Баёнияҳо

Баёнияи муштараки чанд созмони ҳуқуқи башарӣ бо дархости озодии фаврии Дониёр Набиев

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо бояд дар мавриди ҳукми 7 сол зиндон дорои ангезаҳои сиёсӣ иброзӣ нигаронӣ кунанд.

(Вилнюс – 22.01.2021) Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башар, Фонди Бузургмеҳр Ёров ва коршиносони ҳуқуқи башар ва донишгоҳӣ бо интишори баёнияи муштараке аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки билофосила ва бидуни қайду шарт Дониёр Набиев, як фаъоли сиёсии мусолиматомези 80-соларо, ки мақомоти тоҷик вайро бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва ба 7 сол зиндон маҳкум карданд, озод кунад.

Ин созмонҳо ва коршиносон гуфтанд, ки боздошти худсарона ва зиндонӣ кардани пирамард Набиев аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ва он ҳам дар замони вабои ҳамагир ва кушандаи COVID-19 ба далели фаъолияти мусолиматомез ва хайрхоҳона, зиндагии вайро дар маърази хатари ҷиддӣ қарор дода, ҳукумати Тоҷикистон бо ин амалаш таъаҳҳудоти ҳуқуқи башариро нақз кардааст.

Стив Свердлов, мудофеъи ҳуқуқи башар ва профессори ҳуқуқи башар дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ гуфт: “Буҳрони тӯлонӣ-муддати ҳуқуқи башари Тоҷикистон қурбониёне, аз ҷумла теъдоди зиёде аз адвокатҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ, доштааст.” Ӯ афзуд: “Аммо зиндонӣ кардани як фаъоли пиронсол, ки дар маърази хатари ҷиддии ибтило шудан ба вабои COVID-19 дар замони вабои ҳамагири маргбор қарор дорад, як нақзи ҷадид аст. Душанбе бояд фавран ӯро озод кунад.”

Дониёр Набиев, ки дар Тоҷикистон маъруф ба Бобои Дона аст, як фаъоли тулонӣ-муддат дар Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, барҷастатарин ҳизби мухолифи Тоҷикистон буд, то инки ҳукумат ин ҳизбро дар соли 2015 баст ва онро як созмони террористӣ муаррифӣ кард, мебошад. Наздикони Набиев ба созмонҳо гуфтанд, ки мақомоти тоҷик ӯро дар ноҳияи Рудагӣ дар 27-уми августи соли 2020 ба иттиҳомоти сохтаи терроризм (моддаи 307 қонуни кайфарии Тоҷикистон), аз ҷумла иддаоҳои ҷаълии мабнӣ бар инки гуё ӯ ба шибҳинизомиёни мусаллаҳи Афғонистон кумаки молӣ кардааст, дастгир карданд.

Аз замони боздошташ дар моҳи август ва бо вуҷуди синни болояш, мақомот то судури ҳукмаш дар моҳи декабр Набиевро дар СИЗО-и Душанбе нигаҳ доштанд. Онҳо ба вай ҳатто иҷозаи як мулоқот бо наздиконашро надоданд. Парвандаи Набиев ҳамчун як парвандаи “махфӣ” буд, ҳамон тавре ки дар бисёре аз парвандаҳои дорои ангезаи сиёсӣ иттифоқ уфтод. Ба ин маъно ки вакили вай иҷоза надошт, ҳар гуна иттилоот дар мавриди ин иттиҳомотро бо мардум дар миён бигзорад.

Ҳамчун интиқом дар қиболи фаъолиятҳои вай ва ироаи кумакҳои молӣ ба бастагони бисёре аз зиндониёни сиёсӣ, мақомот Набиевро ҳадаф қарор доданд. Наздиконаш ба созмонҳо гуфтанд, ки Набиев тақрибан 18 доллар дар моҳ ба чаҳор ё панҷ хонаводае кумак мекард, ки наздиконашон аз аъзои ҲНИТ буданду барои фаъолиятҳои мусолиматомези сиёсиашон зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин, Набиев дар рӯзҳои таътилот меваву гушт ба хонаводаҳо мерасонд. Дар таърихи 28 декабри 2020 додгоҳи Душанбе вайро ба 7 сол зиндон маҳкум кард.

Эдвард Лемон, профессори Донишгоҳи Буш ва Донишгоҳи Техаси A&M ва раиси Анҷумани “Oxus” дар умури Осиёи Марказӣ (the Oxus Society for Central Asian Affairs) гуфт: “Гузоштани Набиев дар пушти панҷараҳои зиндонӣ бо вуҷуди синни болояш ва замони вабо як амали ваҳшиёна ва интиқомҷӯёна дар баробари некиҳо мебошад, ки ӯ ба эҳтимоли зиёд наҷот наёбад.” Ӯ афзуд: “Мо аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, ки ҳадди ақал ба далелҳои инсонӣ, ӯро фавран озод кунад ва ба саркуби беамони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва мухолифини сиёсии мусолиматомез поён диҳад.”

