Ахбори Анҷуман

Матни пурраи суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

Матни пурраи суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар сӯҳбати онлайние, ки бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид:

Пеш аз ҳама ба Донишгоҳи Вашингтон ташаккур мегӯям, ки бори дигар ин фурсатро дар ихтиёри ман қарор дод. Соли 2012 суханронии ҳузурие доштам ва дар ин 8 сол тағйироти зиёде дар кишвари мо рух дод. Табиист, ки таҳлилҳо, хулосаҳо ва мавзӯъҳои мо ҳам тағйир карданд.

Иҷозат бидиҳед як бор ба 8 сол қабл баргардем ва дар асоси факту рақамҳо бубинем, ки он вақт Тоҷикистон чӣ вазъияте дошт ва имрӯз дар куҷо қарор дорад.

Тибқи гузориши «Экономист» соли 2012 мо ҷузъи 20-гонаи кишварҳои диктотурӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум. Он сол дар рейтинги «Reporters Without Borders» оиди озодии матбуот мо ҷои 120-ум будем, имсол 161, яъне 40 зина поён рафтем. Он сол мо дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо будем, имсол бо болотарин хол — 7 ҷузъи бадтаринҳо ҳастем.

Ҳамчунин дар рейнтингҳои фасод, камбизоатӣ ва озодиҳои мазҳабӣ, ки намехоҳам вақти шуморо бо такрори онҳо бигирам. Чӣ дар суханронии 8 сол қабл инҷо ва чӣ даҳҳо суханрониву мақолаҳои дигар мо бонги хатар мезадем, ки Раҳмон Тоҷикистонро қадам ба қадам ба як кишвари комилан диктотурӣ ва ҳукуматро хонаводагӣ мекунад. Он чизе, ки имрӯз амалӣ шуд. Имрӯз кишвари мо ҷузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин ва 10-гонаи ғайри демкоратиҳост.

Мо метавонем беохир дар бораи сабабҳо ва гунаҳкорони ин вазъият баҳс кунем. Аммо беҳтар мебуд болои чанд омили аслӣ ва роҳи ҳалҳо тамаркуз намоем, то вазъ дар оянда аз ин бадтар нашавад.

Муҳимтарин омиле, ки кишвари моро ба ин ҳол овард, ин дур рафтан аз руҳия ва матни Созишномаи умумии Сулҳ буд, ки соли 1997 дар Москва имзо шуд. Ин санаде буд, ки на танҳо бояд ҷанги шаҳрвандиро хотима мебахшид, балки чорчӯбҳои асосии рушди ояндаи Тоҷикистонро ҳам пешбинӣ мекард. Яъне Тоҷикистон бояд як кишвари демократӣ, гуногунандеш ва таҳаммулгаро мебуд, ки ҳама гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва инсонҳо новобаста аз ақидаву мазҳаб назди қонун баробар бошанд.

Бале, имрӯз метавон гуфт, ки Созишнома ҷангро хотима бахшид, аммо ваҳдату суботро натавонист таъмин кунад. Ва вазифаи дуюмаш, кушодани роҳ барои як Тоҷикистони демократӣ ва пешрафта нотамом монд. Як тарафи сулҳ аз кишвар ронда шуд, садҳо роҳбаронаш аз нав вориди зиндон ӯ кушта шуданд.

Ман шахсан дунболи иштибоҳи дигарон нестам, бештар сари он фикр мекунам, ки худи мо дар куҷо иштибоҳ кардем. Шояд иштибоҳи аслии мо он буд, ки аз ду вазифаи асосии Суозишнома ва раванди сулҳ, яъне ҳифзи сулҳу амният ва таъмини озодиҳову ҳуқуқҳо ба аввалӣ авлавияти бештар додем. Мо фикр кардем, ки ниёзи аввалиндараҷаи ҷомеаи мо амният ва ҳифзи сулҳи ба дастомада ба ҳар қимат мебошад. Ҳатто, ба қимати аз даст додани озодӣ ва ҳуқуқҳо. Дар охир ҳам суботу амниятро аз даст додем ва ҳам озодиву ҳуқуқҳоямонро. Яъне, риоят накардани тавозун дар шинохти авлавиятҳои воқеъӣ, яке аз иштибоҳҳои мо буд.

Имрӯзҳо дар бораи истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар нуқтаҳои доғе мисли Афғонистон, Сурия ва Либия сӯҳбат меравад ва аз мо суол мекунанд. Ба ин суол 10 сол пеш ман дигар хел ҷавоб медодам, ҳоло ҷавоби ман фарқ мекунад. Ман бо боварӣ наметавонам ба тарафҳои даргири ин низоъҳо машварат бидиҳам, ки силоҳатонро ба замин бигзоред, ҳатто агар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафиле ҳам ба шумо замонати амниятро дар оянда бидиҳанд. Сулҳи мо тоҷикон бо миёнҷигарии ООН имзо шуд ва кишварҳои кафил, мисли Русия ва Ирон ба он имзо гузоштанд. Пас аз саркӯбшавии як таарфи сулҳ дар соли 2015 на СММ ва Русияву Ирон садо баланд накарданд ва имрӯз ҳам касе аз Раҳмон суол намекунад, ки чаро сулҳро поймол кард.

