Дидгоҳ

Вазорати дифоъ ислоҳот мехоҳад (Бахши аввал)

Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (7)

Дар Тоҷикистон аксарияти ҷавонон аз рӯи қонуни амалкунанда дар синни 18-солагӣ ба саффи артиши миллӣ даъват мешаванд. Лекин, дере нагузашта ҷасади беҷони баъзеи онҳоро ба падару модар бе ягон шарму ҳаё бо дурӯғҳои бофтаю сохта оварда месупоранд. Ва ё баъзеи онҳо як умр ба монанди сарбоз Мирзоев Шаҳбоз маъюб мешаванд.

Барои беҳбуд ёфтани саломатии Шаҳбоз, падару модараш хеле кӯшиш ва харҷи зиёде карданд ва Суди олӣ ҳам барои пардохти муолиҷа зиёда 200 000 сомонӣ қарор кард. Вале масъулини Вазорати дифоъ борҳо қарори судро вайрон карданд, ки ин маблағ дар интиҳо ба 92 000 сомонӣ фароварда шуд. Аммо ҳамин 92 000 сомониро гирифтанд ва ё не, дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр нашуд. Саранҷом Мирзоев Шаҳбоз солҳои тӯлониро дар кати беморӣ сипарӣ кард ва ҷонро ба ҷонофарин супорид. Худованд ғариқу раҳмат ва шоистаи ҷаннаташ кунад!

Аз муроҷиатномаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, оиди “облава” ва зулму шиканҷа нисбати даъватшавандаҳо ва сарбозон иқтибосе меорам:

Оиди “облава” масъулони Комиссариати ҳарбӣ, номояндагони кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷавононро дар автовокзалҳо, фурудгоҳҳо, корхонаҳои шахсӣ ва давлатӣ, хонаҳои шахсӣ, нақлиётҳои мусофиркашон метавон даҳҳо мисол ва намунаҳои зиштро инҷо ёдовар шуд…

Имсол “облава” ба дараҷаи олияш расонида шуд, ки худ огоҳ ҳастед. Ҳатто пас аз даъвати мавсими тирамоҳӣ, муҳоҷиронеро, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд, дар фурудгоҳҳо дошта ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.

Суол инҷост, ки ин раванд то ба кай идома меёбад?

Аслан, масъулин ва мақомотҳои зирабт аз худ чаро намепурсанд, ки дар тӯли 30 сол бо чӣ далелҳо ҷавонони тоҷик намехоҳанд ихтиёрӣ хидмати ҳарбиро анҷом диҳанд? Чаро?

Чунки камбудии ғизо, расондани таҳқиру озору азият, занозанӣ, ба ҳамдигар тирандозӣ, бадбинии байни давраҳои даъватшавандаҳо аз тарафи афсарону сарбозон ва дар умум муносибати ғайриинсонӣ бо сарбозон дар қисмҳои низомӣ.

Аммо мушкили асосӣ вуҷуд доштани “дедовшина” аст, яъне муносибати ваҳшиёна байни сарбозони соли якум ва дуюм, ҳатто то худкушӣ ва ё расондани зарари ҷонӣ ба тарафи муқобил оварда мерасонад.

Чанд мисоле меорам: сарбоз Исфандиёри Мирзоҳасан 19-01-2019 аз рӯи хабари намояндаҳои Вазорати дифоъ, худкушӣ кардааст, вале ӯ ба манаҳаш (аз зери ҷоғаш) тир хӯрдааст.

Ё ин ки 21-уми августи соли 2019 ҷасади сарбози 21-сола, истиқоматкунандаи қишлоқи Сомониён, ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, Ҳадиятилло Тағоевро ба падару модар оварда супоридаанд. Вале чӣ хел фавтидааст маълум нест.

Ҳодисаи дигар, сарбоз Наимҷон Гулиев аст. Сержанти хурд, Акмалҷон Тӯрабоев, ки дар қисми низомии нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Мурғоб хидмат мекард, аз беэҳтиётӣ ва ё қасдан ба чашми чапи сарбоз Наимҷон Гулиев тир мезанад ва Наимҷон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Сарбози дигари 19-сола, аз ноҳияи Деваштич, Раҷабалӣ Назаров аст. Рӯзи 21 апрели соли 2021, кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва чанд мақомоти дигари давлатӣ ҷасади беҷони ӯро оварда ба волидайн супориданд. Сабаби маргашро касалии шадиди гурда гуфтанд. Вале пайвандон хабар доданд, ки ӯ аз лату кӯб мурдааст. Чунки бадани сарбоз кабудиҳои зиёд, пушти сараш дарида, биниаш шикаста ва осебҳои дигар доштааст.

Бо сабаби марги номаълум, рӯзи 23.10.2021 ҷасади сарбоз Тошев Меҳроҷиддин, сокини Даҳбед, ҷамоати Қаратоғи ноҳияи Турсунзодаро ба волидон, оварда супориданд.

Ва дар бисёр маврид, намояндагони Вазорати дифоъ соҳибони мурдаро маҷбур мекунанд, ки мурдаро тезтар ба хок супоранд.

Сарбоз Ҳаитов Мирзо, соли таваллудаш 2001, дар қисми низомии марзбонони Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Исфара, ҳангоми адои хидмат, аз сараш тир хӯрда, дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, рӯзи 12.11.2021 даргузашт. Вале маълум нест, ки дар куҷо, дар кадом ҳолат тир хӯрдааст.

