Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (4)
(Идомаи баҳси “Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оиди зарурати воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё”)
7) Оиди зарурати воридшавии Тоҷикистон ба созмони ИИАО, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо бародарон, Р. Зоиров, М. Кабирӣ, И. Ёқубов, М. Садриддин ва махсусан Ш. Гадоев дар рӯзномаҳо, сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳои мусбии худро иброз доштанд.
Ва ҳатто аз ҳукумати кишвар талаб доранд, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, беҳдошти аҳолӣ, ворид шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба бозори корӣ ва барои пур кардани буҷаи давлат, борҳо суханрони намуданд.
Банда ҳам борҳо огоҳ намуда истодаам, ки вақтро бой надиҳем, ҳарчи зудтар вориди ин созмон шавем. Вале аз тарафи масъулини давлатӣ ҳеҷ вокунише нашудааст.
Масалан, барои дастрасии Ҷумҳурии Арманистон ба биржаи меҳнатии Русия, рушди ММД-и он то 5% афзуд.
Бо назардошти қувваи корӣ дар Тоҷикистон, ин рақам метавонад ду-се маротиба зиёдтар шавад.
Муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо дар Русия, балки боз дар Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Белорусия, Кореяи Ҷанубӣ, Иттиҳоди Аврупо, Қатар ва ғайра кору фаолият доранд ва асоси чархзанонандаи иқтисодиёт ва ғанӣ гардонандаи буҷа ба шумор мераванд.
Аз ин лиҳоз, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиром дошта бошад. Вале муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди ҳукумат ба монанди мӯрчае қадр надоранд. Фикр мекунам, акнун дар бадану узвҳои ақлиашон ба ҳузур ҳис карда истодаанд.
Дар ин масъла зарур донистам, нуқтаи назари Р. Зоировро иншо намоям:
“Пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи оморҳо, ҳам оморҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ФР, инчунин маълумотҳои омории ИДМ, аз ҷумла маълумотҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Агентии омории назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатори дигар, ман Р. Зоиров, раиси ҲСДТ, расман изҳор менамоям, ки дар Русия ҳадди ақал 1 800 000 нафар (соли 2020) муҳоҷирони меҳнатӣ буду бош доранд… Вобаста ба бурду бохти Тоҷикистон аз воридшави ба иттиҳод, се нуқтаро таъкид мекунам.
Якум, хароҷоте, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия барои ба расмиёт харҷ мекунанд, 150 миллиард рубл (2,2 млрд $)-ро ташкил медиҳад. Воридшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС ин пулро ба дохил таъмин менамояд.
Дуюм, бархе ҳизбҳо мегӯянд, ки манфиатҳои муҳоҷиронро набояд аз манофеи миллӣ ва давлатӣ боло гузошт. Ба фикри ман, имрӯз ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳимтарин манфиати миллист.
Масъалаи дигар таъмин ба ҷои кор аст. Ҳамасола 120 000 нафар мактабҳои миёна ва 60 000 нафар мактабҳои оливу махсусро тамом мекунанд…”
8) Якчанд нуқта оиди таърихи пайдоиши созмони ИИАО: Ин созмон дар базаи Иттиҳоди гумрукӣ ба вуҷуд омадааст. Дар аввалин ҷаласаи Иттиҳоди гумрукӣ бо иштироки сарони давлатҳои Қазоқистон, Русия, Белорусия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли 1995 оиди таъсиси иттиҳоди гумрукӣ шартнома баста шуд.
Вале 6 октябри соли 2007, пас аз 12 сол, дар шаҳри Душанбе танҳо Русия, Қазоқистон ва Белорусия ба шартномаи оиди таъсис намудани қаламрави ягонаи гумрукӣ ва ташкили иттиҳоди гумрукӣ имзо гузоштанд.
Саволе пайдо мешавад, ки чаро сарвари Тоҷикистон имзо нагузошт?
