Сайидюнуси Истаравшанӣ
Намедонам бидъати “Исмоили сонӣ” хондани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон аз кай ривоҷ пайдо карда ва чӣ касе бонии ин бидъати нописанд мебошад, аммо дар ҳар сурат, имрӯза нуқли маҷолис гардида ба ҳадде, ки шоирон низ дар ашъорашон меоваранд, мисли ин ки:
Биё бо шавқ бингар ҳайкали зебои Сомонӣ,
Биё дасти ту бифшорад кунун Исмоили сонӣ.
* * *
Ва дигаре гӯяд:
Илоҳо зинда монӣ ҷовидонӣ,
Ба бахти миллат Исмоили сонӣ.
* * *
Севвумӣ ҳам суруда:
Аё, марди шуҷоъатпеша, эй вориси Сомонӣ,
Туйӣ Исмоили сонӣ, азизи халқи Яздонӣ.
* * *
Чаҳоруме низ гуфта:
Ҷовидон мемонад ин давлат ба истиқлоли худ,
Чунки Исмоили Сонӣ ғамгусори миллат аст…
Ва ин дар ҳолест, ки ин лақаб танҳо замоне метавонад барои Раҳмон барозанда бошад, ки лоақал як сифат ва вежагӣ аз вежагиҳои Амир Исмоили Сомониро доро бошад, ки нест. Ҳеч ваҷҳи муштараке байни ин ду вуҷуд надорад. “Исмоили сонӣ” хонда шудани Раҳмон, дуруст мисли “Искандари сонӣ” унвон шудани Абдулаҳадхон, амири манғити Бухорост, ки барои худаш гузошта буд.
Дар ин ёддошт, шаммае аз вежагиҳои Амир Исмоилро бо истинод ба манобеи таърихии дасти аввал барои хонанда меоварам, то бибинем, оё миёни ин ду инсон нуқтаи мушатараке дида мешавад ё на?
Лозим ба ёдоварист, манобеъе, ки номи Амир Исмоил ва шарҳи ҳол ва аҳволу авсофи ӯ дар онҳо зикр шуда, бештар ба арабӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, дар матолиби арабӣ, роқими ин сатрҳо аввал тарҷумаи онҳоро ба форсӣ (тоҷикӣ) меоварам, сипас асли матн ҳамроҳ бо манбаъеро, ки аз он нақл кардаам ёдовар мешавам. Албатта, матолиби форсиро ҳамон тавр ки дар манбаъ омада, айнан меоварам.
1) Бархӯрди Амир Исмоил бо уламои замонаш:
Ибни Касир дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя”-и худ овардааст:
“Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ (имоми фиқҳу ҳадис, огоҳтарини уламои замонаш) ҳар гоҳ пеши Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (Амир Исмоил) меомад, Амир аз ҷояш бармехост ва гиромияш медошт (ва ин фурӯтании Амир барои Марвазӣ ба ҳадде буд, ки) рӯзе Исҳоқ, бародари Амир Исмоил, хитоб ба ӯ гуфт: Ту, ки подшоҳи Хуросон ҳастӣ, оё фурӯтанӣ дар баробари фарде то ба ин ҳадд аст, ки аз ҷоят бармехезӣ (ва эҳтиромаш мекунӣ)? Амир Исмоил мегӯяд: Ман ҳамон шаб дар ҳоле хобидам, ки аз ин сухани густохонаи бародарам бисёр нороҳат будам. (Онҳо ҳар як фармонравоёни Хурсон ва Мовароуннаҳр буданд.) Дар хоб ҳазрати Паёмбар (с)-ро дидам. Расули Акрам (с) хитоб ба ман фармуданд: Эй Исмоил! Мулкат ва мулки фарзандонатро бо таъзим ва бузургдошти Муҳаммад ибни Марвазӣ мустаҳкам бикун! Мулки бародарат ба хотири беэҳтиромиаш ба Муҳаммад ибни Марвазӣ фурӯ рехт.”
