Дидгоҳ

Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оиди зарурати воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё

Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (2)

Рӯзноманигори Радиои Озодӣ, Мирзонабӣ Холиқзода саволе ба миён гузоштанд, ки чаро Тоҷикистон узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё намешавад?

Оиди ин масълаи муҳимми рӯз нуқтаи назари худро баён намуда будам, инҷо боз мехоҳам каме бештар ва дақиқтар бар ин масъала равшанӣ андозам.

Ба гузашти зиёда 30 сол аз касби истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамоно ба сифати як давлати дорои низом ва сохтори устувор ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократии комил пайдо накардааст.

Ҳамин ҳоло ҳам Тоҷикистон ба тафовут аз кишварҳои ҳамсоя, ҳамоно ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дасту панҷа нарм мекунад.

Барои ҳар тоҷики ватандӯст доштани як давлати рушдкарда, устувор ва босубот (дар амал ва на дар сухан) аз ҳама муҳим он аст, ки аҳолии худро ба ҷои кор, маоши муносиб ва манзилу кошонаи хуб таъмин намояд. Ин, ҳам орзуву ҳавас ва ҳам боиси ифтихор аст. Аммо воқеияте, ки имрӯз дорем ва дар он зиндагӣ ба сар мебарем, ин тавр нест. Пас, саволе пеш меояд, ки чӣ бояд кард?

Дороиҳое, ки аз давраи Шӯравӣ мерос боқӣ монда буд, хуб мешуд, ки ба ҷои тороҷ оқилона аз онҳо истифода бурда шаванд. Ва ин дар ҳолест, ки аксари саноатҳо, сохтмонҳо, корхонаҳо, манзилу биноҳои иҷтимоӣ ва ғайра, бо баҳонаи хусусигардонӣ, ғорат карда шудааст. (Дар мавзӯҳои ояндаи соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, метавон мисолҳои равшан овард.)

Ҳатто аз кӯмакҳои хориҷӣ, миллионҳо грантҳои бебозгашт, қарзҳои хориҷӣ, конҳои тилло, нуқра, симоб, сурма, волфрам, молибден, сангҳои қиматбаҳо, қувваи барқ, қувваи корӣ мумкин буд, ки оқилона истифода бурда шаванд. Вале афсӯс ҳамаи ин аз назар дур ва ё соқит шуд. Дар натиҷаи ин ғоратҳо, миллат маҷбуран рӯ ба муҳоҷират овард, ки хело ба мушкилоти сангин рӯ ба рӯ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021, дар Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонт сабти ном шудаанд.

Бино бар маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ 331353 нафар аз кишвар ба Федератсияи Русия барои дарёфти кор омадаанд.

Вале ин хадамот солҳои гузашта аз 480 000 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ хабар медод.

Оиди вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳаммияти воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, назари банда, дар баъзе масъалаҳо манфӣ ва масъалаҳое ҳаст, ки мусбӣ аст. Яъне Тоҷикистон бояд вориди Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО) шавад. Чаро?

Шароити муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия муносиб ва мувофиқ нест, балки хеле душвор ва махсусан пас аз паҳншавии бемории куруновирус сангинтар шуд, ки ҳар як инсони соҳибақл тасаввур карда наметавонад. Барои мисол, патенти кориро бигирем. Патенти корӣ нархи баланд дошта, ҳар сол баланд шуда истодааст. Ба қайдгирии мушкилзо, убур ва вуруди марзи хориҷӣ, азият ва бадрафтории сохторҳои қудрати ва ғайра, мисоли дигар аст.

Пас аз эълони карантин оиди бемории куруновирус, боз ҳам вазнинтар шуд, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ бе ҷои кор монданд, баъзеи онҳоро кордиҳандаҳо кор фармуданд, вале ҳаққи муздро надоданд, ҳатто дар ошёнаи дуюм лату кӯб карда, ба замин партофтанд. Аз ҷои хобаш, аз фурудгоҳҳо ронданд.

Аз тарафи табибони рус хунукназарӣ ва беъэтиноӣ зоҳир шуд, дар сурати қабул кардан ба беморхонаҳо ҳам дар толорҳо хобонданд, нигоҳ накарданд ва оқибат ҷонро ба ҷонофарин супориданд.

Ҳатто дар авҷи куруновирус модари тоҷик, дар ғарибӣ, барои дарёфти як бурда нон, барои кӯдакони худ, дар кӯчаҳои шаҳри Москва, аз гуруснагӣ ва ё аз бемории куруновирус, аз дунёи рӯшан чашм пӯшид. Падари кӯдакон дар дохили кишвар мондааст, чор кӯдак бепарастор…

Мехостам андешаҳо ва назариёти худро дар ин бора баён намоям:

1) Вақте, ки Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад, шароити сахт, камбудиҳо ва ин фавтиданҳо то ҳадди имкон бардошта мешавад. Аз ҳисоби як патенти корӣ ва ба қайдгирӣ, агар 1 млн муҳоҷири корӣ моҳе 5 000 рублӣ ба буҷаи Русия пул супоранд, яъне 1 000 000 Х 5 000 = 5 000 000 000 Х 12 = 60 млрд рубл мешавад.

