Паймони Миллии Тоҷикистон аз қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон оиди масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории мустақил “Ахбор” дар қаламрави кишвар ва ҳамчунин аз афзоиши фишорҳои равонию физикӣ ба хабарнигорони мустақил шадидан нигарон буда, онро нақзи ҷиддии озодии баён ва дар тақобул бо манофеъи миллӣ медонад.
Бархурди саркубгаронаи мақомоти Тоҷикистон бо расонаҳо ва хабарнигорон, аз ҷумла масдудияти хабаргузории «Ахбор» ва иттиҳоми беасоси он ба минбар додан ба “созмонҳои террористӣ ва ифротӣ”, ду маротиба ҳамлаи шармовар ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти “Азия-плюс” ва ҳамлаҳои густурдаи сиёҳ кардан ва таҳқири баъзе аз рӯзноманигорони мустақил нишонгари он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти расонаҳои мустақилро, ки ададашон баъди саркуби 2015 ба шиддат коҳиш ёфтааст, дидан намехоҳад ва қасди пурра берун кардани расонаҳои мустақил аз майдони иттилоотии кишварро дорад.
Душмансозии ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Э. Раҳмон аз расонаҳои мустақил ва хабарнигорон дар ин рӯзҳои ҳассосе, ки миллати тоҷик бо вабои ҳамагири COVID-19 дасту панҷа нарм мекунад, бори дигар нишон дод, ки ҳукумат аз ин фоҷеа ва мусибат бар сари миллат барои манофеъи сиёсии маҳдуди худ ва барои саркуби дигарандешону ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯистифода мекунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон ин бархурди носолими мақомот бо расонаҳои мустақилро шадидан маҳкум намуда, эълон мекунад, ки расонаҳои мустақил яке аз муҳимтарин аркони демократия буда, як ҷомеаи озоду демократӣ бидуни расонаҳои мустақил ғайримумкин аст.
Паймони Миллии Тоҷикистон
03.06.2020
Рубрики:Баёнияҳо