Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо эълом мекунад, дар моҳи декабри соли ҷорӣ (2020), ҳамзамон бо зодрӯзи шодравон Файзинисо Воҳидова, “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” ба барандаи он супурда хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо, ба самъи шаҳрвандони азизи кишварамон мерасонад, ки ба почтаи электроние, ки дар зер оварда мешавад, афроди мавриди назари худро ҳамчун номзад барои дарёфти ин ҷоизаи пурарзиш, ирсол намоянд.
Шартҳое, ки дарёфткунандаи “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” бояд доро бошад, тибқи моддаи 14 “Ойинномаи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”, ба ин шарҳ аст:
Номзад барои дарёфти Ҷоизаи Воҳидова бояд дар яке аз арсаҳои зерин фаъол бошад:
— дифоъ аз ҳуқуқи башар;
— тарвиҷу рушди таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ;
— рушди соҳибкорӣ, дифоь аз ҳуқуқи иқтисодии шаҳрвандон;
— рушди матбуоти озод ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон;
— рушд ва тарвиҷи мардумсолорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон;
— рушди маориф ва фарҳанг;
— дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон;
— тақвияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа.
Ҳар касе, ки яке аз шартҳои номбурдаро доро бошад, шумо метавонед ному насаби ӯ ҳамроҳ бо корномаи мухтасарашро то санаи 1 ноябри соли ҷорӣ (2020) ба ин почтаи электронӣ ирсол намоед:
Лозим ба ёдоварист, ки номзадҳои пешниҳодшуда аз сӯи шумо, тавассути Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза баррасӣ ва арзёбӣ гардида ва аз миёни онҳо шоистатарин интихоб мешавад. Дар ин сол ба хотири мушкилоти бархоста аз вируси корона, номи барандаи ҷоиза аз тариқи расонаҳо ва фазои маҷозӣ эълон шуда ва дар як маросими онлайн ҷоиза ба ӯ супурда мешавад.
Бо эҳтиром,
Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо
2 сентябри 2020
Вилнюс, Литва