Рӯзи 24.07.2019 Меҳроби Анӯшервон дар шабакаи иҷтимоӣ мақолае бо унвони “Мутамаркази”-и муттаҳам, нашр намуд. Сухан оиди ҳодисаҳои нохуши деҳоти Ворух ва Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон меравад, ки Шумо аз воситаи хабарҳои омма огоҳ ҳастед. Муаллиф чунин шарҳ медиҳад. Ҳамчуноне, ки дар баҳори соли 2019 ба пайвандони кушташудагони ноҳияи Исфара ягон нафар аз масъулин изҳори ҳамдардӣ баён накарда, балки бо хатми моҷаро мардуми бумии марзи кишварро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карда, мавриди истинтоқ қарор додаанд.

Афзун бар ин, волидони муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ворухро, ки дар сӯги шаҳидони худ сиёҳпӯш шуда буданд, чӣ зан ва чӣ мард, ба шӯъбаи корҳои дохила бурда, дар таҳхонаи “ИВС” маҳкам карданд ва шарт гузоштанд, ки писаронатон аз Русия омада, ба хидмати аскарӣ меравад, он гоҳ Шумо озод хоҳед шуд.

Ҳам бонги хатар ва ҳам бонги изтироб шабакаҳои иҷтимоӣ ва байналмиллалиро фаро гирифт, аммо то фарзандони ворухӣ барнагаштанд ва “аскари ихтиёрӣ” нашуданд, волидони онҳоро раҳо накарданд.

Ин ҳолат на танҳо дар Ворух, балки дар Чоркӯҳ ҳам такрор шуд. Яъне “облава” ба зулм табдил дода шуда, даъватшавандагонро аз ҷои хоб, ҳавлӣ, кӯча, аз дохилӣ маршруткаҳо, автобусҳо ва дар ҳар куҷое ёфтанд қапида бурданд. Магар зулм нисбати миллати худ, аз ин сангинтару сахттар мешавад?!

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни нави даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ, дар моддаи рақами 32 омадааст, ки дар як сол ду маротиба — аз 1-уми апрел то 31-уми май ва аз 1-уми октябр то 30-уми ноябр, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори омма дар муддати на дертар аз як моҳ то аввали даъват эълон карда мешавад.

Таҷрибаи моҳи декабри соли 2021 нишон дод, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ на ба қонуни даъватшаванда, на ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат карданӣ нестанд, яъне қонуни хидмати ҳатмии ҳарбиро ба қонуни ҷангал табдил доданӣ ҳастанд.

Боз дар қонуни мазкур бо чунин шарҳ омадааст, ки ба ғайр аз хидмати ҳатмӣ, ҷавонони синну соли даъватшаванда метавонанд, хидмати ҳарбии алтернативиро интихоб намоянд. Яъне он ҷавононе, ки намехоҳанд дар артиши миллӣ хидмат кунанд, метавонанд 420 нишондиҳандаи ҳисобӣ (як нишондиҳанда 64 сомонӣ) ба давлат месупоранд, тӯли як моҳ хидмат мекунанд ва билети ҳарбиро мегиранд. Масъулин дар ин ҷода ҳам мушкилот ҷорӣ карданӣ ҳастанд. Гӯё мақомот ифшо накардаанд, ки чӣ қадар ҷавонон метавонанд ба хидмати алтернативӣ шомил шаванд.

Мӯҳтарам масъулин! Дар қонун наомадааст, ки миқдори ҷавонони даъватшавандаи хидмати ҳарбии алтернативиро Шумо муайян мекунед! Ҳар як ҷавон худ интихоб мекунад, набояд, дар хидмати алтернативӣ маҳдудият эҷод карда шавад. (Каме поёнтар дар пешниҳодҳо пурратар шарҳ медиҳам).

Вале масъулини сохторҳои гуногуни давлатӣ, дар ҳамин қисми модда ҳам мушкилот ҷорӣ намуда, аз фасод даст кашидани нестанд.

Сухангӯи Вазорати дифоъ дар яке аз суханрониҳояш зикр кард, ки ҷавонони синни даъватшаванда хоҳ донишҷӯ бошанд, хоҳ муҳоҷирони меҳнатии аз хориҷбаргашта, дар давоми сол ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват мешаванд, то ҳуҷҷатҳо ва сабти ном дар ҳуҷҷатгузории Комиссариати ҳарбӣ бошанд.

Вале сухангӯи Вазорати дифоъ магар намедонад, ки аз давраи мактабӣ даъватшаванда ба қайд гирифта мешавад?!

Масъулини Вазорати дифоъ, комиссариатҳои ҳарбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ даъвати мавсими баҳорӣ ва тирамоҳиро барои нафси сабилмондаи худ ба солона табдил доданӣ ҳастанд.

Дар урфият мегӯянд: “Нафси бад балои ҷон”.

Дар Тоҷикистон шумораи даъватшавандагон хеле зиёд аст. Бо ҳисоби миёна тахминан 780 000 нафарро ташкил медиҳанд, аз ҷумла зиёда 150 000 нафар ҳуқуқи таъхир (отсрочка), аз хидмат озод шуданро доранд.

Аз ин лиҳоз, аз фикру андешаҳои худ, аз пешниҳодҳои М.Кабирӣ, Салмон Султонзода, дар назардошти вазъи иқтисодӣ ва ҳуқуқии Вазорати дифоъ, якчанд нуқтаи назари худро пешниҳод менамоям:

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s