Муроҷиати ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб ба раисҷумҳур
Валамати Иброҳимзода, ҳамсари зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб бо талаби раҳо кардани шавҳараш аз боздоштгоҳи ҷаримавӣ ва раисҷумҳур муровиъат кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст “агар муроҷиат ба раисҷумҳур ҷнояти вазнин аст, пас маро ҳам барои ин муроҷиатам назди шавҳарам зиндон кунед”.
Ба гузориши сайти Паём, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, аъзои Раёсати Олии ҲНИТ пас аз муроҷиат ба раисҷумҳур бо дархости бозбинии парвандаашон ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуда ва имкон дорад зери шиканҷаи равониву ҷисмонӣ қарор доранд.
Дар наворе, ки Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Валамати Иброҳимзода дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кардааст, Иброҳимзода мегӯяд “шавҳарам ва ҳамаи хонаводаи моро бо шумули кӯдакону наберагон душмани халқ эълон кардаанд. Мо душмани халқ нестем, мо мардумем, ки ҳақи муроҷиат ба хидматгоронашро дорад”.
Ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб мегӯяд “шавҳари маро ба карсер (боздоштгоҳи ҷаримавӣ) гузаронданд. Бе ин ҳам 6 соли зиндон саломатии ӯро хароб кард. Карсер ба ҷавонони солиму бардам мисли ҳукми қатл аст. Ба онҷо зиндониҳоеро мешинонанд, ки ҷиноятҳои сангине дар зиндон анҷом додаанд… Аммо магар муроҷиат ба раисҷумҳур ҷинояти аст?”
Ӯ мегӯяд қаблан шавҳараш 7 бор ба раисҷумҳур нома навишта аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо нарасидаанд. “Магар ӯ гунаҳкор аст, ки номаҳояш ба шумо намерасанду маҷбур шудааст номаи кушод нависад?” — суолгузорӣ мекунад ба раисҷумҳур Иброҳимзода.
Навори муроҷиати Валамати Иброҳимзодаро инҷо бубинед:
Рубрики:Ҳуқуқи башар, Ҷомеа