28 ноябри соли 2009 дар шаҳри Минск бо иштироки Д. Медведев, Н. Назарбоев ва А. Лукашенко оиди фазои ягонаи гумрукӣ шартнома қабул карда шуд. Ва аз якӯми июли соли 2010 иттиҳоди гумрукӣ дар қаламрави Русия, Қазоқистон ва Белорусия фаолиятро оғоз кард.
Хонандаи азиз!
Дар ин тӯли 10-11 сол чанд миқдор пули тоҷирони тоҷик дар марзи ин кишварҳо барои боҷи гумрукӣ супорида шуд? Миллионҳо доллари тоҷирони тоҷик дар ин кишварҳо монд, ин ба зарари кӣ? Кӣ ҷавоб медиҳад?
Дар ҷаласаи навбатӣ се узви кишвари иттиҳоди гумрукӣ 29 майи соли 2014 ҷамъ омаданд ва оиди таъсиси ИИАО ба шартнома имзо гузоштанд. Дар шартнома омадааст, ки аз 1 январи соли 2015 созмони ИИАО фаолияти худро оғоз менамояд.
Сипас ба созмони ИИАО, 2 январи соли 2019 Арманистон ва 12 августи ҳамин сол Қирғизистон ворид шуд.
ИИАО сол то сол дар ҷабҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва савдо, васе шуда истодааст.
Ҳоло Молдавия ва Ӯзбекистон ҳамчун нозир дар ҷаласаҳои ИИАО иштирок мекунанд.
Аз соли 2015 аввал Ветнам, сипас Сингапур оиди савдои озод шартнома бастанд. Давлатҳои Камбоҷа, Таиланд ва Индонезия ҳамкории иқтисодиро оғоз карданд.
Кишварҳои Сурия ва Тунис нияти ба созмони иттиҳоди гумрукӣ дохил шуданро доранд.
Моҳи ноябри соли 2019 байни ИИАО бо Сербия шартномаи озоди иқтисодӣ баста шуд.
Дар солҳои охир барои савдои озод, байни ИИАО ва кишварҳои Миср, Исроил ва Ҳиндустон гуфту шунид идома дорад.
Дар шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 20 декабри соли 2019 роҳбарони кишварҳои ИИАО манфиатҳои ҳамкорӣ бо Эронро баррасӣ намуданд ва созишнома оиди минтақаи тиҷоратии озод бо Эрон баста шуд. Айни ҳол эътибори ҷиддӣ пайдо кардааст.
Таҳти режими имтиёзнок, Иттиҳод ба Эрон маҳсулоти бофандагӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, сабзавот, доруворӣ, косметикӣ ҳамагӣ 360 намуди маҳсулотро ворид мекунад.
Эрон ба иттиҳод, тақрибан 500 намуди маҳсулотро пешниҳод менамояд: хӯрокворӣ, қолинҳо, масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои автомобилӣ, сантехникӣ ва ғайра. Масалан, боҷи гумрукӣ ба сафолҳо (кафелҳо) тақрибан 50% ва ба дигар маҳсулотҳо 40% кам карда мешавад.
Ба кишварҳои иттиҳод, боҷҳои воридотӣ ба панир, кивӣ ва кардамон ба сифр баробар мешавад. Эрон боҷи гумрукиро бо маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш хоҳад дод.
Тоҷикистон дар сурати узви созмони ИИАО шудан, аз Эрон кулли маҳсулоти заруриро бо боҷи гумрукии арзон ворид карда метавонад.
Ба гуфтаи коршиносон, пас аз тавофуқ, савдо байни ИИАО бо Эрон эҳтимолан 150% афзоиш хоҳад ёфт.
Бо баробари савдои озод, сармоягузории муштарак ҳам афзоиш меёбад.
Аз ин рӯ маълум мешавад, ки ИИАО ояндаи неки иқтисодӣ-сиёсӣ дорад.
Ҳар кишваре, ки ба созмони ИИАО дохил мешавад, танҳо бурд мекунад.