Баёнияҳо

Баёнияи ПМТ оиди латукуби журналисти Азия-Плюс Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Паймони Миллии Тоҷикистон латукуб ва ҳамлаи дирӯз ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори “Азия-Плюс” аз тарафи афроди номаълумро шадидан маҳкум намуда, ин амали нангинро ташдиди фишор ба журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин рӯзҳои буҳронӣ медонад.

Ноуҳдабароии ҳукумату раҳбарияти кишвар дар ин рӯзҳои воқеан сахт барои миллат ба ҳамагон равшан шуд.

Ҳукумат аз фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла журналистон, мухолифин ва фаъолони сиёсию иҷтимоӣ дар мавриди нокоромадии ҳукумат ва вазъи вахими миллат ба сабаби вабои ҳамагири COVID-19 сахт нигарон буда, бо амалҳое мисли ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ, мамнуъияти сайти www.kvtj.info ва таҳдид ба муҷозоти “ҳангомасозону дурӯғафканон” нишон дод, ки омодаи ҳар гуна саркубгарӣ аст.

Ин ҳамла ягона ҳодиса дар Тоҷикистон набуда, балки пештар чунин ҳамлаҳо нисбати Раҷаби Мирзо, сардабири вақти “Рӯзи нав”, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири вақти ҳафтаномаи “Наҷот”, Далер Шарифов, журналисти вақти “Сафина, Маҳмадалӣ Ҳаит, журналисти собиқадор ва ғайра дар қаламрави кишвар сурат гирифтааст.

Маҳдудиятҳо болои расонаҳо ва фишор ба журналистон рӯз то рӯз меафзояд. Пештар дар қаламрави кишвар сойтҳои Akhbor.comPayom.netIsloh.netOzodandishon.orgTajinfo.orgBgidega.com ва ғайра мамнуъ ва сайтҳои “Азия-Плюс” ва Радиои Озодӣ блок шуда буданд ва ҳамчунин ба бисёре аз хабарнигорони Радиои Озодӣ аккредитатсия дода нашуд.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз кишварҳои дуст ва созмонҳои байналмилалӣ дархост мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистонро водор кунанд, ки омилони ҳамлаи мазкурро боздошт ва ба ҷавобгарӣ бикашад ва фишор болои расонаҳо ва гуногунандешонро қатъ намуда, тамоми уҳдадориҳои худ дар мавриди ҳифзи саломат ва ҷони журналистонро анҷом диҳад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

Варшава

12.05.2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s