Сулҳ, ҳамдигарбахшӣ, сохтани як ҷомеаи босубот ва пешрафта пас аз низоъ набояд як орзу ва шиор бошад. Балки ҳадафи стратегие бошад, ки васила ва механизмҳои амалии татбиқ ва ҳифзи он аз аввал бояд пешбинӣ ва то охир риоят шаванд. Дар сурати ғайр, беҳтарин ва сареътарин мусолаҳа ҳам метавонад мавриди суистифодаи яке аз тарафҳо қарор бигирад. Чуноне, ки мо инро дар мисоли Тоҷикистон имрӯз мебинем.

Як интиқоди дигаре, ки бархе коршиносон алайҳи мо нерӯҳои мухолиф дар Тоҷикистон матраҳ мекунанд, ин таваҷҷӯҳ надодан ба тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ пас аз сулҳ буд. Ва ҳамзамон аҳамияти зиёд ба масоили мазҳабӣ ва амниятӣ. Ман қисман ба ин интиқодҳо мувофиқам ва дар боло ҳам гуфтам, ки мо ҳифзи сулҳро авлавияти аслии худ медонистем. Аммо, иштибоҳи асли инҷо буд, ки тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба вуҷуд овардани ниҳодҳои демократии мустақил ва ислоҳоти сохтории ҳукуматро пеш аз ҳама вазифаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонистем. Фикр мекардем, ки мо ҳамчун як нерӯи оппозитсионии қаблан мусаллаҳ кофист силоҳи худро ба замин бигзорем, ҳамчун як нерӯи сиёсии расмӣ амал кунем ва дар ҳолатҳои зери хатар қарор гирифтани сулҳ аз манфиатҳо, ҳуқуқ ва озодии худ гузашт кунем. Ҳизби мо, ки ягона ҳизби мазҳабии расмии минтақа буд, талош мекард аз худ як намунаи таҳаммулгароӣ, хушунатпарҳезӣ ва омода ба муколамаро нишон бидиҳад. Мо бо ин роҳ мехостем исбот намоем, ки на ҳама ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ радикал ва ифротӣ ҳастанд. Оё мо тавонистем инро исбот кунем ё не, саволест боз. Аммо, он чизе, ки аниқ аст, ин аст, ки мо барои ин нархи гароне пардохт кардем. Ҳизб мамнӯъ, садҳо нафар зиндонӣ ва ҳазорҳо нафар муҳоҷир.

Аммо хеле бемасъулиятӣ мебуд агар мо ин қимати пардохташударо барои идомаи роҳ ва расидан ба натиҷа истифода накунем. Натиҷаи ин ҳама зиндониҳо, шиканҷаҳо ва ҳиҷратҳо бояд расидан ба як ҷомеаи озоду пешрафта бошад, ки ин ҳама дӯстони мо барои он талош карданд ва худро қурбонӣ сохтанд. Дар робита ба ин мавзӯъ бояд бигӯям, ки мо дар гузашта гирифтори як илюзия будаем, ки бояд дар оянда аз он парҳез шавад. Имрӯз мо бар ин ақидаем, ки сохатни як ҷомеаи озоду демократӣ ва дур кардани тиранҳо аз қудрат вазифаи худи миллатҳо ва нерӯҳои ватанӣ аст, на созмонҳои хориҷӣ ва кишварҳои озод. Кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалии манфиатдор дар рушди демократия танҳо метавонанд шарики мо бошанд, на масъулони ин кор. Ва набояд мо аз онҳо интизориҳои дур аз воқеиятҳо дошта бошем. Бовар дорам, ки ин тайғирот барои мо хеле кӯмак хоҳад кард, то пеш аз ҳама такя ба миллатҳо ва мардуми худ дошта бошем ва баъдан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Агар талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои демократикунонии кишвари мо натиҷа медод, бештар аз як миллиард доллари харҷшуда дар тарҳҳои гуногун тӯли солҳои истиқлолият натиҷа медод. На танҳо мо як зина боло нарафтем, балки даҳҳо зина поин омадем. Ва суол ба зеҳн меояд, ки агар ин як миллиард доллар намебуд, мо дар куҷои ҷадвал қарор доштем? Қарор нест имрӯз ба ин савол ҷавоб бигӯем, кофист атрофаш фикр кунем. Шаке нест, ки ин маблағҳо натиҷае доштаанд, аммо истифодабарандагони асосии онҳо боз ҳам худи ҳукуматҳои фасодзада ва бозингар бо ин тарҳҳо мебошанд. Бархе роҳбарони кишварҳои ОМ шеваи таъомул бо ингуна тарҳҳоро ёд гирфитаанд ва тарзе рафтор мекунанд, ки ҳам ба худ чеҳраи каме боз барои чунин тарҳҳоро мегиранд ва ҳам қудрати фардии худро мустаҳкамтар месозанд.

Ман бар он нестам, ки ингуна тарҳҳо қатъ шаванд. Балки бар онам, ки шарики худ донистани ҳукуматҳои фасодзада ва душмани озодиву демократия дар чунин тарҳҳо як содалавҳие беш нест. Ва дар дохили кишвари мо ҳам амалӣ кардани чунин тарҳҳое дигар тақрибан имконпазир нест. Мисоли равшанаш ин аст, ки ҳеч кадоме аз созмонҳои машғул ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандон омода нестанд ба парвандаи зиндониҳои сиёсии мо кор бигиранд. Чун ҳокимият марзи фаъолияти онҳоро муайян кардааст. Ин айби онҳо нест, ин воқеиятест, ки онҳо маҷбуранд ба назар бигиранд. Ҳамзамон, ҳазорҳо фаъолони иҷтимоӣ, сиёсӣ ва расонаӣ ба хориҷ ҳиҷрат кардаанд, ки аз берун барои ислоҳи вазъ фаъолият мекунанд. Вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар фалсафаи татбиқи чунин тарҳҳо дар кишвари мо ва кишварҳои монанд таҷдиди назар кунад. Бояд як тавозуни мантиқӣ байни фаъъолони дохил ва хориҷ вуҷуд дошта бошад, то мо иштибоҳҳои гузаштаро такрор накунем.