(Ал-бидоя ван-ниҳоя, Ибни Касир, 11-116)
وَكَانَ مُحَمَّدُ بْنُ نَصْرٍ الْمَرْوَزِيُّ إِذَا دَخَلَ عَلَى إِسْمَاعِيلَ بْنِ أَحْمَدَ السَّامَانِيِّ يَنْهَضُ لَهُ وَيُكْرِمُهُ، فَعَاتَبَهُ يَوْمًا أَخُوهُ إِسْحَاقُ، فَقَالَ لَهُ: تَقُومُ لِرَجُلٍ فِي مَجْلِسِ حُكْمِكَ وَأَنْتَ مَلِكُ خُرَاسَانَ؟ قَالَ إِسْمَاعِيلُ: فَبِتُّ تِلْكَ اللَّيْلَةَ وَأَنَا مشتت القلب من قول أخي وكانوا هم ملوك خراسان وما وراء النهر قَالَ: فَرَأَيْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي الْمَنَامِ وَهُوَ يَقُولُ: يَا إِسْمَاعِيلُ ثَبِّتْ مُلْكَكَ وَمُلْكَ بَنِيكَ بِتَعْظِيمِكَ مُحَمَّدَ بْنَ نَصْرٍ، وَذَهَبَ مُلْكُ أَخِيكَ بِاسْتِخْفَافِهِ بِمُحَمَّدِ بْنِ نَصْرٍ
2) Манъ аз мадҳу сано:
Ва ҳам ӯ (Ибни Касир) менависад:
“Дар миёнаҳои моҳи сафари он сол (соли 295 ҳ.қ) Исмоил ибни Аҳмад, амири Хуросон ва Мовароуннаҳр вафот кард. Ӯ фармонравое хирадманд, одил, некӯрафтор бо шаҳрвандонаш ва шахси бисёр ҳалиму бузургворе буд. Ва ҳам ӯст, ки ба Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ ниҳояти эҳтиромро қоил буд, ӯро бузург медошт ва икромаш менамуд ва барояш аз ҷойи худ бармехост… Рӯзе мардум дар маҳзари Исмоил ибни Аҳмад ба таърифу тамҷидаш пардохтанд ва аз насаби ӯ гуфтанд. Исмоил (зимни манъи онҳо аз мадҳу сано) хитоб ба эшон гуфт: Ифтихори инсон ба амал аст (на ба аҷдод) ва сазовор аст одамӣ ъисомӣ бошад на ъизомӣ, яъне ифтихораш ба худаш ва амалҳои худаш бошад, на ба насаб ва шаҳр ва аҷдодаш…”
(Ал-бидоя ван-ниҳоя, Ибни Касир, 11-116)
وَفِي الْمُنْتَصَفِ مِنْ صِفْرٍ مِنْهَا كَانَتْ وَفَاةُ إسماعيل بن أحمد الساماني أمير خراسان وما وراء النهر، وَقَدْ كَانَ عَاقِلًا عَادِلًا حَسَنَ السِّيرَةِ فِي رعيته حليماً كريماً. وَهُوَ الَّذِي كَانَ يُحْسِنُ إِلَى مُحَمَّدِ بْنِ نَصْرً الْمَرْوَزِيِّ وَيُعَظِّمُهُ وَيُكْرِمُهُ وَيَحْتَرِمُهُ وَيَقُومُ لَهُ في مجلس ملكه… وقد ذكر النَّاس يوماً عند إسماعيل بن أحمد هذا الفخر بالأنساب فقال: إنما الفخر بالأعمال وينبغي أَنْ يَكُونَ الْإِنْسَانُ عِصَامِيًّا لَا عِظَامِيًّا، أَيْ يَنْبَغِي أَنْ يَفْتَخِرَ بِنَفْسِهِ لَا بِنَسَبِهِ وَبَلَدِهِ وجده
3) Бархӯрди Амир бо муаллимон:
Ибни Асир дар таърихаш (Ал-комил фит-таърих), бо баёни ин ки Амир Исмоил “фарде хирадманд, одил, некӯрафтор бо шаҳрвандонаш ва бисёр ҳалим буд”, менависад:
“Фарзанди ӯ, Аҳмад (дар хурдсолӣ) муаллиме дошт, ки ӯро адабу ахлоқ меомӯхт. Рӯзе Амир Исмоил аз канори ӯ (дар ҳоле, ки машғули дарс додан буд) гузашт ва муаллим ҳам мутаваҷҷеҳ набуд, ки амир онҷост. Амир шунид, ки муаллим писарашро саббу дашном медиҳад ва ба ӯ мегӯяд: Худо на ба ту баракат диҳад ва на ба он касе, ки туро зоида! Амир, ки инро шунид, вориди килос шуд ва ба муаллим гуфт: Ҷаноби муаллим! Мо муртакиби гуноҳе нашудаем, ки дашномамон бидиҳӣ! Оё мешавад аз ин дашном табриаамон (сафедамон) кунӣ ва дашному сарзанишат фақат махсуси гуноҳкорони воқеӣ бошад? Муаллим, ки дид ин худи амир аст, сахт ба ларза афтод. Аммо Амир Исмоил (аз ин ки муаллим ба ларза афтод, сахт пушаймон шуд) ва фавран аз килос берун омад ва барои муаллим ҳадияҳое дод.”
