Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Суҳбати имрӯз нигоҳе ба таомули исломгароҳо бо сиёсат аст. Ҳарчанд, ин суҳбат як нигоҳ ва таҳлиле ба ин масъала аст, вале бештар он кушишест барои бозбинӣ ба асли қазия ва фаҳми дурусттари он.
Суоли матраҳ ин аст, ки оё таомули исломгароҳо, ки дар шакли ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ фаъолият мекунанд, бо сиёсат дар умум муваффақона будааст ё хайр? Ба ибораи дигар, оё онҳо аз сиёсату нозукиҳои он балад буданду ҳастанд?
Ҷавоб ба ин суол яксон нест. Бархеҳо муътақиданд, ки исломгароҳо дар умум бо вуҷуди авомили дохилию хориҷии номусоъид сиёсатмадорҳои муваффақе будаанд, вале танҳо онҳоро дигарон нагузоштанд, ки дар майдони сиёсат муваффақона амал кунанд. Яъне мушкил дар дигарон аст то ҳунари сиёсии онҳо.
Вале аксари ҳолдонон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сарфи назар аз вуҷуди душмантарошӣ нисбати онҳо ва авомили берунаи номусоид, исломгароҳо ба шакли умум дар таомулашон бо сиёсат ва қавоъиди он муваффақ набуданд ва нестанд. Барои ҳамин аст, ки истилоҳи “мо баъди исломгароҳо» (Post-Islamism) ба вуҷуд омадааст. Маънои ин истилоҳ ин аст, ки дар ин марҳилаи «мо баъд» исломгароҳо вуҷуд доранд, вале на бо он тафаккуру шинохти пешина.
Ҳарчанд истисноҳое дар ин маврид вуҷуд дорад. Ба таври мисол, бархе аз аҳзобу ҳаракатҳои исломӣ, мисли Наҳзати Тунису Ҷамоати адлу эҳсони Мағриб ва шахсиятҳое нисбатан муваффақона амал намуданд, аммо дар умум исломи сиёсӣ ва исломгароҳо дар майдони сиёсат чандон муваффақе набудаанд. Ҳатто ҳамин Наҳзати Тунис ҳоло ба чолишҳое зиёде рубарӯ аст ва ҳаракати исломии Мағриб сахттарин мағлубиятро дар интихоботи ахир чашид.
Яке аз бузургтарин далел барои исботи нокомии исломи сиёсӣ ин аст, ки то кунун дар ҳеч ҷои дунё он ҷомеаи солиму идеалие, ки расидан ба онро исломгароҳо ҳадафи худ медонанд, ба вуҷуд наомадааст.
Ҳамчунин, инҷо мехоҳам қиссаи як мухолифи ҳукумати худкомаи Сисӣ дар Мисрро, ки солҳо бо ихвониҳо дар зиндон ба сар бурда буд, биорам. Ин сиёсатмадор эътироф кард, ки ихвониҳо воқеан инсонҳои шарифу ботақвое ҳастанд ва дар баробари зулму ситами ваҳшиёнаи зиндонбонон таслим нашуданд, вале, ба назари ӯ, ягона заъфи онҳо дурӣ аз сиёсат ва қавоъиди он аст.
Ба ҳеч сурат, нокомӣ ва номуваффақияти исломгароҳо набояд нокомии дини Ислом тафсир шавад, балки, ба ибораи дақиқтар, метавон онро нокомии гурӯҳе бо бардошту тасаввури хос аз дини Ислом номид.
Ба ҳар ҳол, ҳама қабул доранд, ки шайтонсозӣ (demonization) нисбати исломгароҳо дар тамоми дунё ва сиёсати зидди исломгароии кишварҳои абарқудрат ва авомилу шароити номусоъид таъсири худро дар нокомии исломи сиёсӣ гузошта ва мегузорад. Бо вуҷуди ин воқеъият, авомили дохилӣ, чӣ дар тафаккуру фалсафаи исломи сиёсӣ ва чӣ дар фаъолияти худи исломгароҳо, низ дар нокомии исломи сиёсӣ бетаъсир нест.
Суҳбати имрӯзи мо дар мавриди авомили дохилии мазкур аст, на авомили хориҷӣ.
Чаро исломгароҳо ба шакли умум дар таомул бо сиёсату қавоиди он ноком монданд?
Асли мушкил, ба назари ман, бармегардад ба асли фалсафаву тафаккури исломи сиёсӣ.
Вақте ба ҳамин худи истилоҳи исломи сиёсӣ, ки аз ду калима “ислом” ва “сиёсат” иборат аст, назар карда шавад, хеле чизҳо рушан мешавад.
