Баёнияҳо

Паёми таслияти ПМТ

Хабари даргузашти шоири номвар ва муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ, дар канори ҳамаи тоҷикистониён барои раҳбарият ва аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон низ бисёр дарднок буд.

Устод Гулназар Келдӣ, ки баҳақ намунаи барҷастаи як шоири мардумӣ ба шумор мерафт, ёду номи некаш ҳамонанди суруди миллиамон ҷовидон хоҳад монд.

Зинда бош эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,

ҳабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Паймони Миллии Тоҷикистон даргузашти ин фарзонаи миллатро ба яко-яки шаҳрвандон махсусан аҳли адаб ва наздикони шодравон таслият гуфта, барои ӯ раҳмату мағфират ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ хоҳон аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

14 августи 2020

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s