“Пас аз ба даст овардани истиқлолияти нисбӣ, ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ артиш ва техникаҳои ҳарбии дар қаламрави худ доштаро миллӣ кунониданд. Аммо мансабдорони мо ба ҷои миллӣ кунонидани артиши собиқ Шӯравӣ ва дар қаламрави кишвар буда, ба мансабталошӣ овораю саргардон шуданд…”
Силсилаёддоштҳои Додоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (10)
12) Муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон:
Агар хоҳед, ки дар Вазорати дифоъ ба фасод хотима дода шавад, ин дар дасти худи Шумост. Шумо огоҳ ҳастед, ки оиди даъват ба сафи Артиши миллӣ сар аз кормандони ҷамоатҳо, то кормандони ҳукумати шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои қудратӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ даст ба фасод мезананд. Чаро?
Чунки худи Шумо гунаҳкор ҳастед! Аз пора додан даст кашед. Порае, ки Шумо медиҳед, дар сатҳи поёнӣ ҷамъоварӣ шуда, қисм-қисм то зинаи болоӣ тақсим мешавад.
Чунин ҳолатро дар ноҳияи Исфара аз рӯи маълумоти нашрнамудаи Ислоҳ.тв огоҳ гашта будед.
Мисоли дигар, Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабри соли 2021 хабар дод, ки ба ҷурми гирифтани пора ду нафар кормандони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, Мавҷуда Абдуллоева ва Заррина Ғафурова дастгир ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Яъне онҳо бо маслиҳати пешакӣ, оиди нотавон будани ин ё он ҷавон ба хидмати ҳарбӣ, билети ҳарбиро тайёр намуда, ба падарони даъватшавандаҳо мефурӯхтаанд.
Чунин корҳои зишт Вазорати дифоъро ба монанди торҳои тортанак печонида гирифтааст, ки поксозии он хеле хело мушкил аст.
Порадиҳӣ ва порагирӣ дар Ислом 72 гуноҳи сангин дорад. Худатонро аз пора додан ва аз пора гирифтан дур бигиред!
Мувофиқи қонуни нави даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ, Шумо метавонед ба суратҳисоби Вазорати дифоъ 26 880 сомонӣ супоред, тӯли як моҳ фарзандон хидмати ҳарбиро мегузаранд ва соҳиби билети ҳарбӣ мешаванд.
13) Пас аз ба даст овардани истиқлолияти нисбӣ, ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ артиш ва техникаҳои ҳарбии дар қаламрави худ доштаро миллӣ кунониданд. Аммо мансабдорони мо ба ҷои миллӣ кунонидани артиши собиқ Шӯравӣ ва дар қаламрави кишвар буда, ба мансабталошӣ овораю саргардон шуданд.
Ҳоло барои исботи ин муддао, ҷо дорад як воқеияти талх аз таърихро бароятон нақл кунам:
Аввалин интихоботи президентии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 30 ноябри соли 1990 дар Сессияи чоруми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон барпо гардид. Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва депутати Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев номзад ба симати президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ шуданд. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии депутатҳои Шӯрои Олӣ Қ. Маҳкамов 131 овоз (57,0% )ва Р. Набиев 89 овоз (38,7%) гирифтанд. Мувофиқи ҷамъбасти овозҳо, Қ. Маҳкамов ғолибият ба даст оварда, расман президенти ҷумҳурӣ интихоб шуданд.
Оғоз аз пагоҳ депутатҳои собиқи вилояти Ленинобод барои якдигар чоҳканиро оғоз намуданд, ки талхии онро мардуми Тоҷикистон то ҳол чашида истодааст.
Дар интиҳо Қаҳҳор Маҳкамов аз минбари Шӯрои Олӣ ба депутатҳо хитоб намуда гуфт, ки ман меравам, вале Шумо пушаймон мешавед!.. Ӯ папкаи сурхи худро гирифта рафт.
Ҳақиқатан ҳам, на танҳо депутатҳо пушаймон шуданд, (рӯзе шуд, ки аз Душанбе бо роҳҳои пинҳонӣ гурехта омаданд), балки миллат ва кулли мардуми Тоҷикистон пушаймон шуд.
Дере нагузашта, 11 ноябри соли 1991 интихоботи умумимиллӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ин интихобот ду нафар номзадии худро пешниҳод намуданд: Раҳмон Набиев ва Давлат Худойназаров.
Банда дар вохӯрии номзад ба симати президентӣ Р. Набиев, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок дошта, се савол дода будам:
1) Агар Шумо ба симати президентӣ интихоб шавед, артиши миллӣ ташкил мешавад ё на?
2) Азбаски аксари зиёиён тарафдори номзад, Давлати Худоназаров ҳастанд, дар сурати интихоб шудани Шумо ба симати президентӣ, барои зиёиён кадом имтиёзҳоро пешниҳод ва ҷорӣ менамоед?
3) Дар сурати интихоб шудани Шумо ба мақоми президентӣ, саноатҳои дар ихтиёри Русия буда миллӣ кунонида мешаванд?
Ба ягон савол ҷавоб дода нашуд.
