Темур Варқӣ
Ҳукумат бо тасмими ирсоли сарбоз ҷони ҳазорҳо тоҷик дар Қазоқистонро ба хатар андохтааст.
Дар пайи вуруди артиши Русия ба Қазоқистон, ҳиҷрати русҳо аз ин кишвар шурӯъ шудааст. Хабарҳое дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки аз кӯч бастани хонаводаҳои зиёди русзабон аз Қазоқистон ба Русия хабар медиҳанд.
Ҳанӯз хушунат алайҳи русҳо аз ҷониби қазоқҳо ба қайд гирифт нашудааст, аммо худи русзабонҳои Қазоқистон аз тарси ин ки вуруди артиши Русия ба ин кишвар метавонад сабабаи бурузи русбадбинӣ шавад, тасмим ба тарки хоки Қазоқистон мегиранд.
Нооромиҳо дар шаҳрҳои Қазоқистон, ба хусус Алма-Ато шиддат мегиранд ва муқобилияти тазоҳургарон бо нерӯҳои давлатӣ бо суръат ба як ҷанги тамомайёр табдил мешавад. Шабонарӯзи гузашта тирпарронӣ ҷараён дошт, ки бар асари он даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.
Тибқи тасмими Шӯрои амниятии СПАД, нерӯҳои ин созмон “барои баргардонидани амнияту тартибот ва ҳифзи иншооти низомӣ” вориди хоки Қазоқистон мешаванд. Дар қатори се кишвари узви ин паймон — Русия, Белорус ва Арманистон, Тоҷикистон ҳам тасмим гирифтааст 200 сарбоз ба Қазоқистон ирсол кунад. Қирғизистон аз ирсоли сарбоз ба ҳамсоякивараш худдорӣ кард.
Мухолифин ва фаъолони қазоқ вуруди нерӯҳои СПАД-ро ҳамла ба хоки кишварашон номиданд ва аз мардум хостанд ба он муқобала кунанд. Бархе коршиносон ба ин назаранд, ки вуруди нерӯҳои СПАД метавонад бештари мардуми қазоқро алайҳи ин иқдом шӯронад, ки ба тазоҳургарон бипайванданд.
Дар Қазоқистон даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кору фаъолият мекунанд ва ирсоли сарбоз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвар метавонад ҷони ин муҳоҷиронро ба хатар андозад. Аз замони қатъи интернет дар Қазоқистон тамос бо аксари муҳоҷирони тоҷик низ қатъ шудааст ва пайвандонашон намедонанд онҳо дар чи ҳолат қарор доранд.
Агар русҳое, ки ҳама умр дар Қазоқистон зистаанд ва ин кишвар ватанашон ҳам ҳаст, баробари вуруди артиши Русия ба тарки ватанашон иқдом кардаанд, намешавад инро нодида гирифт. Онҳо бо мардуми маҳаллӣ бештар шинос ҳастанд ва бо гумони ғолиб тасмими тарк кардани хонаву ватанашон аз ҳамин шинохташон маншаъ мегирад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хостаанд боэҳтиёт бошанд. Вазорати хориҷии Тоҷикистон бо пахши иттилоъияе навиштааст: “Бо дарназардошти амалҳои ғайриқонуние, ки дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Қазоқистон дида мешаванд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави он кишвар қарор доранд, хоҳиш мегардад, то ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо исрор тавсия дода мешавад, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.”
Фейсбук
Акс аз сайти БгиДега
Рубрики:Андеша, Ахбори Анҷуман, Дидгоҳ, Мақолаҳо, Осиёи Миёна