Дидгоҳ

Вазорати дифоъ ислоҳот мехоҳад (Бахши дуввум)

“Ҳукумати Тоҷикистон набояд сарбозон ва афсарони худро ба мамлакати соҳибистиқлоли Қазоқистон (ва дигар давлатҳо) фиристад, то ки аз ҳукумати диктатор ҷонибдорӣ кунад. Зеро қазияи Ҷумҳурии Қазоқистон — қазияи дохилӣ аст. Қосим Жомарт Токаев телефонӣ бо Эмомалӣ Рахмон гуфтугӯ намуда, аз ӯ барои ба эътидол овардани вазъи дохилии кишвари худ кӯмаки низомӣ хост. Эмомалӣ Раҳмон бошад изҳори омодагӣ ба кӯмак кард. Дар назар аст, ки зиёда 200 нафар сарбозон ва афсаронро фиристад…”

Дар асл Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳуқуқи низоъҳои дохилии ҳампаймонҳо дохил шуданро надоранд. (Соли 2010, даъвати Роза Отунбаева, соли 2020, даъвати Н. Пашинян ба сабаби низоъҳои дохилӣ будан рад шуда буд).

Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (8)

1) Дар Сарқонуни Ҷумҳурӣ дар робита бо синну соли даъватшаванда тағйирот ворид намуда, синни даъвати ҷавонон ба саффи Артиши миллӣ аз 19-сола то 26-сола муайян шавад. Чаро?

Ба ин далел, ки:

а) дар тӯли як сол ҷавонон ҳам ҷисман ва ҳам ақлан солиму комил мегарданд;

б) дар Тоҷикистон шумори ҷавонони даъватшаванда нисбати наваскарон хеле зиёд аст. Агар ҷавонони 18-27-соларо 780 000 нафар гӯем, наваскарони соли аввал ҳамагӣ 8-9 000 нафар мебошанд;

в) дар сурати давраи даъвати хидматро ду сол кам кардан (яъне як сол аз аввали синну сол ва як сол дар охири синну соли даъватшаванда), аз 780 000-180 000=600 000 ҷавонон боқӣ мемонанд, ки ин ҳам хеле шумораи зиёд аст;

2) Шумораи ҳамаи даъватшавандаҳои аз 19-сола то 26-сола моҳи январи ҳар сол дар сомонаи расмии Ҳукумат, Вазорати дифоъ ва Сарраёсати Комиссариати ҳарбӣ ворид карда шуда, аз болои ин рӯйхат ҳам Вазорати мудофиа ва ҳам Сарраёсати Комиссариати ҳарбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ назорат баранд.

Яъне шумори даъватшавандаҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ маълум бошад, то ки миллат бидонад, шумори даъватшаванда чанд аст, чанд нафар дар саффи Артиши миллӣ ва чанд нафар ҳуқуқи таъхир (отсрочка)-ро доранд, бояд ба монанди оина рӯшан бошад;

3) Кулли ҷавонон бояд ба Ватан хидмат кунанд ва ё саҳмгузор бошанд.

Ҷавононе, ки хидмат мекунанд, ба онҳо имтиёзҳои иҷтимоӣ дода шавад, ба ин шарҳ:

а) пас аз хидмати ҳарбӣ берақобат ба шӯъбаҳои буҷавии донишгоҳу донишкадаҳо қабул карда шаванд;

б) қитъаи замин барои сохтмони манзил дода шавад; 

в) кӯмаки молӣ ба миқдори мутаносибан 100 доллари амрикоӣ (бо сомонӣ) дар давоми хидмат дода шавад (аз кадом ҳисоб дар зер меорам);

4) Ба ҷавонон дар интихоби хидмати ҳатмии ҳарбӣ ва алтернативӣ озодӣ дода шавад. Ҷавононе, ки хидмат кардан намехоҳанд маблағи муайяне, яъне аз рӯи омори давлатӣ, 420 нишондиҳанда, ҳар нишондиҳанда 64 сомонӣ ҷамъ 26880 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати дифоъ мегузаронанд (ҷамъулҷамъ ҳамагӣ солона чанд сомонӣ мешавад, дар банди зер оварда мешавад).

Пешниҳоди Муҳиддин Кабирӣ ва банда, дар соли аввал муродифи 1000 доллари амрикоӣ.

Агар дар соли аввал шумораи пулсупорандагон зиёд шавад, дар соли дуюм каме маблағ зиёд карда мешавад. (Шумораи хоҳишмандон ба саффи хидматкунандагони Артиши миллӣ аз шумори хидмати ҳатмии ҳарбӣ зиёд шавад, дар навбат меистанд).

Вале аз саҳм гузоштан озоданд, то шаш моҳи оянда, агар дар шаш моҳи оянда, ягон корӣ арзанда ёбанд ва ё ба донишгоҳ дохил шаванд, маблағи муайяншударо месупоранд.

Ҳамагӣ дар тӯли ду сол ду маротиба пул месупоранд.

Агар давраи хидмат 1,5 сол шавад, ҳеҷ боке надорад, дар соли дуюм барои 6 моҳ 500 доллар маблағ месупоранд.

Ин таҷриба дар бисёри давлатҳо ҳаст.

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, дар Туркия кормандони санъат 24-рӯз хидмат мекунанд ва 1000 евро ба буҷаи давлат пул мегузаронанд, пас озод.

Дар Литва, ҳамагӣ 500 € месупоранд.

