Дидгоҳ

Вақте фазои бенишотӣ дар ҷомеа соя меафканад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар рӯзгори мо, дар ҷомеаҳо, аз ғарб то ба шарқи кураи хокӣ, пеш аз интихоботҳо фазо комилан дигар мегардад ва шаҳрвандон бо як шӯри хоссе пайгири муборизаҳои пеш аз интихоботӣ мешаванд, номзадҳо аз роҳҳои гуногун – расонаҳо, таҷаммӯъот ва гирдиҳамоиҳо ва ғайра – ба муаррифии барномаҳои худ мепардозанд, ва хулоса, як нишоти хоссе фазои ҷомеаро пур мекунад.

Ва ин нишоту зиндадилӣ замони баргузории интихобот ва бахусус ҳангоми раъйшуморӣ, ба авҷи худ мерасад ба гунае ки мардум лаҳзашуморӣ мекунанд, то бибинанд чӣ касе пирӯзи интихобот будааст; оё номзади мавриди назарашон, ё яке аз рақибони ӯ? Зеро аҳаде намедонад, ки моҳасали раъйҳои рехташуда ба сандуқи оро чист.

Дар даҳаи 90 қарни 20-ум ва ҳамчунин солҳое, ки ҲНИТ расмӣ буд, дар ҷомеаи мо чунин фазое дар замони интихоботҳо, албатта то ҳадде на ба сурати матлуб, ҳукмфармо буд, аммо дар 10 соли ахир фазои Тоҷикистон аз нишот комилан холӣ шудааст, ва на танҳо нишоте нест, балки баръакс дар ҷомеа фазои бенишотӣ ва беҳавсалагӣ ва бетафовутӣ соя афканда.

Ва ин бенишотӣ ва бетафовутӣ нисбат ба интихобот ба ҳадде имрӯзҳо намоён аст (ва ин ҳақиқат мадди назаратон бошад, ки то чанд рӯзи дигар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд), ки нухбаҳои ҷомеа – то чӣ расад ба мардумони оддӣ – ки қоъидатан тамоми ҳамму ғамму фикру зикрашон имрӯзҳо интихобот бошад, дар фазои маҷозӣ саргарми баҳсу гуфтугӯ ва табодули назар дар бораи издивоҷи як хонум бо як ҷавон ҳастанд ба гунае ки шуморе мувофиқи ин издивоҷ ва шуморе ҳам мухолифи он ва он гоҳ ин “мувофиқону мухолифон” бо ҳам ҷарру баҳс мекунанд, ки ман дуруст мегӯям ва ту нодуруст.

Албатта, айб дар нухбаҳо нест, балки фазо якчунин фазое аст. Айби ҳукумат ва дору дастааш аст, ки мутаассифона ҷомеаи моро ба лиҳози сиёсӣ ҷомеае бенишот, мурда ва бетафовут гардонида. Вагарна, ин бандагони Худо яъне нухбаҳо, агар интихобот воқеан интихобот буд ва номзадҳои шоиста ва мустақилле дошт, қатъан ҳарф барои гуфтан доштанд, аммо ҳоло чӣ бигӯянд? Оё мардумро барои ширкат дар интихобот ташвиқ ва ба раъй додан ба номзади мавриди назарашон бихонанд? Оё ба таҳлилу баррасӣ биншинанд ва масалан аз пешбинии худ бигӯянд, ки ба назарам ва ба ин далелу он далел, фалонӣ аз шонси бештаре барои пирӯзӣ бархӯрдор аст? Дар ҳоле, ки дар хусуси ин масхараи пеши рӯ, яъне “интихобот”, на танҳо нухбаҳо, ки тамоми мардум, кучаку бузург ва донишгоҳиву бозорӣ, аз як навъ “илми ғайб” бархӯрдор ҳастанд, яъне ҳамагон медонанд, ки пирӯзи ин “интихобот” касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон нест.

Ин аст, ки нухбаҳои тоҷик тарҷеҳ додаанд ба ҷойи баҳсу гуфтугӯ дар бораи ин “интихобот”-и масхара, дар бораи издивоҷи он хонум ва он ҷавон бо ҳам гап бизананд ва ё агар хеле сиёсӣ бошанд, дар бораи интихоботи Белорус ва ҳаводисе, ки дар пай дошт баҳс кунанд ва шуморе мухолифи Лукашенко гарданд ва шуморе ҳам мувофиқи ӯ ва он гоҳ ин “мухолифу мувофиқ” ба ҷони ҳам афтанд.

Ин аст натиҷаи соя доштани фазои бенишотӣ ва беҳавсалагӣ ва бетафовутӣ дар ҷомеаи мо дар ноҳияи сиёсӣ. Самараи ин бенишотӣ ва беҳавсалагӣ ин аст, ки тоҷикистонӣ худро ҳақиру таҳқиршуда эҳсос кунад. Зеро мебинад, дар дигар ҷомеаҳо, нишот ва зиндадилӣ дар ин ноҳия вуҷуд дорад, аммо ӯ аз он маҳрум аст. Ин маҳрумият эҳсоси ҳақорат (унижение) дар руҳу равони ӯ эҷод мекунад.