Ба касе пӯшида нест, ки ҳукумати Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизми диниро ҳамчун як василаи мубориза бо мухолифин, гуногунандешон ва аз тарафи дигар, таҳкими қудрати худ истифлда мебарад. Ҳамаи нерӯҳои мухолифи дар хориҷ буда шомили рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудаанд. Аз ҷумла, ҳам ҳизби мо ва ҳам ПМТ, ки 2 сол пеш дар Аврупо ташкил шуд. Бидуни он, ки ҳоло мо кореро анҷом дода бошем, аллакай вориди чунин лист шудем. Ин ҳама баёнгари муносибати ҳукумати кишвар ба масъалаи шинохт аз терроризм ва мубориза бо он аст.

Ҳамагон огоҳанд, ки соли 2018 дар Данғара ходисаи террористӣ рух дод, ки шаҳрвандони амрикоӣ, ҳолландӣ ва швейтсарӣ кушта шуданд, ки баъдан ДОЪИШ онро ба дӯш гирифт. Аммо ҳамагӣ чанд соат пас аз ин ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон бидуни кадом таҳқиқоти аввалия моро муттаҳам ба анҷоми ин куштор карданд. Ва дар додгоҳи пӯшида ҳам ин иттиҳом бори дигар садо дод ва то ҳол аз мавқеи худ даст накашидааст. Мо билофосила ин ҳодисаро маҳкум ва иттиҳомотро рад кардем. Ҳамзамон, талаб кардем, ки як таҳқиқоти байналмиллалӣ сурат бигирад ва натиҷаҳояш эълон шавад. Мутаассифона, то имрӯз ҳеч таҳқиқоти байналмилалӣ сурат нагирифтааст, агарчӣ қурбониёни ин ҳодиса ҳама шаҳрвандони хориҷи буданд, аз чумла амрикоӣ. Ва ин иттиҳоми ҳукумат алайҳи мо расман боқӣ мондааст. Мо ҳанӯз ҳам талаб мекунем, ки ин таҳқиқот сурат бигирад ва омода ҳастем ба он кӯмак намоем ва дар назди як додгоҳи одили байналмилалӣ аз худ дифоъ кунем. Мутаассифона, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Амрико ҳам нисбати ин ҳодиса хулосаҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти худро изҳор накардаанд, ки боиси суитафоҳумҳо мешавад.

Мо шаффоф ва дақиқ будан дар масъалаи шинохт ва мубориза бо терроризмро яке аз омилҳои асосии пешрафт медонем. Ҷавоб нагуфтан ба иттиҳомотҳои дурӯғини мақомоти Тоқикистон ва вокуниши ҷиддӣ накардан на танҳо мубориза ба терроризмро кӯмак намекунад, балки худ кӯмак ба диктотурҳое мисли Раҳмон мебошад, ки дар вуҷуди терроризм манфиатдор ҳастанд. Зеро, вуҷуди гурӯҳҳои воқеан террористӣ ва экстремистии махдуд ва контролшаванда ҳамеша ба нафъи чунин диктотурҳо будааст ва мемонад. Ин як баҳонаи хубе барои идомаи саркӯбгарии мухолифин ва нигаҳ доштани қудрат мебошад.

Инак бо чунин вазъият кишвари мо вориди интихоботи перзидентӣ мешавад. Интихоботе, ки номзадҳояш ва барандааш аз қабл маълум аст. Фақат номаълум аст, ки Раҳмон ба худ чанд фоиз овоз менависад. Оё мисли як «Пешво» наздики 100 фоиз ё бо назардошти ҳодисаҳои Белорус каме хоксорӣ хоҳад кард. Агар аз 90 фоиз кам бигирад, пас «Пешво» будан зери суол меравад.

Аллакай маълум аст, ки ҷомеа нисбати ин интихобот комилан бетафовут аст ва як нигоҳи масхараомез дорад. Номзад шудани худи Раҳмон барои аксарият маънои онро дорад, ки ҳеҷ тағйироте нахохад шуд. Аз нигоҳи мо, омадани яке аз фарзандон ҳам, ки эҳтимолаш мерафт, чизеро ба таври умум тағйир намедод. Зеро қудрати асосӣ боз ҳам дасти худи Раҳмон боқӣ мемонад. Аммо аз лиҳози равонӣ ҳамагуна тағйирот дар ҳокимият як иддаро умедвор месозад ва як мудати кӯтоҳ метавонист фишори равониро аз болои ҷомеа бардорад.

Ин маънои онро дорад, ки раванди бӯҳронӣ чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ боқӣ хоҳад монд ва бадтар ҳам мешавад. Зеро тамоми омилҳо барои бадтар шудани вазъият дар кулли минтақа вуҷуд дорад ва кишвари мо заъфитарин ҳалқа дар ин занҷира мебошад. Ва дигар барои ҳамагон мушаххас аст, ки ҳукумати хонаводагӣ бо роҳбарии Раҳмон ислоҳшаванда нест ва идомаи онҳо дар қудрат метавонад бесуботӣ ва равандҳои идоранашавандаеро пеш биёрад, ки бар зарари ҳамагон хоҳад буд.