Ислом динест бо арзишҳои волое мисли адолат, садоқат, вафодорӣ ва ғайра ва ҳамчунин дини Ислом ҳама гуна рафторҳои бад, монанди хиёнат, дурӯғгуӣ, зулму ситам, ҷосусӣ ва ғайраро накуҳиш мекунад ва бояд аз ин корҳои бад дурӣ ҷуст. Ба таври мисол, вақте мегӯед: “Садоқат ё вафодорӣ ба аҳд барои ман як арзиш аст”, манзурамон ин аст, ки “он қадар бароям меарзад, ки ҳозирам чизҳои дигарро ба хотири ҳифзи ин арзиш аз даст бидиҳам.”
Аммо сиёсат чӣ? Сиёсат бештар ба воқеъиятҳо кор мегирад, то арзишҳо. Як сиёсатмадор бояд воқеъиятҳоро ҳамон тавре ҳаст, бишносад, на ҳамон тавре ки бояд бошад. Аз ҷумлаи воқеъиятҳо ин аст, ки нафси инсонҳо дар сурати эҷоди шароити муносиб бештар “амморатун биссуъ” яъне моил ба бадӣ мебошад ва барои ҳамин як сиёсатмадор бояд воқеъиятҳои моҳавли худро хуб бишносад.
Балки як сиёсатмадори муваффақ воқеъиятҳоро на танҳо бояд бишносад, балки то ҳадди имкон қудрати таҳлили ин воқеъиятҳо ва натоиҷи эҳтимолии онҳоро дошта бошад ва барои ҳар таҳдиде омода бошад. Ба таври мисол, ҳамин ҳоло Қайс Саид, президенти Тунис, ҳама абзори қудратро дар даст гирифтаасту боризтарин ҳизби сиёсии ин кишвар, Наҳзати Тунисро дар чолиши бузурге қарор додааст. Бисёре аз таҳлилгарон бар ин ақида ҳастанд, ки ин ҳолат дар як замон рух надодааст, балки рафтори Қайс аз рӯзи ба қудрат расиданаш дар соли 2019 то рӯзи эълони ҳолати изтирорӣ нишон медод, ки вазъият ба эҳтимоли зиёд ба ин самт равон аст.
Исломгароҳо, ки аксаран инсонҳои диндор ҳастанд, дар байни ҳифзи арзишҳову нозукиҳои он аз як тараф ва сиёсату ваҳшонияти он, аз тарафи дигар, қарор гирифтанд. Ин нозукиҳои тавозун байни арзишҳо ва бозиҳои сиёсат боис мешаванд, ки исломгароҳо дар сиёсату қавоиди он биланганд.
Масоиле мисли диникунонии сиёсат (تديين السياسة) ва сиёсикунонии дин (تسييس الدين), ки ба ин мавзуъ низ рабт дорад, баҳси дигареро металабад.
Саволи матраҳ ин аст, ки агар исломгароҳо дар майдони сиёсат ноком ҳастанд, ҳамон тавре ки дар боло гуфта шуд, пас чаро исломгароҳо бо вуҷуди саркубиҳои шадид дар майдон ҳастанд, аммо бисёре аз аҳзоби ғайриисломӣ дар баробари саркубиҳо тоб намеоранду аз майдони сиёсат мераванд? Оё ин далел нест, ки исломгароҳо сиёсату бозиҳои онро хуб балад ҳастанд?
Ба назари ман, ин буъди динӣ ҳаст, ки исломгароҳоро бо вуҷуди саркубиҳои шадид ва ваҳшонӣ дар майдони сиёсат дар қариб сад соли ахир нигоҳ медорад, аммо дар майдони сиёсат будан ба танҳоӣ далолат бар доштани ҳунари сиёсӣ намекунад. Дар тули таърих гурӯҳҳои зиёде вуҷуд доштаанд, аммо вуҷудашон барои тағйири вазъият ва беҳтар шудани он кумак накардааст. Вақте як ҳизб ё гурӯҳи сиёсӣ вуҷуди физикӣ дорад, аммо таъсиррасон бар вазъият нест ва он ҳам ба муддати тулонӣ, на танҳо ба ҳадафи худ, тағйири вазиъят, нарасидааст, балки ба ҷумуду таъассуб ва худ ба як мушкил табдил мешавад.
Оё исломгароҳо, ба ибораи дақиқтар мусалмонон, баъди нишебиҳову фарозҳои тулонии таърих дар ҷамъи дину сиёсат ва дар додани ҳаҷми воқеъӣ ба ҳар як дар ояндаи наздик муваффақ хоҳанд шуд ё хайр? Таърих гувоҳ хоҳад буд.
Фейсбук