(Ал-комил фит-таърих, Ибни Асир, 6/560)
وَكَانَ إِسْمَاعِيلُ عَاقِلًا، عَادِلًا، حَسَنَ السِّيرَةِ فِي رَعِيَّتِهِ، حَلِيمًا، حُكِيَ عَنْهُ أَنَّهُ كَانَ لِوَلَدِهِ أَحْمَدَ مُؤَدِّبٌ يُؤَدِّبُهُ، فَمَرَّ بِهِ الْأَمِيرُ إِسْمَاعِيلُ يَوْمًا، وَالْمُؤَدِّبُ لَا يَعْلَمُ بِهِ، فَسَمِعَهُ وَهُوَ يَسُبُّ ابْنَهُ، وَيَقُولُ لَهُ: لَا بَارَكَ اللَّهُ فِيكَ، وَلَا فِيمَنْ وَلَدَكَ! فَدَخَلَ إِلَيْهِ، وَقَالَ لَهُ: يَا هَذَا، نَحْنُ لَمْ نُذْنِبْ ذَنْبًا لِتَسُبَّنَا، فَهَلْ تَرَى أَنْ تُعْفِيَنَا مِنْ سَبِّكَ، وَتَخُصَّ الْمُذْنِبَ بِشَتْمِكَ وَذَمِّكَ؟ فَارْتَاعَ الْمُؤَدِّبُ، فَخَرَجَ إِسْمَاعِيلُ عَنْهُ، وَأَمَرَ لَهُ بِصِلَةٍ جَزَاءً لِخَوْفِهِ مِنْهُ
4) Бархӯрд бо мухолифони сиёсӣ:
Пеш аз Амир Исмоил бародари бузургтараш Наср зимоми умурро дар даст дошт ва Наср нисбат ба Исмоил бемеҳрии зиёде мекард ва кина ва адовате хоссе дар дил нисбат ба ӯ дошт ва чанд бор ҳам алайҳи ӯ лашкар кашида буд. Замоне ки сипоҳиёни Амир Исмоил бар сипоҳиёни Наср пирӯз шуданд ва Наср асир гардид, Амир Исмоил ҳаргиз ба фикри интиқом наафтод, балки камоли эҳтирому икромро нисбат ба ӯ аз худ нишон дод. Ибни Асир мегӯяд:
“Ҳангоме ки Амир Исмоил баъд аз бародараш зимоми умури мамлакатро ба даст гирифт, бо ёрону дӯстони собиқаш (ҳамонҳое, ки ҳамроҳ бо бародараш алайҳи ӯ ҷангида буданд) мукотиба мекард (ва рафтори некӯе бо онҳо дошт). Баъзеҳо аз рафтори ӯ бо мухолифонаш таъаҷҷуб карданд ва эрод гирифтанд. Аммо Амир Исмоил ба онҳо гуфт: Агар Худованд бар иззат ва ҷойгоҳи мо афзуд, бар мо воҷиб аст, ки ба бародаронамон (мухолифони сиёсиамон) чизе кам нагузорем (ва сахт нагирем ва ҳуқуқи онҳоро поймол накунем), балки бояд коре кунем, ки бар иззат, сарбаландӣ ва обрӯи онҳо афзуда шавад, то ихлоси онҳо ва сипосгузориашон нисбат ба мо зиёд гардад.”