Дар сурати дохил шудан ба ИИАО, ин миқдор пул дар шакли асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ворид мешавад. Алҳол ин миқдори пул ба буҷаи Русия рафта истодааст. (Ин маълумот дар мақолаҳои қаблии нашр шудааст.) Дар омори расмии имрӯза муҳоҷири меҳнатӣ 2 025 712 нафар омадааст. Агар бо ҳисоби миёна 2 млн ҳисобем, муҳоҷирони тоҷик танҳо аз ҳисоби патент ба буҷаи Русия 120 млрд рубли русӣ месупоранд.

Боз ҳар як муҳоҷир дар 3 моҳ аз қайд мегузарад, ки он ҳам бе пул намешавад.

Аз лиҳози шароити корӣ ва зиндагӣ вазнин будан, муҳоҷирон маҷбуранд, то 200 000 рубли русиро харҷ намуда, соҳиби шаҳрвандии Русия шуда истодаанд.

Танҳо дар соли 2019, 45 000 нафар, соли 2020 63 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандии Русияро пазируфтанд.

Вале муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо дар Русия, балки дар Тоҷикистон ҳам заррае қадр надоранд? Чаро? Ҷавоб мехоҳад! Кӣ бояд ҷавоб диҳад?

Пас аз дохил шудан ба ИИАО, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар вақте, ки хоҳанд ба Русия ва дигар мамлакатҳои пасошуравӣ сафари корӣ мекунанд, вақти муайян меҳнат намуда, ба назди падару модар, аҳли оила ва пайвандон бар мегарданд.

Алҳол Иттиҳоди Аврупо ба шаҳрвандони Украина, иҷозати визаи корӣ бо мӯҳлати се моҳ додааст, шаҳрвандони Украина метавонанд ба кулли мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо бо визаи корӣ се моҳ рафта кор мекунанд, пас аз се моҳ, боз ба кишвари худ бармегарданд.”

Чаро чунин роҳҳои ҳалли корро Тоҷикистон ташкил намекунад? Ба ҷои таърифу тавсиф, ҷаннати рӯи замин, ободии кишварро дида наметавонед гуфтан, даст ба кор гиред?

Бо баробари ворид шудан ба ИИАО, миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ аз 200 000 то 300 000 нафар мумкин аз ин зиёдтар меафзояд, ки ин ду тарафи беҳбудӣ дорад:

а) аввалан ҳамин миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагонии аҳли оилаи худро беҳтар мекунанд;

б) аз тарафи дигар ба иқтисодиёти кишвар боз зиёда аз 1 млрд доллари дигар, яъне пули иловагӣ ворид мешавад, ки муаммои асъори хориҷӣ дар кишвар ҳалли худро меёбад.

Дар соли 2019 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар қариб 3 млрд доллар пул ворид шуд. Вале дар соли 2020 ба 1 млрд доллар поён фаромад, чунки бо сабаби бемории куруновирус аз ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ баромада натавонист.

Солҳои 2013 — 2014 бошад, зиёда 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид шуда буд. Муҳоҷирон боз бо роҳҳои дигар пули худро мефиристанд ва бо худ дар вақти бозгашт меоранд.

Умуман дар тӯли истиқлолияти ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар зиёда 50 млрд доллари амрикоӣ ворид намуданд, ки ман инро сутунмуҳраи чархонандаи иқтисодиёти кишвар меҳисобам.

Вале раиси БМТ-и вақти Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар вохӯрии моҳи ноябри соли 2019 ба саволҳои рӯзноманигорон ба ҷои ҷавоб додан мегӯяд, ки ҳамин пули муҳоҷиронро масъала насозед, гап назанед, яъне ӯ гуфтани, ки мушкил насозед. Чаро масълаи муҳимро набардоранд? Чаро суол накунанд? Вақте, ки Шумо рубли русӣ ва ё асъори дигари хориҷии муҳоҷиронро бо қурби пасти сомонӣ бар мегардонед, ҳатто бо меҳнати ҳалол ёфтаи пули муҳоҷиронро бо асъори хориҷӣ бар намегардонад? Чунки асъори хориҷии муҳоҷиронро, бо бонкҳои шахсии худатон ворид менамоед, ин як тарафи масъала.

Тарафи дуюми он барои нигоҳ доштани қурби асъори хориҷӣ аст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, дар яке аз суханрониҳояш иқрор шуд, ки ба ҷои асъори хориҷии муҳоҷирон, додани пули миллӣ натиҷаи хуб дод. Яъне уфти қурби миллӣ аз ҳисоби пули муҳоҷирон боз дошта шуд. Чанд моҳ дар соли 2019 қурби 100 доллари амрикоӣ баробари 942 — 943 сомонӣ нигоҳ дошта шуд.

Дар соли 2020 БМТ қурби 100 доллари амрикоиро ба арзи 1020 сомонӣ боло бардошт.

Тарафи дигари масъала хело ташвишовар аст. Яъне мақсади асосии масъулини Бонки миллӣ рубли русие, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар ворид мешавад, ба асъори хориҷӣ, доллар ё евро иваз намуда, онро ба суратҳисобҳои офшории худ мегузаронанд.

(Идома дорад)

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s