Тоҷикистониҳо то ба ин ҳадд, ки имрӯз худро таҳқиршуда (униженный) эҳсос мекунанд, дар ҳеч замоне набудааст. Ҳатто дар замони Шӯравӣ (СССР) то ба ин ҳадд хештанро миллате таҳқиршуда эҳсос намекарданд, ҳарчанд кишваре мустақил набуд ва аз ин рӯ агар орзуи бозгашт ба он рӯзгорро бикунанд, набояд инро барояшон айб гирифт.

* * *

Аҷиб он аст, ки вақте ин воқеияти талх ба мақомоти кунунӣ ва ҳаводорони бе руҳу отифаи онҳо гуфта шавад, филфавр аксу тасвири чанд бинои чандошёнаи сохташуда дар чанд соли ахирро ба рухатон мекашанд ва мегӯянд: бибин, мо куҷо расидем! Дар ҳоле, ки ғофиланд аз ин воқеият, ки баҳс баҳси бино ва чанд хонаи сохташуда аз хишту оҳан нест, балки баҳс баҳси инсони тоҷик аст; мавҷуде, ки ӯ хишту оҳан нест, балки мавҷудест мураккаб аз ҷисму руҳу эҳсосоту отифа. Аташи эҳсосоти ин мавҷуд ҳаргиз бо хишту оҳану биноҳои чандошёна сероб намешавад, ӯ озодӣ мехоҳад ҳатто агар дар кулбае вайрона зиндагӣ кунад. Ӯ каромат мехоҳад ҳатто агар муҳити ӯ муҳите ҷангал бошад, на биноҳои чандошёна. Ӯ мехоҳад дар интихоби раисиҷумҳураш саҳмгузор бошад ҳатто агар ҷомеаи ӯ ҷомеаи аҳди буқӣ бошад.

Хостаҳои аввалиндараҷаи инсони зинда ва дорои отифа ва эҳсосот ҳаминҳост, на биноҳои осмонхарош. Оё ин ҳақиқатро мақомоти кунунӣ, ва дар раъси онҳо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мефаҳманд?! Бо камоли таассуф намефаҳманд. Ва ҳамин нафаҳмии онҳо инсонро ранҷ медиҳад.

* * *

Гуфтем, самараи маҳрумият дар ин ноҳия, эҳсоси ҳақорат (унижение) аст, ва аммо эҳсоси ҳақорат ба навбаи худ самаре дорад бас хатарнок. Ва он, ифротгаро шудан аст. Аз вожаи ифротгароӣ зуд маънои динии он ба зеҳнатон хутур накунад. Ифротгароӣ яъне зиёдаравӣ. Ба лиҳози равонӣ (ки ин баҳс дар равоншиносӣ маъруф аст), инсон вақте эҳсоси ҳақорат дар ӯ пайдо мешавад, ин эҳсос дар замири нохудогоҳ (бессознательное)-и ӯ ба сурати уқда ҷамъ мешавад, он гоҳ ин уқдаҳо ба шаклу сурате дигар аз замири нохудогоҳи инсон фаварон хоҳад зад. Ба лиҳози равоншиносӣ, ин уқдаҳои ҷамъшуда ба шакле берун хоҳанд зад, ки соҳибаш барои таскини руҳи таҳқиршудаи худ, рӯй ба ифрот меоварад ва бо ин роҳ мехоҳад ба “худ”-и таҳқиршуда ва поймолшудаи худ ҳайсият бахшад.

Барои исботи ин ҳақиқати талх, чандон ниёз ба барпоии далел ҳам нест, мутолеаи таърихи ҷомеаҳое, ки муддате тавассути ҳуккомашон таҳқир мешуданд, кофист. Дур намеравем, намунаи боризи он Ироқ ва Либии муосир аст. Мардумони ин ду кишвар, ки солҳои мутамодӣ тавассути ҳокимони худкома ва диктотури худ таҳқир мешуданд, баъд аз раҳоӣ аз низоми диктотурӣ, бо ҳуккоми худ ҳамон рафтореро пеша карданд, ки он ҳукком замоне бо онҳо мекарданд. Ҳама диданд, Қаззофӣ ба дасти он мардум чӣ гуна ва ба чӣ ваҳшонияте кушта шуд. Бо Саддом низ ҳамин гуна рафтор шуд. Ва ин ду кишвар то ба имрӯз аз амнияти матлубе бархӯрдор нестанд. Зоҳиран, мардумони ин ду кишвар ҳанӯз дар ҳоли таскини руҳу равони таҳқиршудаи худ, ки солҳои дароз дар худ эҳсоси ҳақорат мекарданд ҳастанд.

Кош мақомоти Тоҷикистон мутаваҷҷеҳи ин ҳақоиқи талх мешуданд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s