Дидгоҳ

Фоидаҳои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё

Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (3)

(Идомаи баҳси “Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оиди зарурати воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё”)

2) Дар оинномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО) омадааст, ки дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия гардиши озоди нерӯи корӣ, масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад. Дар оянда мумкин пули ягонаи созмони ИИАО баррасӣ шавад.

Дар шароити кунунӣ, бе фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат рушди иқтисодиро ба роҳ монда намешавад. Вақте Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ИИАО мешавад, барои фаолияти соҳибкорӣ, тиҷорат ва шароити корӣ, дар минтақаи ИИАО ба вуҷуд меояд. Яъне, соҳибкорон аз қаламрави ИИАО бемуъмониат маҳсулоти заруриро, аз ҷумла таҷҳизоти истеҳсолӣ, техникаҳои автомобилӣ ва кишоварзӣ, компютерӣ, телевизионӣ, тиббӣ, доруҳо, маҳсулоти сохтмонӣ, мебелҳо, сӯзишворӣ, озуқаворӣ, гандум, орд, чорво ва маҳсулоти он ва ғайраро бе пардохти боҷи гумрукӣ, ба кишвар ворид мекунанд.

Аз қаламрави ҷумҳурӣ низ маҳсулоти саноати кӯҳӣ, металургӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ озодона бароварда мешавад.

Барои зиёда 3 миллиону 200-300 ҳазор нафар қувваи корӣ шароити мусоид пайдо мешавад, ки ин миқдор қувваи корӣ метавонад 70%-и аҳолии кишварро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин намояд.

3) Яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз, масъалаи ба нафақа баромадани муҳоҷирони меҳнатӣ буд, ки ин ҳам дар сурати ворид шудан ба ИИАО ҳалли худро меёбад. Созишнома оиди нафақаи муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро рӯзи 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург сарони давлатҳои иттиҳодия имзо гузоштанд. Аз рӯи шартҳои шартнома, собиқаи корӣ на танҳо давраи кор дар як кишвар, балки дар тамоми кишварҳои ИИАО ба назар гирифта, аз рӯи кори чанд солаи дар дафтарчаи меҳнатӣ нишон дода шуда, ба нафақа бароварда мешавад.

4) Чанд сол аст, ки намояндаҳои ҷумҳурӣ мегӯянд, ки фоида ва зиёни узвият дар ИИАО-ро омӯхта истодаанд. Магар бо дурӯғҳои беохир кишвари қавӣ ва босубот сохта мешавад? Чанд сол пеш дар назди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи вижае таъсис шудааст, ки аъзоёни ин комиссия ИИАО-ро ҳаматарафа омӯхта, назар ва хулосаи худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди шомил шудан ба ИИАО ироа дода буданд.

Вале вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Мӯҳриддин дар суханронии хеш иброз дошт, ки оиди ворид шудан ба ИИАО назари онҳо дигар нашудааст. Яъне то ҳол ҳукумат ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро омӯхта истодааст.

Солҳои охир ҳатто Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия ворид шудани Тоҷикистон ба ИИАО-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ба фикри банда, вақте расидааст, ки ба хотири оромӣ, зиндагонии арзандаи миллат ва рушди иқтисодиёт Тоҷикистон ҳарчи зудтар вориди ин созмон шавад.

5) Он масъулоне, ки дар сурати ворид шудан ба ИИАО арз доранд, ки пардохти боҷи гумрукӣ кам мешавад, ин фаҳмиши хато аст. Чаро?

Чунки молу колое, ки аз дохили ҷумҳурӣ содир ва аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, асосан соҳибкорони маҳаллӣ сару кор доранд. Аҳаммият диҳед, вақте аз марзи Тоҷикистон мол бароварда мешавад, боҷи гумрукиро кӣ месупорад?

Албатта соҳибкори маҳаллӣ. Вақте ки мол ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва ё Русия ворид карда мешавад, боҷи гумрукиро кӣ месупорад?

Соҳибкори маҳаллӣ. Вақте молу коло аз кишварҳои Русия, Белорусия ва Қазоқистон бароварда мешавад ва то ба Тоҷикистон ворид шудан, боҷи гумрукӣ ва харҷи сарф шударо кӣ месупорад?

Соҳибкори дохилӣ.

Хонандаи азиз! Худованд ақл додааст, то ки оиди ҳалли ҳар як масъала фикру андеша ва ҳисобу китоби худро дошта бошем, худ хулоса бароред, соҳибкори дохили миллионҳо доллари худро, барои пардохти боҷи гумрукӣ, дар кишвари ғайр сарф мекунад.

Магар барои омӯхтани ин масъала солҳо ва ё мағзи сари компютери доштан лозим аст?!

Дар сурати пайвастан ба ИИАО, аз ҳамаи ин харҷҳо соҳибкор озод мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки пули соҳибкор пули миллат аст. Пули миллат пули давлат аст.

Ин як тарафи масъала.

Тарафи дигари масъала миллионҳо доллари аз ҳисоби боҷи гумрукӣ сарфа шуда, дар дохили кишвар иқтисодиётро чарх мезанонад.

Аз ҳама муҳиммаш дар он аст, ки соҳибкорон маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардумро саривақт ба ҷумҳурӣ оварда мерасонанд. Бозорҳо пур аз моли истеъмолӣ шуда, дар навбати худ маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардум то 20-30% арзон мешавад.

Ба масъулин як маслиҳати дӯстона, агар хоҳед, ки аз ҳисоби боҷи гумрукӣ буҷаи давлатӣ ганигардонида шавад, адолати баробариро таъмин намоед. Дар назди қонун ҳама баробар бошад, на ба худию бегона ҷудо карда шавад.

Ба депутатҳои МН МО бирасонед, ки хатогиҳои худро ислоҳ намоянд. Яъне ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ ва андоз озоданд, бо қарор ва ё қонуне, бекор намоянд. Дар натиҷа боҷи гумрукӣ нисбати имрӯза ду се маротиба зиёдтар ҷамъовари карда мешавад.

6) Дар сурати ворид нашудан ба созмони ИИАО, пас аз раҳоӣ ёфтан аз бемории куруновирус, қисме аз аҳолии кишвар оилавӣ ба Русия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо кӯч мебанданд. Имрӯз, мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мутахассисони соҳаи маориф ва тандурустӣ.

Мехоҳед, ки ҷои онҳоро чиниҳо пур кунанд?!

Магар Шумо ҳаминро мехоҳед? Магар ин беъэтинои ба миллат нест?

(Идома дорад)

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s