Бегоҳии рӯз дар театри ба номи К. Хуҷандӣ (собиқ А. Пушкин) бо элитаи шаҳри Хуҷанд боз вохӯрӣ ташкил шуд. Дар саҳнаи театр, С. Кенҷаев, Ҷ. Муродов ва Р. Набиев дар ролҳо бозӣ мекарданд. Боз ҳамон саволҳоро пешниҳод намудам, аввал ба дасти С. Кенҷаев саволҳо расид, хонд, каме ба сукут рафт, лекин ба Р. Набиев дод.
Ҷавобҳо бо ин шарҳ буд:
— барои ташкили артиши миллӣ 9 млн. пул лозим аст, ки ин миқдор пулро Ҳукумати Тоҷикистон надорад. (Ва ин дар ҳолест, ки артиши миллӣ сутунмӯҳраи миллат аст. Дидгоҳи номзад ба симати президенти ҷумҳурӣ, сиёсатмадори Шӯравӣ дар чунин сатҳ буд);
— ҷавоби дуюм, зиёиён, ки дар сафи пеш нишаста буданд, хитоб намуда Шумо тарафдори кӣ ҳастед?!
Ҳама бо ханда идома доданд.
Пас раиси ҳизби демократӣ дар вилояти Ленинобод, Файзуллоҷон ин ҷавобҳоро шунида, ба саҳна баромад ва аз дасти номзад микрофонро кашида гирифт.
Хонандаи азиз! Оиди Иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олӣ, дар шакли мухтасар нақл менамоям:
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд — аниқтараш дар ноҳияи Б. Ғафуров ҷамоати Унҷӣ, деҳаи Арбоб, аз 16-уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шароити буғранҷ баргузор гардид.
Мақсади иҷлосия барои барқарор намудани ҳуқуқҳои президенти онвақта Р. Набиев, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд.
Вале аз рӯзи аввал, аз роҳи асосии шаҳри Хуҷанд, ба тарафи роҳи Арбоб сарбозон ва афсарони кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон гузошта шуд. Чаро?
Чунки Тоҷикистон сарбоз ва афсари қонунии худро надошт.
Дар ҷаласа сухани депутатҳо арзише надошт.
Сангак Сафаров, “меъмори” истиқлолияти Тоҷикистон, олим ва муҳаққиқ Тоҳири Абдуҷаборро дар толор таҳқир ва тӯҳмат мекард, вале барандаи иҷлосия ҳуқуқе надошт, ки ӯро боздорад.
Президенти қонунӣ Р. Набиев ба иҷлосия даъват нашуд.
Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷаласа рабуда шуд.
Дар охирон рӯзи ҷаласа Р. Набиев даъват шуд.
Вале аллакай Эмомалӣ Рахмонов раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда буд.
Симати президентиро бо қарори Шӯрои Олӣ барҳам дода буданд.
Раҳмон Набиев зиёда аз ним соат суханронӣ кард, хеле мантиқӣ буд, аз онҳое, ки ба ӯ хиёнат карданд, ба тафсил суханронӣ намуда ошкор намуд. Ҳатто дар зодгоҳаш аз ин ки худро мусофир эҳсос мекунад, изҳори норизоӣ баён кард.
Қарори муҳимми иҷлосия: қабули созишномаи оштии миллӣ буд.
Барои зиёфати созишномаи оштии миллӣ, аз хурсандӣ як шаҳрванди деҳаи Унҷӣ, муаллим Хӯҷаев, шогирди банда (ҷои зисти ӯ аз ҷои иҷлосия, тахминан дар 3 км. масофа ҷойгир аст), як сар гӯсфанди бӯрдоқии барои фарзандонашон поидаро оварда ба Сангак ишора карданд, ки гӯсфандро сар занад, вале ӯ рад намуд.
Созишномаи оштии миллӣ дар толори қасри «Арбоб»-и колхози ба номи Ӯрунхуҷаев монд.
Аз гуфтаҳои раисҷумҳури Белорусия Александр Лукашенко, Эмомали Раҳмонов дар болои танки кишвари Ӯзбекистон, дар даст пулемёт вориди Душанбе шудааст.
Дар ҳавои Тоҷикистон, тайёраҳо ва вертелётҳои ҳарбии Ӯзбекистон мардуми беяроқро тирборон мекард.
Яке аз вертелётҳои кишвари Ӯзбекистон назди деҳаи Яккатоли ноҳияи Ваҳдат ба назди қабристон афтида буд.
Созишномаи оштии миллии «тақдирсоз» садҳо ҳазор гуреза, 150 000 талафоти ҷонӣ, даҳҳо ҳазор ятиму бева, ҳазорҳо хонаҳои сӯхта ва ғайраро аз худ боқӣ гузошт.
Р. Набиев ҳам мармуз фавтид. Ҷасади беҷони ӯро дар толори театри ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои видои мардуми шаҳр гузошта буданд, агар хато накунам, тарафи рӯи чапаш кабуд буд.
Бо чоҳканони вилояти Ленинобод, сокинони ҷанубӣ ҳам ҳамроҳ шуда, ҳам мухолифин ва ҳам бародарони худро зери хок карданд.
Пас аз ба имзо расидани созишномаи оштии миллӣ то ҳол қатл, маҳкама, зулму шиканҷа, дуздӣ, ғасби моликияти шаҳрвандон, ғорати буҷа давом дорад.
Идома дорад