Ҷомеа

Ёддошти Илҳомҷон Ёқубов ба муносибати зодрӯзи шодравон Файзинисо Воҳидова

Агар ҳукми тақдир намебуд, имрӯз (24 декабр) он қаҳрамони дифоъ аз бепаноҳон ва ранҷдидагон, бонуи шуҷоъу бебок, муаллима Файзинисо Воҳидова ба синни 57-солагӣ мерасиданд. Аммо сад афсӯс, ки он бону пас аз фишорҳои пай дар пайи мақомоти дахлдори ҳукумати Тоҷикистон ва таҳдиду бозҷӯиҳои бемаънӣ, ки мунҷар ба бистари шуданашон дар бемористон гардид, дар 4 январи соли 2019 дори фониро тарк карданд ва ба дори боқӣ шитофтанд.

Бозҷӯиҳои муаллима аз тарафи мақомот дар декабри 2018 шиддат ёфта буд. Ҳаргиз ёдам намеравад, муаллима 7 декабри соли 2018 занг заданд, рӯзи ҷумъа буд, гуфтанд, ки мақомоти амниятии вилояти Суғд даъваташон кардаанд ва чунин паёмеро расонданд, ки агар ҳодисае пеш ояд, бидонам, ки дар натиҷаи бозпурсиҳои мақомот будааст. Нусхаи даъватномаро низ бароям фиристод буданд, ки ҳанӯз пешам ҳаст.

Пас аз он бозпурсиҳо, агар хато накунам саҳарии рӯзи 17 декабр, занг заданд ва гуфтанд, ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд мераванд, то онҷо муолиҷа шаванд ва ҳамзамон аз дасти мақомот андаке ҳам бошад роҳат намоянд, вале онҷо низ мақомот оромашон нагузоштанд.

Қабл аз он таърих, муаллима ҳаргиз аз касе нахоста буданд, ки ёддоштҳо ва ё мусоҳибаҳояшон бо ин ё он расона пок карда шавад, вале аз беморхона ба ман занг заданд ва хоҳиш карданд, ки бо дӯстон дар пойгоҳи таҳлилии “Паём” тамос гирам ва аз онҳо хоҳиш кунам, то охирин назари муаллимаро аз ин расона бардоранд, зеро муаллима бароям фаҳмонданд, ки “амниятиҳои мӯҳтарам” онҷо ҳам оромашон намегузоранд. Маълум буд, ки фишор болои муаллима шиддат ёфтааст.

Рӯзе набуд, ки бо муаллимаи гиромӣ дар тамос набошем, ҳамеша дар орзуи дидани Тоҷикистони озоду ҳуқуқбунёд буданд, орзу доштанд ҳама дӯстону ёронаш аз зиндон озод шаванд, орзу доштанд то дигар дар кишвар ягон маҳбуси сиёсӣ намонаду набошад.

Ҳоло баргардем ба рӯзҳои охарини ҳаёти ин бузургвор, гуфтам тақрибан ҳар рӯз ҳамроҳашон дар тамос будам, аз беморхона бо воситаи «Имо» дар тамос будем, саломатиашон рӯй ба беҳбудӯ буд, дақиқан саҳарии 24 уми декабр охирин бор сӯҳбати кӯтоҳ доштам, бо рӯзи таваллудашон табрик кардам. Гуфтанд, дар наздам бастагонам омадаанд ва имрӯз аз бемористон ба хона меравам то рӯзи таваллуд ва соли навро дар хона бо фарзандон таҷлил кунам ва ба хона, ки расидам ба худат занг мезанам. Аммо афсӯс дигар ба зангҳои пай дар пайи ман ҷавоб набуд.

Аз ин сӯҳбат тақрибан ду ҳафта нагузашта буд, ки дар саҳарии 4 январи соли 2019 хабари шаҳодати муаллима ба гӯши ҳамагон расид. Он рӯз яке аз сиёҳтарин рӯзҳо барои ҳамаи озодандешони тоҷик ба шумор меравад. Зеро касеро аз даст доданд, ки ҳамеша пушту паноҳашон буд.

Муаллима ҳатто дар сахттарин рӯзҳо ва душвортарин шароит барои мухолифон, ҳаргиз робита ва тамоси худро бо онҳо қатъ накарда буданд. Баъд аз ҳиҷрат, чанд навбат ба Аврупо сафар карданд ва банда тавфиқи хидмат ба эшонро доштам. Бо ҳам меҳмони чанд созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон шуда будем ва муаллима дар ин нишастҳо аз мушкилот дар кишвар сухан мегуфтанд. Ба ҳар сурат, ёди он азиз ба хайр.

Қарор буд дар ҳамин рӯзҳо як маросими онлайнӣ баргузор менамудем ва ҷоизаи ин сол (2020)-ро ба барандаи “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” эъто мекардем, вале ба хотири шуюъи коронавирус ва машғул будани меҳмононе, ки барои супурдани ҷоиза даъват шудаанд, ин маросим чанд вақти дигар баргузор хоҳад шуд. Дар ҳамон рӯз номи баранда ҳам эълон мешавад.

Як хоҳиш аз ҳамаи онҳое, ки ин сатрҳоро мехонанд чанд ояте аз Қуръони карим бихонанд ва ба рӯҳи муаллима ва модари азизу гиромӣ бибахшанд.

Ёду хотири муаллимаи азиз ҷовидон бод!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s