Аз соли 2015, ҳукумати Тоҷикистон саркуби бераҳмонае алайҳи ҲНИТ анҷом додааст. Мақомот беш аз аз 150 узви онро ба зиндон андохтаанд. Душанбе саъй кардааст, то аъзои ҲНИТ дар хориҷ аз кишварро боздошт ва истирдод кунад ва ҳукмҳоеро бар асоси иттиҳомот сохта ба INTERPOL, созмони пулиси байналмилалӣ мефиристад, то мухолифинро ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонад ва дар баъзе маворида онҳоро рабудааст. Мақомот ҳамчунин бастагони мухолифинро мавриди таҳқири умумӣ қарор додаанд ва дар бархе маворид онҳоро ба забти филмҳои маҳкум кардани бастагони худ маҷбур кардаанд.

Контроли буҳрони вируси корона дар Тоҷикистон нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди ҳуқуқи башар эҷод кардааст. Президенти худкомаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, моҳҳо аз пазируфтани вуҷуди вабои ҳамагир ё иҷрои ҳар гуна иқдом барои маҳдуд кардани шуюуъи вирус худдорӣ кард. Ҳукумат вай чандин таҷаммуъи густурда дар моҳҳои марту апрел баргузор кард, ки мешавад онҳоро чорабиниҳои бузурги паҳнкунандаи вирус номид ва баргузории чунин таҷаммуъҳо мухолифати мустақим ба дастурамалҳои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ буд.

Мақомоти зиндонҳо ҳамчунин дархостҳои мукаррар барои озодӣ ё интиқоли дастаи хоссе аз зиндониёни дар маърази хатар ба ҳабси хонагӣ ва роҳнамоиҳои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ва Дафтари Коммисарияти Олии Ҳуқуқи Башар барои коҳиши теъдоди ҷамъияти зиндонҳо дар замони вабои ҳамагирро рад карданд. Наздикон дар моҳи июн гузориш доданд, ки Раҳматуллоҳ Раҷаб, маҳбуси сиёсии маъруф ва узви ҲНИТ ба ин вирус мубтало шудааст.

“Муҷозоти як пирамарди 80-сола ба сабаби кумакҳои хайрхоҳона ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ? Ин ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бори дигар нишон медиҳад, ки ҳадафаш эҷоди тарс дар зеҳнҳои шаҳрвандоне ҳаст, ки ҷасорати иқдом ба фаъолиятҳои мустақиллона доранд,” гуфт Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ.

Мақомот дар таърихи 4 сентябр аз боздошти ду моҳи дигари фаъоли сиёсӣ, Маҳмурод Одинаев, муовини Ҳизби мухолифи кучактари Сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳукумат Одинаевро, ба ҳамроҳи писараш, Ҳабибулло Ризоев, ба “авбошгарӣ” муттаҳам кард, ки муҷозоти ҳадди аксар то 5 сол зиндонро дар пай дорад. Аъзои Ҳизби Сотсиал-демократ гуфтаанд, ки боздошти Одинаев ва писараш талоше аст барои ворид кардани охирин зарба ба ҷомеаи маданӣ ва мухолифини сиёсии тозаворидшудаи Тоҷикистон.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Маркази Тоҷикистон оиди Ҳуқуқи Башар, гуфт: “Тоҷикистон соли дигари саркубгариро бо ду маврид нақзи чашмгири ҳуқуқи башар шуруъ кард.” Ӯ афзуд: “Ин ду мавриди саркубгарӣ зиндонӣ кардани марди пиронсол дар замони вабо ва боздшти яке дигар аз афроди аршади мухолифи сиёсӣ мебошанд. Мо умедворем, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо нигарониҳои ҷидди худро ба Душанбе дар мавриди ин мавориди нақзи ҳуқуқи башар хоҳанд расонид.”

Барои иттилооти бештар, лутфан бо афроди зерин тамос бигиред:

Дар Вилнюс, Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, (тоҷикӣ ва русӣ), ; +370 615 37433 (мобил); @yoqubovilhomjon

Дар Вена, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башар (тоҷикӣ, англисӣ ва арабӣ), +43 664 97 95 485 (мобил); @mahmudjan

Дар Варшава, Ҷамшед Ёров, раиси Фонди Бузургмеҳр Ёров

Дар Лос Анҷелос, Стив Свердлов, мудофеъи ҳуқуқи башар ва профессори ҳуқуқи башар дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), +1 917 580 1115 (мобил) @EdwardLemon3

Дар Вошингтон, Эдвард Лемон, профессори Донишгоҳи Буш ва Донишгоҳи Техаси A&M ва раиси Анҷумани “Oxus” дар умури Осиёи Марказӣ (the Oxus Society for Central Asian Affairs), (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), +1 917 580 1115 (мобил) @EdwardLemon3

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s