(Ал-комил фит-таърих, Ибни Асир, 6/561)
وَلَمَّا وَلِيَ بَعْدَ أَخِيهِ كَانَ يُكَاتِبُ أَصْحَابَهُ وَأَصْدِقَاءَهُ بِمَا كَانَ يُكَاتِبُهُمْ أَوَّلًا، فَقِيلَ لَهُ فِي ذَلِكَ، فَقَالَ: يَجِبُ عَلَيْنَا، إِذَا زَادَنَا اللَّهُ رِفْعَةً، أَنْ لَا نُنْقِصَ إِخْوَانَنَا بَلْ نَزِيدَهُمْ رِفْعَةً، وَعُلًا، وَجَاهًا، لِيَزِيدُوا لَنَا إِخْلَاصًا وَشُكْرًا
Амир Исмоил бо Амр ибни Лайс низ замоне ки бар ӯ пирӯз шуд, чунин рафторе пеша кард. Хоҷа Низомулмулк дар “Сиёсатнома” овардааст:
“Чун Амр гирифтор шуд, Амир Исмоил рӯй сӯи бузургон ва сарони лашкари хеш кард ва гуфт: Ин нусрат маро Худой азза ва ҷалла дод ва ҳеч касро бад-ин неъмат бар ман миннат нест ҷуз Худойро ъазза исмуҳу. Пас гуфт: Бидонед, ки Амр ибни Лайс марде бузургҳиммат ва бисёрато буд ва… ҳақшинос. Маро раъй чунон аст, ки ҷаҳд (талош) кунам, то ӯро ҳеч газанде нарасад ва боқии умр ба саломат бигузаронад…”
(Сиёсатнома, Хоҷа Низомулмулк, с.21)
5) Бархӯрд бо фосидон ва қонуншиканон:
Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) дар китоби “Насиҳатул-мулук”-и хеш овардааст:
“Чунин гӯянд, ки амири Хуросон, Исмоил ибни Аҳмад ба Марв фуруд омада буд. Ва расми вай он буд, ки ҳар ҷо фуруд омадӣ, мунодӣ (нидокунанда) фармудӣ, ки ҳеч лашкареро бо раъият (шаҳрвандон)-и ман кор нест. (Яъне касе аз сипоҳиёни ман ҳақ надорад музоҳими мардум шавад ва зарару зиёне ба онҳо бирасонад.) Пас, харбандаи аз они вай (харбон, нигаҳбони хар) ба полизе андар шуд (яъне вориди боғе шуд) ва андак чизе зиён кард (зиён расонд). Полизбонон ба дари саройи амир омаданд ва бинолиданд. Амир бифармуд, то харбандаро биёваранд. Гуфт: Туро музд ҳаст? Гуфт: Ҳаст. Гуфт: Мунодии ман нашунидӣ? Гуфт: Шунидам. Гуфт: Пас чаро раъиятро зиён кардӣ? Гуфт: Хато кардам. Гуфт: Ман аз баҳри хатои ту ба дӯзах натавонам рафтан. Бифармуд, то дасташ бибуриданд.”
(Насиҳатул-мулук, Абӯҳомиди Ғаззолӣ, с.61-62)
6) Расидагӣ ба умури мардум ва шикоятҳои онон:
Ва ҳам ӯ (Имом Ғаззолӣ (р)) дар ҳамин китобаш гӯяд:
“Ва ҳам аз Исмоили Сомонӣ ривоят кардаанд дар китоби “Сиярул-мулук”: Ва он вақт ба Ҷӯйи Мӯлиён будааст ва ҳар вақте ки бархостӣ ва ба гузар даромадӣ, мунодӣ фармудӣ. Ва намози дигар (яъне дар ҳангоми намози аср) парда баргирифтӣ ва ҳоҷибу дарбон набудӣ, то ҳар касро, ки мазламате (додхоҳие, шикояте) будӣ, андаромадӣ ва то канораи басот рафтӣ (яъне ҳар шаҳрванде, ки шикояте дошт, дар канори Амир Исмоил менишаст) ва бо вай сухан гуфтӣ ва ҳоҷат раво гашта бозгардидӣ. Ва бар мисоли омиле (коргузоре) кор ҳамекард, то он гоҳ ки довариҳо сипарӣ шудӣ. Он гоҳ бархостӣ ва риши хеш бигрифтӣ ва рӯ ба сӯйи осмон кардӣ бо оби чашм ва гуфтӣ:
Ё Рабб! Ҷаҳди (талоши) ман ин буд, ки кардам ва ман надонам, ки аз ман бар кадом банда ситам рафтааст ва ту огоҳӣ аз нияти ман, ки маро он нописанд аст. Ё Рабб! Ба ношинохтани он афв кун!