Мо ҳамчун як бахше аз нерӯҳои опоозитсионӣ ва касоне, ки аз ояндаи кишвар нигаронанд, дар чунин ҳолат пешоруйи саволе истодаем: оё мисли қабл танҳо ба хотири ҳифзи «субот» нақши як мунтақиди нармро идома бидиҳем ва ё ба таври чиддӣ вориди амал шавем, масъулият ва рискҳоро ба дӯш бигирем, то аз фоҷеаи бузургтар пешгирӣ шавад. Таҷрибаи гузашта нишон дод, ки таҳаммули ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои ҳикимият ба хотири хифзи «субот» натиҷае ҷуз шикастани ҳамон «суботи дурӯғин» ва омадани бесуботиву беқонунӣ нахоҳад дошт. Ба таври ҷиддӣ вориди амал шудан маънии даст задан ба иқдомҳое нест, ки вазъяитро аз будаш бадтар созад, балки маънии

— омода будан барои пазируфтани масъулият,

— доштани тасаввури рӯшан дар бораи ояндаи кишвар,

— аз лиҳози сохторӣ ва фикрӣ омодагӣ барои мудирияти равандҳои пешбининашуда,

— расонидани паёмҳо ва дидгоҳҳои мушаххас мардум,

— ва аз ҳама муҳим, дур аз хушунат будан дар тамоми марҳалаҳои мубориза.

Мо фаъолияти худро дар се самти асосӣ: ҳуқуқибашарӣ, сиёсӣ-дипломатӣ ва расонаӣ барномарезӣ кардаем, ки тайи 2 соли фаъолияти ПМТ аллакай натиҷа додаанд. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ парвандаи 15 нафар зиндонии сиёсӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ рафт ва хулосаҳо дар бораи бегуноҳии онҳо содир шуд. Мо бояд механизмҳои баъдии озодии онҳоро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намоем, ки ин кори сангине мебошад.

Ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвари мо ва вазъи амниятӣ-сиёсии минтақа имкон намедиҳад, ки қазияи мо ба таври чиддӣ дар доираҳои сиёсӣ ва дипломатии ғарбӣ матраҳ шавад. Кишвари моро аз призмаи бӯҳрони Афғонистон мебинанд ва минтақаи таҳти нуфузи Русия ва Чин. Ин вазъият кори моро дар самти сиёсӣ ва дипломатӣ душвор гардонидааст.

Шояд муҳимтарин базаи кори мо расонаӣ будааст. Зеро ҳукумати Тоҷикистон бо монополия кардани фазои расонаӣ ва маҳдуд намудани расонаҳои озод то чанде пеш яккатоз дар ин майдон буд. Тайи ду соли охир як тағйироте ба вуҷуд омад ва дар саҳнаи матбуотӣ бо талошҳои фаъолони хориҷӣ чанд расонаи мустақил ва ё наздик ба мухолифин ба саҳна омад. Ба назари мо ин муҳимтарин бахше аст, ки бояд мавриди пуштибонӣ қарор бигирад. Будани садо ва иттилооти алтернативӣ барои огоҳии мардум хеле муҳим аст.

Дар бораи вазъияти оппозитсия мехостам чанд нуктаро ёддовар шавам.

Мо комилан дарк мекунем дар кадом вазъият фаъолият карда истодаем. Агар шумо ба вазъияти мухолифини Русия ва Белорус назар андозед, вазъияти мо чандин баробар сахттар ва даҳшатноктар аст. Куштор, рабудан ва шиканҷаи мухолифин ва наздиконашон, барои Раҳмон як кори оддӣ аст, ки то ҳол касе ӯро барои ин ҷиноятҳояш ҷазое надодааст. Ҳатто таҳриме ҳам алайҳи ӯ ҷорӣ нашудааст. Кам нестанд диктотурҳое, ки дар радабандии ҷаҳонӣ аз Раҳмон «нармтар» ҷой доранд, вале мавриди таҳримҳои гуногуни кишварҳои ғарбӣ ҷарор гирифтаанд. Баръакс, Раҳмон яке аз диктотурҳои «худӣ» аст, ки гоҳ гоҳ ба Аврупо даъват ҳам мешавад. Мо одат кардаем дар шароити душворе кор кунем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро тақрибан нодида мегирад. Даҳҳо механизмҳои фишор ба диктотурҳо ва пуштибонии маънавии қурбониёни онҳо то имрӯз дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва натиҷа ҳам додаанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо нисбати кишвари мо амалӣ нагаштаанд. На Раҳмон бо дигар поймолкунандагони ашадии ҳуқуқи башар вориди таҳримҳое гаштанд ва на аз қурбониҳои онҳо ҷое ба таври ҷиддӣ ёдоварӣ мешавад. Шакке надорем, агар Бузургмеҳр Ёров шаҳрванди кишвари мо намебуд, аллакай сазовори чандин ҷоизаҳои байналмиллаии мӯътабар гашта буд. Ӯ вакиле аст, ки таҳти ҳамагуна фишор аз рисолати худ даст накашид ва ниҳоятан 26 сол зиндонӣ шуд. Раҳмон тавонист бо ин кораш ҳамаи вакилон ва мудофеъони ҳуқуқи башарро битарсонад, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонист аз вакили зиндоние пуштибонии маънавии сазовор кунад.

