“Чаро истеъфо? Барои он, ки дар тӯли роҳбарии худ ба хатогиҳои ҷиддии ислоҳнашаванда даст задед, аз ҷумла 1,58 км² порчаи заминро ба хориҷи кишвар бе иҷозати миллат ва қонун ҳам иҷозат намедиҳад, фурӯхтед…”
Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (6)
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода дар 5-ӯми апрели соли 2021 хабар медиҳад, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводди ғизоӣ захираҳои озуқаворӣ басанда аст. Ва ба масъулин супориш додааст, ки дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шавад.
Ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ фоли нек буда, ғамхорӣ нисбати миллат аст. Чунки каме бошад ҳам нисбатан ба бозорҳо дида, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ арзонтар мешавад.
Дар давоми хабар омадааст, барои таъмини дастрасии сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон, маҳсулоти зарурӣ ба монанди орд, равған, гӯшт, гӯшти парранда, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, нон, ширинихои гуногун, биринҷ ба таври фаровон ба фурӯш гузошта шуд.
Саволе ба пеш меояд, мӯҳтарам хабарнигор маҳсулотҳоеро, ки номбар кардед, оё ҳеч кадом аз онҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон карда шуд?
Ва ё соли гузашта чанд сомон буд? Ҳоло чанд сомон аст? Равған 40%, гӯшти парранда 15%, гӯшти гов то 1.01.2020 40 сомонӣ буд, ҳоло аз 65 сомонӣ то 75 сомонӣ, 1 кг мош 18 сомонӣ, 1 кг помидор 25 сомонӣ, 1 кг бодиринг 18 сомонӣ, шакар 9-10 сомонӣ ва ғайра қимат шудааст.
Ҳамчунин, хабарнигор менависад, ки дар ду моҳи соли равон дар вилоят ба маблағи беш аз 420 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст ва кишоварзони вилоят метавонанд пурра аҳолиро таъмин намоянд.
Аввалан, ин ду моҳ кадом моҳ аст? Январ-феврал ва ё феврал-март? Бояд моҳҳо мушаххас бошад.
Сониян, маҳсулоти истеҳсолшударо бо сомонӣ нишон медиҳед, аз ин мардум чиро мефаҳманд?
Бояд номи маҳсулоти истеҳсолшуда ва миқдори он мушаххас бошад… Дар ин ду моҳи зимистон ё зимистону баҳор кадом маҳсулотҳо истеҳсол карда мешавад?
Онҳоро кадом намудҳои кишоварзӣ пухта мерасанд? Номбар мекардед хеле хуб мешуд…
Боз аҷибтар, мувофиқи маълумоти хадамоти матбуотии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд.
Чӣ бояд кард, то ки нархҳо дар бозор арзонтар шавад?
Мӯҳтарам раисҷумҳур! Медонед, барои чӣ дар тӯли 29-30 сол нархро нигоҳ дошта натавонистед?!
Барои он, ки барномаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати кишоварзиро надоред ва саривақт демографҳо афзоиши аҳолиро ба ҳукумати вилояту ҷумҳурӣ пешниҳод намекунанд.
Медонед чаро?
Чунки вазифаҳои калидии иқтисодиётро ғайримутахассис банд кардааст ва ба мутахассис роҳ нест?
Медонед чаро?
Чунки мутахассисони таҳсилдида ва таҷрибанок бегона ҳастанд.
Соли гузашта вақте ки нархи картошка ба 15 сомонӣ расид, аъзои ҳукуматро ҷамъ намуда, фавран супориш додед, ки кишти картошка 40% зиёд карда шавад.
Вале масъулини дар зинаи поёнӣ буда, саволе надоданд, ки аз кадом ҳисоби замин — замини кишти картошкаро 40% зиёд кунем?
Чунки ҳаққи даҳон кушодан ё забонбароварданро надоранд.
Пас, ахбори дурӯғ медиҳанд. Мисол, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба 2 гегтар замин картошка кишт карда, 9 гектар хабар (сводка) додааст. Оқибат сир фош шуд… Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сирро ошкор намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ изофанависиро маҳкум кард…
Оиди ин масъала фикру андешаҳои худро борҳо корида будам, боз бори дигар барои нигоҳ доштан ва поён фаровардани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ якчанд пешниҳодҳои худро инҷо интишор менамоям:
— пеш аз ҳама, бо сабаби ҳар соле 210-230 000 нафар зиёд шудани аҳолӣ, аз ҳисоби заминҳои кишти пахта се сол пай дар пай 10%-и он, яъне ҳар сол 20 000 гектари заминро ба дигар зироатҳои кишоварзии маводи аввалияи аҳолӣ, ба соҳаҳои ғалладонагӣ, картошкапарварӣ, сабзавоту полезӣ, боғу токпарварӣ ва кишти намудҳои алафӣ барои чорводории ширию гӯштӣ гузаронда шавад.