Чун сираташ некӯ буд, лоҷарам кораш баланд гашт ва ҳамаи лашкари вай ҳазор мард буд ва бо Амр ибни Лайс сад ҳазор мард буд ҳама дар оҳан ғарқу ороста. Худой Таъоло вайро (Исмоилро) аз баракати доду адл, бар Амр ибни Лайс зафар дод. Ва ҷаҳон бигрифт ва Амр ибни Лайсро ба некӯӣ дошт. Пас, Амр ибни Лайс кас пеши вай фиристод ва гуфт: Бидон, ки андар Хуросону Ироқ маро молҳои бисёр аст, нусха кунам ва ба ту фиристам. То он ки касони дигар мебаранд, туро бошад.
Чун Исмоил ин сухан бишнид, бихандид ва гуфт: Амр ибни Лайс ҳанӯз бо мо рост намеравад ва мехоҳад, ки ҳар ваболу базеҳ (гуноҳ), ки кардааст, ҳама андар гардани ман кунад ва худ сабукбор шавад ва бад-он ҷаҳон равад. Пас, гуфт: Амр ибни Лайсро бигӯед, ки маро бад-он ҳоҷат нест. Ва Амр ибни Лайсро ба Бағдод фиристод ва худ ба ҳишмат (шукӯҳ) ба амирии Хуросон биншаст… Ва саду сӣ сол ҳукумат андар хонадони вай буд.
Ва чун кор боз ба кӯдакон (яке аз мулуки сомонӣ) расид, бар халқ ҷавр карданд, мулк аз дасти эшон бирафт. Дар хабар аст аз Расули Худо (с), ки: “Соате адли султон беҳтар аст аз шаст сол ибодати обидон.” Ва гуфт: “Ҳар кас, ки шамшери ҷавр баркашад, шамшери ғалаба бар вай баркашанд ва мулозим андар ғам бошад…”
(Насиҳатул-мулук, Абӯҳомиди Ғаззолӣ, с.62-63)
Хоҷа Низомулмулк низ дар “Сиёсатнома” овардааст:
“Ва ҳам ин Исмоил ибни Аҳмадро одат чунон будӣ, ки он рӯз, ки сармо сахттар будӣ ва барф бештар омадӣ, танҳо барнишастӣ ва ба майдон омадӣ ва то намози пешин бар пушти асб будӣ. (Ва) гуфтӣ: Бошад, ки мазламате (додхоҳие, шикояте аз касе) ба даргоҳ ояд ва ҳоҷате дорад ва ӯро нафақоте (пуле) ва маскане (хонае) набуд ва чун ба узри барфу борон моро набинад ва то ба мо расидан бар вай душвор гардад. (Ва) чун бидонад, ки мо инҷо истодаем, биёяд ва кори хештан бигузорад ва ба саломат биравад. Ва монанди ин бисёр аст, ки гуфтаанд, ки ҳама эҳтиёт аз баҳри он ҷаҳон кардаанд.”
(Сиёсатнома, Хоҷа Низомулмулк, с.22)
* * *
Дар поён ба ин нукта ҳам ишора кунам, ки тасвирҳо ва муҷассамаҳое, ки имрӯза аз Амир Исмоил дуруст мекунанд, ба ҳеч ваҷҳ мутобиқ бо он чи дар бораи ӯ нақл шуда нест. Дар ҳеч манбаъе аз манобеъи таърихӣ наёмада, ки Амир Исмоил тоҷе (корона) бар сар гузошта бошад, чунонки дар тасовиру муҷассамаҳои имрӯзӣ ба тасвир кашида мешавад. Асосан, тоҷ бар сар гузоштан то қарнҳои 4 ё 5 ҳиҷрӣ, дар миёни умарои исломӣ расм набуд. На хулафои исломӣ чунин расме доштанд ва на умарои вилоятҳо мисли умарои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғайра. Ин расм баъдҳо дар ҷаҳони ислом пайдо шуд.