Дидгоҳ

Дар бораи ворид намудани гази табиӣ

Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (1)

Санаи ёддошт 11.09 2020

Дар рӯзҳои охир дар кишвари мо, ки “обод, озод, демократӣ, биҳишторо, ҳадафи чоруми стратегии саноатӣ дошта” ва дар арафаи паҳншавии бемории KOVID-19, бо сабабҳои маълум ва номаълум якбора арзиши гази моеъ аз 40 то 50% баланд ва дастнорас шуд, ки ин ба баландшавии роҳкиро ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири худро расонд.

Албатта, баландшавии нарх дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аввалину охирин нест.

Монополисти дохили кай хоҳад ва чанд андозае хоҳад, нархро ба боло бардоштан мегирад. Лекин бисёр вақт, пас аз баланд шудани нарх, ҳеч вақт поёнравии онро мардум мушоҳида накардааст.

Ҳар коре, хоҳ баландшавии нарх аст ва ё камбудии хӯрокворӣ, дар ҳаёти имрӯза ҳикмати худро дорад.

Бо сабаби паҳншавии бемории KOVID-19, дар ҷаҳон талабот ба гази табиӣ кам шуд.

Яке аз кишвари захираи калони гази табиӣ дошта ва содиркунандаи он, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ба гуфтаи мақомоти Ӯзбекистон, бар асари паҳншавии пандемия ва таназзули иқтисодӣ, интиқоли гази табиӣ ба кишварҳои Чин ва Русия якбора коҳиш ёфт.

Ӯзбекистон то соли 2020 ба Чин 10 млрд м³ ва ба Русия 4,9 млрд м³ гази табииро содир мекард. Ҳоло ба Чин аз се як ҳиссаи он, яъне 3-3,3 млрд м³ содир менамояд ва ба Русия пурра қатъ шудааст.

Аз ин фурсати муносиб, мебоист ҳукумати Тоҷикистон оиди ворид намудани гази табиӣ ба кишвар, даст ба кор мешуд, вале ҳукумати мо, ба талбандагии кӯмаку грант, қарз, дуздии буҷа ва тақсими ноадолатонаи кӯмакҳои башардӯстона, овораю саргардон аст; пур кардани буҷа аз ҳисоби грант ва қарз; дар буҷаи соли 2021, бо умеди грант ва қарзҳои бебозгашт, 2 миллиарду 800 млн сомонӣ (муодили 248 млн доллар) ва дар буҷаи соли 2022 бо маблағи 5 миллиарду 400 млн сомонӣ (муодили 475 млн доллар).

Ворид намудани гази табиӣ ба кишвар, аввалан ин неъмати бебаҳост. Сониян, тиҷорати бузург буда ва ба сарфаи нерӯи барқ ва ангишт роли муҳим мебозад.

Вақте расидааст, ки ҳукумати марказӣ ҳарчи зудтар ҳукумати вилояти Суғдро вазифадор намояд, то дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳукумати марказии Ӯзбекистон оиди ворид намудани гази табиӣ даст ба кор шавад. Ва баъд аз гуфту шунид, ҳукумати вилоят метавонад оиди ворид намудан ва омода сохтани системаҳои қубури гази табиӣ дар байни соҳибкорони маҳаллӣ тендер гузаронад.

Чаро вилояти Суғд? Аввалан, марказ одат кардааст, ки дар ҳар амали корҳои иқтисодиву сиёсӣ таҷрибаро дар вилояти Суғд гузаронад ва сипас дар тамоми сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ гардонад. Масалан, пулакӣ намудани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, счетчикҳои пешпардохти нерӯи барқ, манъи сатри занон, тарошидани риши мардон, тахриб ва ғасби иншоотҳои ҳизбӣ, манъи фаолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ дар вилояти Суғд…

Сониян, дар вилояти Суғд истеҳсоли нерӯи барқ хело кам, танҳо НБО-и Қайроққум кор мекунаду халос ва гайраю ғайра.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s