
Анҷумани Озодандешони Тоҷик изҳор медорад:
Дар ҷаласаи санаи 2 октябри соли 2020, ки бо иштироки Шӯрои раҳбарии АОТ баргузор гардид, аризаи истеъфои ду тан аз аъзои Шӯрои раҳбарии АОТ – Равшани Темуриён ва Ҳаким Раббимпур ва ҳамчунин муаррифии аъзои ҷадиди Шӯрои раҳбарӣ баррасӣ гардид.
Дар хусуси аризаи истеъфои ду тан аз дӯстон, Шӯрои раҳбарии АОТ зимни қабули сабабҳое, ки азизон ба хотири он ночор ба истеъфо шудаанд ва қабули ҳамаи он эродҳо, изҳор дошт, ки аз он ҷо, ки аксари аъзои Шӯрои раҳбарии АОТ узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) низ буданд ва АОТ бештарин саҳмро дар ин эътилоф дошт, аз ин рӯ, дар як соли ахир агар ҷаласоти АОТ баргузор нагардид, сабаби онро машғул будани он аъзо донист.
Ва таъкид гардид, ки камбудиҳое, ки ин ду азиз шумурдаанд, Шӯрои раҳбарии АОТ мепазирад ва аз ин ба баъд саъй дар ислоҳ ва ҷуброни ин камбудиҳо мекунад.
Бинобар ин, Шӯрои раҳбарии АОТ зимни эҳтиром ба тасмими ҷанобон Равшани Темуриён ва Ҳаким Раббимпур барои истеъфо, аз ҳар як аз ин ду бузургвор ба хотири хидматҳое, ки аз замони таъсиси АОТ анҷом дода буданд, ниҳояти тақдиру ташаккури худро иброз медорад.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа, масъалаи ҷойгузинии ин ду тан бо афроде дигар баррасӣ гардида ва ҷаноби Салим Султонзода, узви АОТ, ба узвияти Шӯрои раҳбарии АОТ пазируфта шуд.
АОТ эълом мекунад, ки фаъолияти ин созмон камокон идома хоҳад дошт, балки бештар хоҳад шуд, ҳам ба унвони як созмони мустақил ва ҳам созмоне дар зимни Паймони Миллии Тоҷикистон.
Бо эҳтиром,
Алим Шерзамонов, Мудири иҷроияи Шӯрои раҳбарии АОТ
02.10.2020
Рубрики:Баёнияҳо