Вале ҳукумат чӣ кор кард? Соли 2020 аз ҳисоби ғалладонагӣ ва дигар зироатҳо кишти пахтаро 5000 га зиёд кард.
Ҷумҳурии ҳамсояро мисол меорам, бо супориши мусиқанавоз, сароянда, човандоз ва як диктатори дигар, раиси Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳаммадов, қарор қабул кард, ки соли 2022, аз ҳисоби заминҳои пахта, 40 000 гектар заминро ба картошкапарварӣ, полезӣ, сабзавот ва киштгардон кардани замин гузаронда шавад;
— ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар кишти соҳаҳои кишоварзӣ озодӣ ва кӯмаки ҳаматарафаи молӣ, моддӣ-техникӣ дода шавад;
— ба кулли соҳибкорон дар ворид намудани маҳсулоти хӯрокворӣ монеъаҳоро бардошта, то як вақти муайян кулли соҳибкорон аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шавад. На шахсони алоҳида;
— агар хоҳед, ки нархҳо дар бозорҳо арзон ва сери пури бошад, ба истеъфо биравед.
Чаро истеъфо?
Барои он, ки дар тӯли роҳбарии худ ба хатогиҳои ҷиддии ислоҳнашаванда даст задед, ба ин шарҳ:
1. Аввалан, Сарқонунро борҳо ба манфиати худ ғайриқонунӣ иваз намудед, яъне Сарқонунро таҷовуз кардед;
2. Олимон, озодандешон, рӯзноманигорон, соҳибкорон ва сиёсатмадорони ҳақгӯро гуреза, зиндон ва ба қатл расондед;
3. Захираҳои табиӣ, буҷа ва моликияти миллатро ғорат намудед;
4. Барқро ба миллати худ надода, ба хориҷи кишвар фурӯхтед. Дар натиҷа, дар фасли сармо кӯдакон ва пиронсолон ҷон ба ҷонофарин супориданд;
5. Бо ҷорӣ намудани лимити нерӯи барқ на танҳо миллатро азоб додед, балки истеҳсолотро фалаҷ намудед;
6. Захираҳои табииро ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхтед, ҳатто кони нуқраи як ҷилгаро, бе ягон дирҳаме, ки захираи он дар шартнома 113 000 тонна омадааст. Мувофиқи маълумоти идораи геологӣ, 210 000 тонна ва масъулин, аз рӯи маълумоти идораи ВМКБ зиёда 400 000 тонна хабар доданд (дар шартнома, ҳатто захираи кон 3-3,5 баробар кам нишон дода шудааст).
Аз андоз, боҷи гумрукӣ озод ва барои кашондани ашёи хоми он (концентрат) ба ширкати чинӣ, МН МО қонунеро ба тасвиб расонд, ки ин бар хилофи меъёрҳои қонунгузорӣ буда, хиёнат ба миллат аст, иҷозат додед;
7. Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ-ро, ки бо қарз (зиёда 300 млн доллар) сохта шуда буд, пулакӣ намуда, ба ширкати хориҷии IRS қонуни вогузор намудан иҷозат додед, ки то ҳол соҳиби он муаммо аст;
8. Миллионҳо нафарро муҳоҷири меҳнатӣ, гуреза ва дар ба дар кардед (аз рӯи омори расмии Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2021, 2 миллиону 25 ҳазору 712 нафар муҳоҷири меҳнатӣ танҳо дар Русия ба қайд гирифта шудааст);
9. Аз ҳисоби пули барои НОБ Роғун ҷамъоваришуда (аз рӯи маълумоти ғайрирасми наздикони Шумо тайёраҳоро харидорӣ намуда, истифода бурда истодааст) иҷозат додед;
10. Дар интихоби кадрҳо ба шахсони баландихтисос, меҳанпарвар, Ватандӯст бояд эътибори ҷиддӣ медодед. Вале афсус…;
11. Аз ҳама нобахшиданист, ки 1,58 км² порчаи заминро ба хориҷи кишвар бе иҷозати миллат ва қонун ҳам иҷозат намедиҳад, фурӯхтед;
12. Бозорҳои “Панҷшанбе”, Автосервиси ш.Хуҷанд бо бозори калонтарини қисмҳои эҳтиётии автомобили вилояти Суғд, бозори “Сомон”-и шаҳри Бӯстон (Чкаловск), комбинати ордбарории шаҳри Гулистон (Қайроққум), ширкати “Порс мурғ”, фабрикаи матои ҷинсбарори “Сано”-и шаҳри Хуҷанд, дар Исфара “Химзавод”, заводи “Гидрометалургӣ”, заминҳои соҳили баҳри тоҷик бо иншоотҳояш… кӣ ғасб кард?
Дар интиҳо хоҳиш мекунам, озодии миллатро маҳдуд накунед, то ки дар боқимондаи умраш нафаси озод бикашад.
1 ответ »