Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз вазъи ба вуҷудомада дар минтақаи Бадахшон, ки боиси марг ва захмӣ гаштани афроди мулкӣ гаштааст, изҳори нигаронӣ намуда, истифодаи силоҳ алайҳи эътирозгарони мусолиҳатомезро шадидан маҳкум менамояд. Вазъияти ба вуҷудомадаро ПМТ натиҷаи сиёсатҳои иштибоҳии роҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатӣ дар як даҳсолаи охир дар саросари кишвар, ба хусус дар вилояти Бадахшон медонад.
Аз вазифа сабукдуш кардани як фарди мулкӣ аз раисии ВМКБ ва ба ҷои вай таъйини як низомӣ, баёнгари сиёсати иштибоҳи роҳбарияти кишвар ва нақшаи бештар амниятӣ ва низомӣ кардани вазъи минтақа ва кишварро дорад.
Ҳанӯз аз соли 2012 то имрӯз рафтори роҳбарияти кишвар ва мақомоти қудратӣ дар минтақа ҳаммонанди як нерӯи ишғолгари (окупатсионӣ) хориҷиро мемонад. Дар сурате, ки минтақаи Бадахшон як гӯшаи сарзамини ҷудонопазири Тоҷикистон ва мардуми он ҷузъе аз миллат ва мардуми кишвар мебошанд.
Паймони миллии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки буҳронӣ кардани вазъи Бадахшон як иқдоми аз қабл тарроҳишуда ба хотири дур кардани диққати мардум аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад, ки кишварро фаро гирифтааст ва рӯз то рӯз бадтар мегардад.
Эътирози мардум аз сиёсатҳои иштибоҳии мақомот, талаби адолат ва ислоҳот ҷузъи ҳуқуқҳои аслии шаҳрвандон мебошад, ки дар қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон сабт шудаанд. Эътирози мардуми Бадахшон алайҳи қонуншиканиҳо ва беадолатиҳои мақомоти кишвар ва талаботи онҳо комилан одилона мебошанд.
Бинобар ин, Паймони миллии Тоҷикистон пуштибониии комили худро аз эътирозгарони ш. Хоруғ ва дигар шаҳрвандони кишвар дар саросари ҷаҳон эълон менамояд ва аз онҳо ҳимоят хоҳад кард.
Ҳамзамон, Паймони миллии Тоҷикистон аз мақомдорони кишвар қотеъона талаб мекунад, ки талаботҳои қонунӣ ва одилонаи мардуми Бадахшонро, ки дар баёнияи мардумӣ нашр шудааст, фавран амалӣ кунад, то пеши роҳи бештар васеъ гаштани эътирозҳоро бигирад. Дар ғайри он, тамоми масъулияти оқибатҳои ин вазъият бар души роҳбарияти кишвар хоҳад буд.
Паймони миллии Тоҷикистон аз ҳамаи ҳамватанони сарбаланд, ватандӯст ва озодихоҳи кишвар даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои душвор дар паҳлӯи ҳамватанони бадахшонии худ бошем ва ба ҳар василаи имконпазир кӯмаки моддӣ ва маънавии худро расонем.
Паймони миллии Тоҷикистон
26. 11 2021
Рубрики:Ахбори Анҷуман