тоҷикистон амалҳои роҳбарияти кишвар, ба хусус, Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо мудирияти бӯҳрони COVID-19 ро мухолиф ба манфиатҳои милливу давлатӣ, қонунгузории кишвар ва салоҳияту масъулиятҳои Президенти Тоҷикистон медонад. Мо боварӣ дорем, ки миллат ба рафтори ӯ ва дигар масъулини сатҳи болои кишвар баҳои сиёсии худро хоҳад дод.

Мо талошҳову мавқеъгириҳои миллатдӯстонаи расонаҳои мустақил, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои миллиро, ки новобаста аз фишорҳои зиёди маъмурӣ ва равонӣ дар мавқеъи худ устувор боқӣ монданд, қадрдонӣ намуда, ба онҳо миннатдории худро баён мекунем. Маҳз пофишорӣ ва устувории шумо боиси тағйири мавқеъи Ҳукумат ва эътирофи воқеъиятҳо гашт.

Паймони Миллии Тоҷикистон ба зудӣ бастаи иловагии пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати ҶТ ироа хоҳад кард. Аммо лозим аст, ки Ҳукумат ҳарчӣ зудтар иқдомҳои фавриеро барои кам кардани сатҳи паҳншавӣ амалӣ намояд. Аз ҷумла, раҳоии маҳбусҳои болои синни 50 ва сабук кардани зиндонҳо яке аз чораҳои оҷил мебошанд, ки аз тарафи созмонҳо ва ҷомеъа пешниҳод шуда буд.

Инчунин, Ҳукуматро лозим аст, ки сиёсати пинҳонкориро қатъ намуда, аз имрӯз ба баъд гузоришҳои шаффофи рӯзона ба миллат дар бораи вазъияти кишварро роҳандозӣ кунад. Идомаи пинҳонкорӣ идомаи ҷинотякорӣ мебошад.

Паймони Миллии Тоҷикистон бовар дорад, ки Ватани азизамон бо талоши ҷонфидоёнаи мутахассисони соҳаи тиб ва бо кӯмаки миллату ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳатман ин бӯҳронро сипарӣ хоҳад кард. Аммо, аз ҳар кадоми мо ин даврони дӯшвор масъулиятшиносӣ ва иҷрои тавсияву супоришҳои масъулин ва мутахассисонро талаб менамояд. Моро лозим аст, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ, техникӣ ва молии миллатро барои бартараф кардани оқибатҳои ин вабо сафарбар намоем ва рӯҳияи ҳамбастагии миллиро қавитар намуда, манфиатҳои миллату давлатро болотар аз ҳама гузорем.

Паймони Миллии Тоҷикистон

30 – апрели 2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s