Баёнияҳо

Баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳуҷуми навбатӣ ба Раҳматилло Зойиров

Паймони Миллии Тоҷикистон латукӯби навбатии Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистонро шадидан маҳкум намуда, онро як амали ҷинояткорона барои тарсонидан ва интиқом медонад. Раҳматилло Зойиров интихоботи 11-уми октябрро ҳамчун ҳуқуқшинос ғайриқонунӣ дониста, эълон намуда буд, ки ҳизби онҳо дар он ширкат нахоҳад кард.

Ин бори аввал нест, ки сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва шахсиятҳои мустақилли миллӣ аз тарафи ашхоси номаълум мавриди ҳуҷум қарор мегиранд ва аксари ин ҳодисаҳо ба таври лозим таҳқиқ намешаванд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки худи мақомот дар паси ин ҳодисаҳо қарор доранд ва ин ҳуҷумҳо ба хотири тарсонидани мардум ва фаъолон сурат мегиранд.

ПМТ диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарро бори дигар ба ин ҳодиса ва ҳодисаҳои пештар рухдода ҷалб намуда, аз онҳо тақозо менамояд, ки чораҳои лозимро барои ҳимояти гуногунандешон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон биандешанд.

Боиси нигаронист, ки Тоҷикистон дар пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ба қадам ба як кишвари комилан диктотурӣ ва саркӯбгар табдил шудааст ва ин раванд идома дорад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

Варшава, 25. 09. 2020

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s