Бобоҷон Қаюмов
Бо камоли таассуф, дар ҷомеаи мо имрӯз нафрат ба шаклҳои гуногуне дар ҳоли рушд аст. Нафрат дар шакли маҳал, дар шакли ҳизбӣ, дар шакли динӣ-дунявӣ ё идеологӣ ва нафрат дар шаклҳои нопайдову пинҳонӣ дигар фазои маҷозиро пур кардааст.
Ҳар сухани саршор аз нафрат хуш қабул карда мешавад ва мавриди таҳсин қарор мегирад. Касе, ки маҳорат ва истеъдоди нафратпароканӣ ва нафратангезии бештаре дорад шӯҳрати бештар, тарафдори бештар ва ҷойгоҳи болотаре пайдо мекунад. Ҳар касе сухан аз гузашт, ҳамкорӣ, ҳамгароӣ ва миёнаравӣ мегӯяд, инсони тарсу, бефаҳм, ноогоҳ ва беҷуръату ғайра муаррифӣ мешавад.
Ба ҳамин хотир хеле аз зиёиёни рушанфикри дурандеше, ки қалбу руҳашон холӣ аз нафрат аст, худро канор гирифтаанд, ё ба гунае машғули корҳои дигар ҳастанд.
Бо ин шароит мо ҳамеша шикоят аз он дорем, ки радикализм меафзояд, ҷомеа ифротӣ мегардад ва ҷавонон доишӣ мешаванд.
ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ таҷассуми нафрати анбошта ва тавҷеҳшуда ба номи динанд. Диктатура бошад таҷассуми нафрати анбошта ва тавҷеҳшуда ба номи дунявият аст. Вақте сокинони як маҳал қудратро қабза мекунанду тамоми имконотро дар ихтиёри худ мегиранд ва сокинони дигар маҳалҳоро дар маҳрумият нигоҳ медоранду ба онҳо эҳтиром намегузоранд, вақте аъзои як ҳизб бо ҳизби дигар мудоро ва ҳамкорӣ намекунад, вақте як шахси динӣ бо дунявӣ ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ карда наметавонад, вақте як зиёии дунявӣ ба эътиқодоти диндорон метозаду ба онҳо беэҳтиромӣ мекунад, вақте як инсони диндор бидуни истиҳолаву тарсе камтарин интиқоди зиёиеро ба куфр нисбат медиҳаду ҳукмашро мебарорад, танҳо нафрат эҷод мешаваду рушд мекунад. Дар воқеъ имрӯз ин нафрат аст, ки дар рагу пайванди ҷомеа танида мешавад.
Ҳатто аз тарафи Президент Раҳмон…
Пас аз тамошои суханронии Раҳмон ба ин фикр кардам, ки вақте президенти як кишвар нисбат ба як қишри мардуми худаш ингуна нафрат дораду нисбати онҳо бо нафрату кина ҳарф мезанад, оё ӯ ҳуқӯқи маънавии онро дорад, ки худашро раҳбари кишвар бидонад?
Маъмулан як раҳбар ҳамеша мекушад, ки мавқеъи болотар аз ҳар ҳизбу созмону гурӯҳ дошта бошад, аммо диктаторҳо аз ин кор метарсанд ва тавони чунин мавқеъгириро надоранд. Раҳмонов ҳам надорад.
Суханронии охири Раҳмон ҷуз нафрат нисбати мухолифонаш чизи дигаре надошт. Борҳо гуфтаам, ки ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надошту надорад ва яктарафа баҳогузории он ҳам ҷуз нафратпароканӣ чизе нест. Аммо Раҳмонов дақиқан ҳамин корро кард.
Айнан ҳамон суханонеро такрор кард, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 92 садо медоданд.
Оё шахсе бо мафкураи чунин пурнафрат магар метавонад раҳбару пешво бошад?
Чунин тафаккур ҷуз нафрату парокандагиву душманӣ паёми дигаре надорад ва Раҳмонов тарҳо ҳамин паёмро ба миллат дод!
То замоне, ки ин нафратпароканӣ ва нафратангезӣ дар ҷомеаи мо шинохта нашаваду омилҳои он пайдо ва хунсо карда нашаванд, барои мо душман лозим нест. Худамон душмани рушду пешрафту ободиву озодии худамон хоҳем монд. То замоне, ки шахсоне бо таваҳҳуми душманпиндорӣ ва афкори нафратпароканӣ бар кишвар ҳукумат мекунанд хабаре аз ваҳдати воқеӣ ва озодиву пешрафт нахоҳад буд!
Ин ҳама нафрат барои чист ва моро ба куҷо хоҳад бурд?
Рубрики:Андеша