Болотар гуфтам, ки мо интизори худро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳади ақал расонидаем ва дигар дучори он илюзия нестем, ки каси дигар озодиро барои мо ҳадя хоҳад овард. Агар пуштибонии лозим аз муборизаи мо сурат нагирифт, мо афсус хоҳем хӯрд, вале касеро барои чунин мавқеъ гунаҳкор нахоҳем донист. Чун сохтани кишварҳои озод масъулияти мост ва касе чуз мо ин корро нахоҳад кард. Танҳо интизори мо миллатҳои қурбонишуда аз дасти диктотурҳо ин аст, ки ба ин тиранҳо Ғарб кӯмак накунад. Фақат ҳамин. Мутмаин бошед, агар кӯмаку пуштибониҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои озод набуд, миллатҳо зудтар ва бо қурбонии камтар ба озодӣ мерасиданд.

Шояд бархе бигӯянд, ки Ғарб кӯмаке шахсан ба ин тиранҳо накардааст ва корҳои мо дар чорчӯби робитаҳои дуҷонибаи байналмилалӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ мебошад. Мо ҳеҷ гоҳ мухолифи чунин робитаҳо нестем ва буда ҳам наметавонем. Аммо таҳқиқ накардани ҳодисаи куштори шаҳрвандони ғарбӣ дар Данғара ва хомӯшона пазируфтани версияи ҳукумат ин кӯмаки бузурге ба диктотура ва дурӯғ аст. Даъват ва пазируфтани Раҳмон аз тарафи Макрон ин писханд ба ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ ва кӯмаки калони таблиғотӣ ба як диктатор аст. Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҳатман шоҳид буд, ки чигуна дастгоҳи пропагандаи Раҳмон ин сафарро «эътирофи сиёсатҳои хирадмандонаи Пешво аз тарафи Европа» шарҳ дод. Ворид накардани мақомоти шиканҷагари Тоҷикистон ба рӯйхати Магнитский ин кӯмак ба онҳост. Ва ниҳоятан, истифодаи стандартҳои дугона дар шинохти диктаторҳо ва тақсими онҳо ба «худӣ ва бегона», ин кӯмак ба онҳост. Онҳо бо истифода аз ин бархӯрди дугонаи кишварҳои ғарбӣ ба диктаторҳо бозӣ кардан бо зеҳни мардуми худ ва кишварҳои ғарбиро хуб омӯхтаанд. Ҳамон гуна ки меъёрҳои дугона дар шинохти терроризм мубориза бо онро ба мушкилӣ гирфтор кардааст, дар таъомул бо диктаторҳо низ айнан ҳамин вазъяитро дорем.

Тақсим кардани диктаторҳо ба худӣ ва бегона на танҳо мубориза бо онҳоро душвор гардонидааст, балки боиси ноумедӣ ва шакки бисёре аз мардуми ин кишварҳо ба арзишҳои эълоншуда ва садоқати кишварҳои ғарбӣ ба ин арзишҳо гаштааст. Ман яке аз омилҳои бештар шудани руҳияи ғарбситезӣ дар ҷомеаҳои ақабмондаро дар ду чиз мебинам:

  1. Бозии диктаторҳо, гурӯҳҳои родикали сиёсӣ ва маҳзабӣ бо зеҳни мардум ва аз худ қаҳрамон тарошидан дар баробари таҳоҷуми фарҳангӣ, иҷтисодӣ ва сиёсии Ғарб;
  2. Яксон, усулӣ ва ҷиддӣ рафтор накардани кишварҳои ғарбӣ бо диктаторҳо, ҳолатҳои помолшавии озодиҳова ҳуқуқи башар.

Аз нигоҳи мо агар таъсири омили аввал дар пайдоиш ва рушди радикализм бештар бошад, омили дуввум зарбаи ин радиколизмро бештар ба тарафи Ғарб равона мекунад. Ҳамин аст, ки ҷавонони маҳрум ва мунзавӣ аз дасти диктаторҳои маҳаллӣ дар ин кишварҳо заъиф кардани Ғарбро муҳимтар аз сарнагун кардани ҳокимони фасодкори худ медонанд. Чун ӯ эътиқод дорад, ки то Ғарб аз пуштибнии ин диктаторҳо даст накашад, мубориза бо онҳо фоида надорад. Ин тасаввури ғалат танҳо замоне аз байн меравад ва ё ҳади ақал камтаъсир мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ бо диктотурҳо бозиро қатъ кунанд ва бо онҳо ҷиддӣ бошанд.

16 сентябри 2020, Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

»

  1. Ба шумо савол Кабири ?
    1. Шумо бигуед, ки дар ватани худ дар куҷо як мактаб сохтед.
    2.шумо бигуед, ки дар ватани худ дасти кадам бечора ва ятимеро гирифтед.
    3.шумо бигуед, ки дар куҷойи Тоҷикистони мо роҳ сохтед.
    Ба шумо мегуем, ки аз дур истода нисбати Тоҷикистони ҷавон ва ба пешрафти Ватани азизамон ҳасад набаред ва санги маломат назанед чунки ин беномуси шуморо нишон дод.

