“Дар кулли қисмҳои ҳарбии Вазорати дифоъ ҳар соле як маротиба се давраи озмун оиди масъалаҳои зер: ахлоқ ва тарбияи сарбозон, сатҳи дониши умумии ҳарбӣ, сатҳи дониши тактикии ҳарбӣ, техникаи ҳарбӣ, қадамзани дар платс, тирандозӣ, шиноварӣ, гуштингирӣ, давидан дар масофаи 100 м, 1000 м, 10 000 м, марҳилаҳои муборизаҳои ҷангӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузаронда шавад…”
Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (9)
9) Ташкили қисми ҳарбии сохтмонӣ.
Қисми ҳарбии махсус, бо мутахассисон ва техникаҳои навтарини сохтмонӣ таҷҳизонида шуда бо шумораи на кам аз 1000 нафар сарбозон ва афсарон ташкил карда шавад.
Мақсад ва вазифаи ин қисми ҳарбӣ бо сохтани иншоотҳои ҳарбӣ, ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати мудофиа сару кор мегиранд.
Дар навбати аввал ба аз нав сохтани мактабҳои фарсудашуда, ба монанди мактаби рақами 27-и ноҳияи Балҷувон, мактаб-вагони ноҳияи Рудакӣ, баъзе мактабҳои фарсудашудаи ноҳияи Деваштич ва ғайра.
Дар вақти даъват кардан, ба ин қисми ҳарбӣ, хоҳишмандон, то қадри имкон таҷрибадорони соҳаи сохтмон ба инобат гирифта шавад, то ки дар оянда дар ҳамин қисми ҳарбӣ кору фаолият кунанд.
Вале бояд ҳамаи зинаҳои афсарон то сардори қисми ҳарбӣ сохтмончӣ бошанд.
Ба аскарон аз рӯи корҳои иҷрошуда то 50% музд пардохт карда шавад, то ки аскарон бо дили гарм кору фаъолият кунанд.
Барои самаранок истифода бурдани қувваи корӣ ва рушди ин соҳа, дар назди ин қисми ҳарбӣ ё ки Вазорат бояд заводи семент ва хишт сохта шавад, то ки қисми ҳарбӣ аз семент ва хишти худ истеҳсолнамуда худкифо бошад;
10) Дар назди Артиши миллӣ, ташкили қисми ҳарбии чорводорӣ-фермаҳои бузурги ширию гӯштӣ. Ташкили чунин соҳа барои Вазорати дифоъ на он қадар мушкил аст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ташкили фермаҳои ширию гӯштӣ дар назди Вазорати дифоъ, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, заминҳои аз кор баромада, поймаҳои (наздики) дарёҳо ва ғайра бояд замин ҷудо намояд, то ки ему хошоки зарурӣ то қадри имкон тайёр карда шавад.
Вазорати дифоъ қувваи корӣ, техникаи зарурӣ ва тавоноии рушди ин соҳаро дорад.
Танҳо сарбозонро самаранок истифода бурдан лозим аст.
Намояндаҳои Вазорат бо масъулини заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, ордкашӣ оиди хӯроки чорво шартномаҳо мебанданд.
Вазорат бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аз ҳисоби маблағи даъватшавндаҳо, (дар соли аввал аз 600 000 нафар ва ҳар соле бо ҳисоби миёна зиёда аз 100 000 н. × 26880 = 2 688 000 000 сомонӣ (ду миллиарду шашсаду ҳаштоду ҳаш миллион сомонӣ) маблағ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар соли аввал на камтар аз 500 сар модаговҳои зотӣ харидорӣ менамоянд ва ҳар сол то тавоноӣ зиёд намуда, то ба 1000 сар расонда мешавад.
Вақти ташкили фермаҳои ширию гӯштӣ, минтақаҳои ҷойгиршавии сарбозон, наздикии ашёи хом (ему хошок), роҳи нақлиёти автомобилгард, шаҳрҳои калони саноатӣ ба назар гирифта шавад.
Пас аз 2-3 сол моли гӯштӣ ба роҳ монда мешавад ва саршумори он то таъмин намудани сарбозон ва афсарон зиёд карда мешавад.
Фермаҳои ширию гӯштӣ то ҳадде расонда шавад, ки ба пуррагӣ кормандони Вазорати дифоъ ва сарбозон таъмин карда шаванд.
Ташкили заводи ширу-гӯшт ҳам, дар назди фермаҳои ширию гӯштӣ набояд аз назар дур бошад.
Ба ҷои гадоӣ, ана ба ин кор даст бизанед, ҳам худатон сер мешавед ва ҳам сарбозон. Хонаатон доимӣ пур аз ширу ҷурғот, қаймоқ ва гӯшт мешавад.
Дар ин соҳа ҳам барои ҳавасманд намудани сарбозон 50% ҳаққи меҳнат пардохт карда мешавад;
11) Барои ҳавасмандгардонидан омӯхтани илми соҳаҳои ҳарбӣ ва самаранок истифода бурдани вақти сарбозон.
Дар кулли қисмҳои ҳарбии Вазорати дифоъ ҳар соле як маротиба се давраи озмун оиди масъалаҳои зер: ахлоқ ва тарбияи сарбозон, сатҳи дониши умумии ҳарбӣ, сатҳи дониши тактикии ҳарбӣ, техникаи ҳарбӣ, қадамзани дар платс, тирандозӣ, шиноварӣ, гуштингирӣ, давидан дар масофаи 100 м, 1000 м, 10 000 м, марҳилаҳои муборизаҳои ҷангӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар марҳилаҳои зерин гузаронда шавад:
— давраи аввал, дар ҳар як қисми ҳарбӣ;
— давраи дуюм, байни қисмҳои ҳарбии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва НТҶ;
— давраи сеюм, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ.
Дар ҳар се давра ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро муайян намуда, сарбозон бо нишонаи сарисинагӣ ва ҳавасмандкунии молӣ қадрдонӣ карда шавад.
Дар натиҷа, аз сарбозон ва афсарони оддии қисмҳои ҳарбӣ сар карда то афсарони зинаҳои боло масъулият ҳис мекунанд. Ҳар ҷузъи томми қисмҳои ҳарбӣ ҳаракат мекунад, ки дар озмунҳо пешсаф бошад ва ҷойҳои аввалро ишғол намояд.
Идома дорад