Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст…
Даргузашти ситораи фарҳангу ҳунари кишварамон Ҳабибулло Абдуразоқов барои кишвари мо зоеъаи бузургест. Марҳум Ҳ. Абдуразоқов дар синни 83-солагӣ бар асари беморӣ аз олам чашм пушиданд.
Марҳум дорои унвонҳову ҷоизаҳои дохилию байналмилалӣ буда, дар арсаи фарҳанг барои миллати мо ифтихороти зиёде офарида ва парчамдори ҳунари волои миллии мо дар замони Шуравӣ ба шумор мерафт.
Ҳабибулло Абдуразоқов бо нақшофарӣ дар беш аз 30 филми мухталиф дар шаклгирии ҳуввияти миллии тоҷикон ва рушди фарҳанги миллии мо нақши муҳим доштааст.
Паймони Миллии Тоҷикистон ин мусибати миллиро ба тамоми миллат, бахусус ҷомеаи фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар ва шогирдону дӯстони марҳум таслият арз мекунад.
Шӯрои ПМТ, зимни ҳамдардии амиқ бо Барзу Абдураззоқов ва дигар фарзандону пайвандонаш, ба онҳо аз Худованд сабр ва ба марҳум биҳишти ҷовидонро хоҳон аст.
Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон
19.01.2021
Рубрики:Машоҳир