    Нравится

  2. Мардуми тоҷикро дигар гумроҳ карда наметавонед
    вокуниш оид ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА
    Имрўзҳо тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ аз тарафи бадхоҳони миллати тоҷик мавзуъҳое матраҳ мегарданд, ки саропо аз дуруғу далелҳои беасос интишор мегарданд. Баъзан аз он дар андеша мешавем, ки оё ҳангоми матраҳ ва интишор кардани ин матнҳо андешаи он, ки аз номи миллату мардуми тоҷик дур аз ватан истода баҳогузорӣ менамоян шармашон намеомада бошад.
    Ҳама ин гуфтаҳо бештар ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳи
    Ҷорҷ Вашингтони ИМА рост меояд. Ҳангоми шинос гардидан бо матнҳои пурраи суханрониҳои М.Кабирӣ бештар аз он, огоҳ мешавем, ки сиёсати пешгирифтаи давлатдории Тоҷикистони азиз, тавоноию қудрат, малакаю маҳорат ва сиёсатшиносию роҳбарии одилонаи Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон эътироф намудани мардум ин фарзанди фарзонаи миллатро ҳамчун Пешво ва муаррифиаш ба ҳайси Ҷаноби олӣ дар чашми ў ва ҳамақидагонашон чун хор мехалад.
    Ин ҳасосияти онҳо бештар аз он сабаб аст, ки дигар сухан ва ақидаи онҳо барои мардуми тоҷик муҳиму ҳадафрас нест ва дигар наметавонанд ин миллатро гумроҳу сарнагун намоянд. М. Кабири бештар дар давлатҳои хориҷи кишвар мехоҳад нуфузу эътибори давлату давлатдории моро паст занад аммо бо ин роҳ боз бештар худ ва обрую эътибори бе ин ҳам надоштаи худаш хатчадор мегардад. Ҳайрон аз онам, ки магар як бор М.Кабирӣ аз худ намепурсида бошад, ки то кай бо номи паймонҳо ҳизбу ҳаркатҳое, ки бо хоҳиши шунида шудану дидашуданаш номи Тоҷикистонро ҳатман дар онҳо ҷой медиҳад аз қабили «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо зери пардаи макру фиреб тавон меоварда бошад.
    Бармегардем ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳ Ҷорҷ
    Вашингтони ИМА дар баромад қайд мешавад, ки (айнан оварда мешавад) «Тибқи гузориши «Экономист» соли 2012 мо ҷузъи 20-гонаи кишварҳои диктотурӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум. Он сол дар рейтинги «Reportes Without Borders» оиди озодии матбуот мо ҷои 120 –ум будем, имсол 161, яъне 40 зина поён рафтем. Он сол дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо будем, имсол бо болотарин хол – 7 ҷузъи бадтаринҳо ҳастем». Аз интишори ин матн фаҳмидан душвор аст, ки кадом мо?, оё нафаре, ки ҳатто ҳақи шаҳрвандии ин миллатро надорад, барои ривоҷу равнақаш коре накардааст, ҳақи аз номи миллати тоҷик ҳарф задану таҳлили вазъи Тоҷикистони азизи моро дорад. Фикр мекунам ин ташнаи ҷангу хунрезӣ бо ин роҳ мехоҳад танҳо дили пур аз кони бадию макру ҳилаи худро каме ҳам бошад таскин диҳад. Ҳамзамон дар мавриди ҷузъи бадтаринҳо будан аниқ худ ва ҳамақидаҳои худро дар назар дорад, вагарна Тоҷикистон бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии худ маҳз таи он солҳое, ки Кабирӣ дарҷ кардааст даврони ривоҷу равнақ ва ободию созандагии саросарии кишварро ба даст оварда, тавонист пешравиҳои сиёсию фарҳангии худро ба ҷаҳониён муоррифи намояд.
    Дар самти рейтингҳои фасод, камбизоатӣ ва озодиҳои мазҳабӣ, ки дар баромад дарҷ гардидааст фикр мекунам мисли худи муаллиф ҳоҷати изҳори андеша кардан ҳам нест. Мардуми тоҷик зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама озодиҳои инсониро доро аст. Имрўз дар баробари сохта ба истифода додани иншоотҳои соҳаи маориф сохтмони иншоотҳои бузурги динӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки мардуми тоҷик инро бо чашми сар мебинанд. Албатта ба ҷуз Кабирӣ ва ҳамфикронаш ки дар ҳақиқат аз биноии чашми сару ақл бенасибанд.
    Мардуми тоҷик дар баробари дигар дастовардҳо аз ҳама бештар аз озодии мазҳабии худ баҳравар аст, ки инро бо он, ки дар баргузории тамоми ҷашнҳои динию мазҳабӣ аввалин шуда, худи Сарвари давлат мардуми шарифи кишварро бо фарорасӣ ва моҳияҳои аслии ин ҷашнҳо табрик намуда, баргузорӣ ва таҷили онҳоро зери назорат ва таваҷҷуҳи худ медиҳад мисол шуда метавонад. Аз нақли пиронсолон буданд замоне, ки мардум аз доштани илми динӣ ва мутолиаи «Қуръони карим» метарсиданд ва ин чун амали ғайриқонунӣ дониста мешуд. Вале имрўз бо шарофат ва дастгирии маҳз Сарвари давлат барои соҳиби маълумоти динӣ гардидани шаҳрвандон тамоми шароитҳо муҳайё буда, китоби муқаддаси «Қуръон» дастраси ҳар як хонадони тоҷик аст. Яъне боз ҳам саволе пайдо мешавад, ки Кабирӣ дар хусусӣ кадом озодии динӣ ҳарф мезада бошад. Шояд ҳамон озодии динӣ, ки тамоми маҳдудият ва хушунат нисбати занону модарон нигаронида шуда бошад, ва ё он озодие, ки мехоҳанд онҳоро ба курсиҳои мансабу мартабаҳо бурда расонида, мардумро зери итоату шиканҷаҳои худ қарор додан бошад.
