Баёнияҳо

Департаменти иттилоотии ПМТ: “Ҳеч фарде асосгузори ПМТ намебошад”

Департаменти иттилоотии Паймони Миллии Тоҷикистон дар баёнияи кӯтоҳе дар вокуниш ба иддаои сомонаи “Медиамаркер”, бо таъкид бар ин ки “ҳеч фарде асосгузори ПМТ набуда, тибқи меъёрҳои он танҳо созмонҳо метавонанд асосгузори он бошанд”, хотиррасон кардаст: “Истравшанӣ тибқи усули намояндагии баробар аз ҳама созмонҳои узв, танҳо узвияти Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистонро дорад.”

Матни пурраи баёнияи Департаменти иттилоотии Паймони Миллии Тоҷикистон ба шарҳи зерин аст:

Сомонаи «Медиамаркер» дар матлаби худ зери сарлавҳаи “Рисолат танҳо сомонаи тоҷикӣ, ки ИМА масдуд кардааст” ишора ба он кардааст, ки узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон ҷаноби Сайидюнуси Истравшанӣ “аз асосгузорони” Паймони Миллии Тоҷикистон мебошад.

Департаменти иттилооти Паймони Миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳеч фарде асосгузори ПМТ набуда, тибқи меъёрҳои он танҳо созмонҳо метавонанд асосгузори он бошанд. Ҷаноби Сайидюнус Истравшанӣ тибқи усули намояндагии баробар аз ҳама созмонҳои узв, танҳо узвияти Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистонро дорад.

Департаменти иттилооти ПМТ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо расонаҳо, коршиносон ва созмонҳо мебошад.

Департаменти иттилооти Паймони Миллии Тоҷикистон

21.12.2020

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s