Ва дар бисёри давлатҳои дигар ҳам, чунин таҷриба ҳаст;

5) Муваққатан, то ба субот даровардани қисмҳои низомӣ, бо мақсади таъминоти хуб ва бештар намудани масъулияти фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, даъват кардани наваскарон, аз комиссариатҳои ҳарбӣ, бевосита худи намояндагони қисмҳои ҳарбӣ, бояд ба самти қисмҳои ҳарбии худ хоҳишмандонро омӯхта интихоб намоянд. Яъне падару модар ва наваскарон бояд ҳаққи интихоби макони худро дошта бошанд.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон замони дар ихтиёри сарҳадбонони русҳо будан чунин таҷриба вуҷуд дошт. Аз қӯшунҳои сарҳадӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ “харидор”-ҳо омада худи онҳо наваскаронро интихоб мекарданд, ки ин аз манфиат холӣ набуд.

Дар натиҷа масъулини қисмҳои ҳарбӣ ҳаракат мекард, то имиҷи қисми ҳарбии худро баланд бардорад. То ки нав аскарон мувофиқи тавоноиашон, ин ё он қисми ҳарбиро интихоб намоянд;

6) Яке аз масъалаҳои муҳимми Вазорати дифоъ дар қисмҳои ҳарбӣ, таъминоти пурраи аскарон бо маводди озуқаворӣ ва сару либоси лозима мебошад, ки айни замон бо иллати мавҷудияти фасод ва бевиҷдонии роҳбарияти баъзе қисмҳои ҳарбӣ, миқдор ва шумораҳои муайян гардида то қисмҳои ҳарбӣ ба пуррагӣ расида намеояд.

Чандин бор мушоҳида гардидааст, ки либосҳои нави ҳарбии қӯшунҳои Тоҷикистон ва ҳатто базаи 201-уми Русия дар навоҳии дурдасти куҳистон (Рашт, Ховалинг ва Дарвоз) дар мағозаву дӯконҳои шахсӣ ба аҳолии маҳаллӣ фурӯхта мешаванд.

Бояд ба фасод хотима дода шавад;

7) Дар он қисми ҳарбие, ки бе ягон сабаби давлатӣ ва ё бемории руҳӣ сарбозон даст ба худкушӣ мезананд ва ё аз тарафи ҳамхидматкунандагон кушта мешаванд, ба масъулини қисми ҳарбӣ аз рӯи моддаи 54 банди 4, 5-и қонуни даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ, бо қарори Суди ҳарбӣ ҷазои қатъӣ дода шавад.

Яъне дар он қисмҳои ҳарбие, ки ҳодисаи маргбор ба вуҷуд меояд, масъулини он аз артиши миллӣ берун карда, рутбааш бекор карда шавад.

Яъне интизом ба талаботи ҳарбӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ ҷавобгӯ бошад.

8) Ҳукумати Тоҷикистон набояд сарбозон ва афсарони худро ба мамлакати соҳибистиқлоли Қазоқистон (ва дигар давлатҳо) фиристад, то ки аз ҳукумати диктатор ҷонибдорӣ кунад. Зеро қазияи ҷумҳурии Қазоқистон — қазияи дохилӣ аст.

Қосим Жомарт Токаев телефонӣ бо Эмомалӣ Рахмон гуфтугӯ намуда, аз ӯ барои ба эътидол овардани вазъи дохилии кишвари худ кӯмаки низомӣ хост. Эмомалӣ Раҳмон бошад изҳори омодагӣ ба кӯмак кард. Дар назар аст, ки зиёда 200 нафар сарбозон ва афсаронро фиристад.

Дар асл Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳуқуқи низоъҳои дохилии ҳампаймонҳо дохил шуданро надоранд. (Соли 2010, даъвати Роза Отунбаева, соли 2020, даъвати Н. Пашинян ба сабаби низоъҳои дохилӣ будан рад шуда буд).

Миллати қазоқ ба майдонҳо рехтанд, то ки ҳуқуқи қонунии худро талаб кунанд, яъне таъмини озодӣ барои дигарандешон, шикоят аз баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, истефои Ҳукумат, истефои раиси доимии Шӯрои Амният Нурсултон Назарбоев, истефои намояндаҳои Маҷлис (палатаи поёнӣ) раисони вилоятҳо (акимат), раисони шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва ғайра.

Агар аз хориҷ ягон давлат лашкар мекашид, дар он сурат давлатҳои СПАД ба ин ё он аъзои СПАД кӯмаки молӣ ва ё низомӣ бояд мерасонданд.

Ворид шудани қувваи низомии Тоҷикистон ба хоки Қазоқистон ин баробари лашкар кашидан, дахолат кардан ба кишвари ҳамсоя ва миллати дӯст ба шумор рафта, ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад.

Аз тарафи дигар, мо бояд ояндабин бошем. Дар қаламрави Қазоқистон даҳҳо мумкин садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик ва соҳибкорон кору фаолият доранд, ки ин иқдом ба амнияти имрӯзу фардои онҳо хатарҳоеро эҷод мекунад ва боиси барангехтани низоъ байни тоҷику қазоқ хоҳад гашт.

Ин ҳолат ҳатман бар зарари муҳоҷирон ва соҳибкорони мо анҷом хоҳад ёфт.

Магар ба мо душмании қирғиз бас набуд, ки, боз қазоқро ҳам душмани миллати худ қарор диҳем?

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s