Субҳи имрӯз Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар синни 57 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
Ӯ яке аз шахсиятҳои сахткӯше буд, ки чандин соли умри худро ба унвони раҳбари “Ҳаракати муҳоҷирони кории тоҷик” барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия сипарӣ кард. Баъд аз инки ҳаракати мазкур дар соли 2016 тавассути Додгоҳи Олии Русия мамнӯъ эълон шуд, вай созмони дигареро таҳти унвони “Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” таъсис дода, ба дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон идома дод, ки дарак аз сахткӯшӣ ва хастагинопазирии ӯ медиҳад.
Каромат Шарипов зодаи ноҳияи зебоманзари Файзободи Тоҷикистон буд. Вай баъд аз хатми Мактаби олии ҳарбӣ – сиёсии Симферополи Русия то соли 1997 дар раддаҳои мухталифи нерӯҳои Шӯравӣ, Русия ва сипас Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хидмат намудааст. Моҳи декабри соли 2017 ӯ ба таври шубҳанок аз Русия ихроҷ ва шаҳрвандиаш бекор шуд.
Номи ӯ бо хадамоти шоиста, аз ҷумла дифоъ аз даҳҳо парвандаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик пайванд мехурад ва дар охирин лаҳзаҳои зиндагиаш қарор буд, пули ба дастоварда аз ҳисоби фурӯши замини шахсиаш дар Русияро барои кӯмак ба муҳоҷирон ва камбизоатон хайр кунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамдардии худро ба ҳамдиёрони азиз, бахусус муҳоҷирони тоҷик ва пайвандону наздикони марҳум, иброз намуда, ба марҳум охирати обод ва ба бозмондагонаш сабру бурдборӣ таманно менамояд.
Руҳаш шод ва манзили охираташ обод бошад!
Паймони Миллии Тоҷикистон
Варшава
09.05.2020