    Оиди камбизоатӣ ва Тоҷикситонро ҷузъи кишварҳои кашшоқ, заиф ва бастатарин дарҷ намудани Кабирӣ аз он минбарҳои бонуфуз дарҷ намуданиам, ки шукр, ки мардуми тоҷик соҳиби кулба ҳам бошанд аз худашон ҳаст, ба мисли шаҳвандони бархе аз кишварҳои хориҷ дар кўчаҳо бекасу беҷои зист нестанд, шукр, ки Тоҷикистон дар баробари он, ки аз давлатҳои дигар маҳсулот қабул мекунад, худ низ метавонад аз маҳсулотҳои гуногуни аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро содирот намояд. Яъне доду гирифт дорем.
    Тоҷикистон ва мардуми тоҷик заиф набуду нест ва инро борҳо бо шикаст хурдани ҳадафҳои нопоки бадхоҳони миллат баҳо дода метавонем. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бастатарин кишвар набуд ва нест, ки инро ҳам аз ҳадафҳое, ки Пешвои миллат яке аз ҷузъҳои асосии идоракунии давлати худ қарор додааст ба хуби дарк карда метавонем. Аз ҷумла, дарҳои кушодаи Тоҷикистон ба рўи оламиён, барқарорсозии муносибатҳои дустона бо кишварҳои ҳамсарҳад ва тамоми дунё аст, ки мо аз ин мефахрем ва танҳо Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш дарун дарун сухта инро нодида мегиранд. Илова бар ин мардуми тоҷик дили васеъ дорад танҳоиро намеписандад ва ин аст, ки расидем то соҳибистиқлолию ваҳдату ягонагии миллат ва шинохта шудем дар ҷаҳон.
    Кабирӣ дар суханрониаш дарҷ кардааст, ки имрўз аз истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ў суол мекарда бошанд. Боз ҳам савол аст, ба ҳайси ки аз ў дар бораи давлату миллате мепурсида бошанд, ки ягон робита ҳатто бовари дорам хуни ҳам бо ин миллату давлат надорад пурсон мешаванд. Ваё дарҷ менамояд, ки иштибоҳи онҳо буд, ки ба ҳифзи сулҳу амният ва таъмини озодиҳову ҳуқуқҳо авзалият доданд, дар ин гуфтаҳо Кабирӣ рўи аслии худро боз як бори дигар нишон додааст. Яъне пушаймон аст аз он, ки имрўз давлату миллати тоҷик соҳиби сулҳу суббот аст ва мардум соҳиби озодиҳову ҳуқуқҳои худ ҳастанд. Дар ин самт гуфтанием, ки шумо иштибоҳ накардед чашму ақли шуморо худованд барои дилу ниятҳои нопокатон кур кард, ки аз ин мо мардуми тоҷик шукргузор аз худовандем.
    Дар ҷои дигар Кабирӣ аз он гила кардааст, ки ҳизби онҳо ягона ҳизби мазҳабии минтақа буд ва бо мондани силоҳ хостаанд худро ҳамчун як намунаи таҳаммулпазирӣ, хушунатпаҳрезӣ нишон диҳанд ва дарҷ намудааст, ки намедонад инро исбот карда тавонистаанд ё не. Алббата не. Кабирӣ шояд ҳануз ҳам дарк накардааст, ки барои роҳандозии мазҳаби динӣ ва шинохти худованд барои мардуми натанҳо тиоҷик балки тамоми дунё ягон ташкилоту ҳизбу ҳарату равияҳо лозим нест. Ин нерўе ҳаст, ки дар қалбу руҳи инсонӣ бо роҳандозии тарбияи дуруст ва шинохти худи инсон рох меёбад на бо роҳи ташкили ҳизбу ҳаракатҳо, агар соддатар карда гуем Худованд барои шинохташ эҳтиёҷ ва ташкилоту ҳизбҳои хиёнатхоҳи шуморо надорад.
    Кабири дар баробари ин боз идома надодани роҳашонро бемсъулияти донистааст, ки ин бори дигар аз он далолат менамояд, ки хиёнаткору дилсиёҳ ҳеҷ вақт дар ягон ҳолат аз нияти нопокаш намегардад. Дар робита ба ин масъала дар гузашта даргири илюзия будану барои расидан ба нияти нопокаш такя намудан танҳо ба миллату ҷомеа ва нерўи ватаниро дарҷ кардааст. Аз ин гуфтаҳо бори дигар худ ба қавле қоил гардидааст, ки роҳи пешгиритаи ў ва ҳамақидагонашон аз оне, ки бо дастгирии кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии манфиатдор хостанд барои нестии ин миллат талош варзад нодуруст буд. Дар ин радиф ба манфиати ин миллат буд, ки он маблағҳое, ки барои талоши нестии миллат бояд сарф мекарданд барои сохтани манзилҳо, хариди мошинҳо, бустонсаройҳо ва дигар масоили шахсии ин бадтинатон сарф шуд. Кабирӣ намедонам бо кадом рўй имрўз такя намудан танҳо ба миллату ҷомеа ва нерўи ватаниро кардааст. Ё шояд ҳанўз ҳам дарк накардааст, ки ў барои ин миллату ҷомеа ҷое надорад. Дар лаҳзахои душвори вазъи Тоҷикистон ў натанҳо бо ин миллат набуд балки худ ин душворию рўзҳои сиёҳро ба сари мардум овард. Он лаҳзаҳо танҳо ин марди шариф, фарзанди дар асл ҳам фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳар баҳона мехоҳад санги маломат ба сўяш андозад бо ин миллат буд, барои ин миллат умри ҷавони худро, тамоми нерўю тавони худро бахшид. Кабирӣ шояд ҳануз ҳам хуб дарк накардааст, ки дар ин давлату миллат танҳо ҳақи такя кардан ба ин миллат, ҷомеа ва нерўи ватаниро Пешвои мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, на каси дигар.
