Тоҷикистон ва мардуми тоҷик хасорати ҷуброннопазире диданд. 30 майи соли 2020, дар синни 75-солагӣ, яке аз сиёсатмадорон ва ходимони намоёни Тоҷикистон Сайфиддин Тӯраев даргузашт.
Сайфиддин Тӯраев, ин шахси кордон, соҳибкор, мудир ва роҳбари муваффақ, вазири ҷавон, эҷодкунандаи ҷойҳои корӣ ва маҳсулоти рақобатпазир, раиси корхонаи бузурги бофандагӣ, намояндаи мардумӣ дар парлумон, муовини раиси парлумон, номзади мақоми риёсати ҷумҳурӣ, на танҳо дорои тафаккури давлатдорӣ ва вежагиҳои ташкилотчӣ ва роҳбарӣ буд, балки инчунин бо сифатҳои нодири инсонӣ: хоксорӣ, иззат ва эътимод ба нафс, шарофат, самимият ва оддӣ будан ороста буд, он ҳам дар ҷойе, ки дигарон пур аз ғуруру такаббур ҳастанд.
Сайфиддин Тӯраев мутаъаллиқ ба каҳкашони ситораҳои дурахшони ҷавони ислоҳотхоҳ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии тоҷик дар солҳои 90-уми асри ХХ мисли Тоҳир Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров, Халифабобо Ҳомидов, Сайидабдулло Нурӣ ва дигарон мебошад.
Ӯ шахсияти ҳамаҷониба ва лаёқатманд буд. Дар ӯ, ба сурати ҳамоҳанг, аз як тараф сифатҳои кордонӣ ва ташкилотчӣ ҷамъ шуда буданд ва аз тарафи дигар, алоқа ба фалсафа ва шеър.
Мардуми тоҷик қадрдони шахсияти Сайфиддин Тӯраев хоҳанд буд. Хиёбонҳои шаҳрҳои кишварамон низ ба ифтихори ӯ номгузорӣ хоҳанд шуд.
Паймони Миллии Тоҷикистон таслияти амиқи худро ба наздикон ва ҳамаи дӯстони оилаи Тӯраевҳо изҳор медорад.
Руҳи ҳамватани азиз, дӯст ва бародари мо Сайфиддин Тӯраев шод бод!
Паймони Миллии Тоҷикистон
05/31/2020
Рубрики:Баёнияҳо