Дидгоҳ

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (5)

Хонандагони арҷманд! Дар солҳои охир, дар зеҳнам саволҳое чарх мезанад. Ба монанди мавҷҳои уқёнуси бузург пур талотум буда, дар ҷомеаи кишвар муаммо ва ё бо як бемории ба монанди KOVID-19 паҳн гаштааст. Ҷомеъа хело бо зиндагии сангин дучор шуд ва ба ботлоқи беканор ғӯтазада истодааст.

Аз ин лиҳоз ба ҷои он ки дасти ҳамдигар бигирем, баръакс ба ҳамдигар нишонаи душман ва хоини миллатро часпонда истодаем, вале хоинону душманони миллатро намешиносем, боз худ иқрор мешавем, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гаштам, ки аз хориҷи кишвар истода тӯҳмат мезананд ва ё бо роҳи фиреб шаҳрвандии Русияро гирифта, мардуми муҳоҷирро бар зидди ҳукумат равона намуда истодаанд ва гайраю ғайра.

Ба андешаи банда, марҳум устод Лоиқ Шералӣ ба миллат шеъреро эҷод намудааст, ки ба ҳаёти имрӯзаи миллати тоҷик хело мувофиқ аст, ки аз он мисраеро меорам:

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?!

Э беинсофони гумроҳ гашта, қаллобию иғвоангезиро бас кунед!

Биёед, инсофан, холисона аз барои Худо намоишномаҳои шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил менамоем:

— кӣ киро таҳқир, таҳдид, тӯҳмат мезанад?

— кӣ киро зулм, шиканҷа, зиндон, қатл мекунад?

— кӣ захираҳои табиӣ, буҷа ва дар умум миллатро ғорат карда истодааст?

— кӣ хоки миллат — Ватанро фурӯхт?

— кӣ конҳои тилло, нуқра, сурма, симоб, волфрам, молибден, висмут ва ғайраро фурӯхта истодааст?

Хоҳишмандам, ба ҷои ин амалҳои бешуъуронаи ғайриинсонӣ, роҳҳои раҳоӣ аз ин бӯҳрони иқтисодие, ки ҷомеъаро ба монанди зарпечак ва ё торҳои тортанак печонида гирифтааст, даст ба кор гирем.

Агар тавони дарки фалаҷии иқтисодӣ-сиёсиро надошта бошем, биёед хомӯш биистем!

Бародарон ва хоҳарони азиз!

Оиди он нуқтаҳое, ки иброз доштам ва барои муттаҳид намудани миллат, фикру андешаҳои худро бикоред.

Бетараф набошед…

Биёед, ба хотири адолат, озодӣ, зиндагии арзанда, рушд ва устувории иқтисодиёт, якпорчагии мамлакат муттаҳид шавем, ба худию бегона ҷудо накунем!

Нагузоред, то ки миллат таҳқиру зулму шиканҷа… ва моликияти он аз тарафи нобакорон, нохалафон, номардон, дуздон, қаллобон ва чашм гушнаҳо ғасб карда шавад!

Фирдавсии бузургвор фармудаанд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор!

Рубрики:Дидгоҳ, Мақолаҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s