    Дар ҷои дигар Кабирӣ доир ба масъалаи шинохти терроризм ва муборизаи Тоҷикистон бо терроризм изҳори ақида карда, дарҷ намудааст, ки Хукумати Тоҷикистон эктремизми диниро як василаи мубориза бо мухолифин, гуногунандешагон ва таҳкими қудрати худ қарор додааст. Ба ақидаи мо ин бисёр ҳам дуруст аст, чунки ҳамагон имрўз медонанд, ки шумо зери ниқоби ислом чи ният доштед ва ҳар нафаре, ки хиёнат ба миллату давлат мекунад аз тероррист ягон камие надорад. Дар он мавриде, ки модар, ватан, сулҳу суббот барои Кабирӣ ва ҳамандешагонаш қиммате надорад пас онҳо агар бошад аз калимаи террорист ҳам бадтар бояд номгузорӣ мешуданд.
    Кабирӣ дар самти ворид гардидани кишвари Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ дарҷ кардааст, ки номзадҳояш ва барандааш аз қабл маълум аст. Ин бисёр хуб аст, ки Кабирӣ худ низ дарк кардааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон медонад ва бо боварӣ номзади арзандаи худро интихоб менамоянд. Танҳо ҳаминро дарҷ карданиям, ки мардуми тоҷик танҳо зери роҳбарии Сарвари сиёсатмадору одилаш тавонист аз зери бори нобудии ба вуҷудовардаи ин бадхоҳони миллат наҷот ёфта, давлати дар асл озоду демократиро бисозанд. Ин аст, ки мардум ба Роҳбару Пешвои худ боварии комил доранд.
    Доир ба рух додани ҳодисаи террористӣ соли 2018 дар ноҳияи Данғара, ки Кабирӣ бо исрор таҳқиқи одилонаи онро кардааст, боз як найранги ў барои бегуноҳ нишон додани ҳамҳизбиёнаш мебошад. Вале дигар барои мардуми тоҷик ақида ва дархостҳои пардапушонаи ў аҳамияте надоранд. Дар таҳқиқи ин қазия тавассути расонаҳо ва васоити ахбори омма ба таври васеъ гунаҳгорони аслӣ ва сарпарастони онҳо ошкоро нишон дода шуданд ва гунаҳгорон ба кирдори худ пурра эътироф карданд, ки дигар ҳоҷат ба шарҳ додани ин амали ноҷавонмардонаи онҳоро надорад. Шояд ҳамин аст, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба гуфти худи Кабирӣ аз баргузории таҳқиқоти байналмилалӣ дасткашӣ кардаанд.
    Дар охир бисёр умед дорам, ки Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш дарк намоянд, ки барои дар гуфтору таҳлилҳои бемантиқашон гирифтани номи Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтааш, дар ҳар як матнаш «кишвари мо» дарҷ кардани Тоҷикистон боз як шармандагии дигар аст, ки ба сари худ бор мекунад. Наход худ эҳсос накунад, ки ҳангоми дар ин кишвар будан чи манфиате барои мардум овард, ки аз дур истода насибашон мекунад. Ё шояд умедҳои охирини худро аз он, ки Тоҷикистон руз аз рўз ободтару пешрафта ва мардумаш озоду хушбахттар мегарданд аз даст дода истода ин ҳама лофҳоро бо сузу гудоз мезанад.
    Кабирӣ агар зарае, ҳиси инсоният дар вуҷудат бошад (бовар дорам, ки нест) андеша кун, ки на мардуми тоҷик балки ту худ дар кадом вазъ ҳастӣ аз нотавонии худ бо номи кишваре, ки фасоду камбизоаташ мехонӣ паноҳ бурда паймону созмонҳои худро номгузорӣ мекунӣ. Дар даврони соҳибмансабиат бархе аз мардумро гумроҳу хиёнаткор кардӣ, имрўз аз бегуноҳ зиндони шуданашон лоф мезанӣ вале каме андеша кун ки буд сабабгорӣ аслӣ. То он андоза ноҷавонмарди, ки мардум бахусус хамгуруҳони худро ба ҳоли худ гузошта аз кишвар аввалин шуда, гурезон шудӣ. Агар имрўз боз ҳам ҳамфикру ҳамақидагони худро дорӣ пас ҳайронам ки ин бенангон киҳо бошанд, ки боз дубора ба як хиёнаткор бовар доранд. Аз нафаре, ки хизмат ба модару падари худ накардааст дигарон бояд чи умеде дошта бошанд.
    Ба Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш гуфтанием аз Сарвари мо биомўзед, ҷонфидоиро, аз Пешвои мо биомўзед сиёсатмадорию матонат ва мардонагиро, баъдан посухи суолҳои беҷавоби худро хоҳед ёфт, ки барои чи ин миллат зери сояи ин фарзанди фарзона қарор доранд ва ҳамеша дуогўи онанд, ки на як интихоботи дигар балки садсолаҳо Роҳбар ва Пешвои мо бошанд.
    Ба ақли солим ва сиёстшиносии миллатам бовар дорам, ки дигар фирефтаи суханбозиҳо ва макру найрангҳои амсолони Кабирӣ намегарданд ва дирўзу имрўзи кишварро аз нигоҳи худ баҳогузорӣ менамоянд.
    Абдуллозода Н.Ш.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s