Баёнияҳо

Баёнияи ПМТ дар бораи вазъият дар Қазоқистон

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба унвони эътилофи нерӯҳои мухолифи режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон, ҳимояти худро аз мардуми шарифи озодихоҳи Қазоқистон дар талабҳои одилонаашон эълом мекунад.

Мо мӯътақидем, ки мардум, ҳамчун сарчашма ва соҳиби аслии ҳокимият ҳуқуқи конститутсионии бечунучаро барои эътироз ва тағйири мақомот дар ҳама сатҳҳои ҳукумат дорад.

Тоҷикон ва қазоқҳо таърихи қадима дар эҳтироми мутақобил, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек доранд. Дар тӯли асрҳо мо дар минтақаи Авруосиё дар канори ҳам зиндагӣ кардаем. Ва мо умедворем, ки ин паймони ниёгонамонро риоя ва ба касоне, ки баъд аз мо меоянд, бирасонем.

Имрӯз миллати тоҷик чашми умед ба талоши адолатхоҳии мардуми қазоқ дӯхтааст. Мо ба навсозии сиёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон ва такони нав дар рушди он боварӣ дорем. Умедворем, ки мақомоти Қазоқистон талаби мардумро одилона медонанд ва ба истифодаи нерӯ ва силоҳ алайҳи мардуми худ роҳ намедиҳанд.

Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки мақомоти Қазоқистон барои пайдо кардани роҳҳои бидуни хушунат аз вазъияти пешомада талош намуда, масъулиятшиносона рафтор хоҳанд кард.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

05/01/2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s