“Яке аз роҳбарони давлати узви ин созмон Роза Отунбаева, ки аз 3 июли 2010 то 1 декабри соли 2011 дар симати президенти давраи гузариши Ҷумҳурии Қирғизистон фаолият дошт, дар давраи фаъолияти худ, аз СПАД кӯмак хоста буд, аммо рад шуд. Соли 2020 Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, барои оромии кишвари худ, аз СПАД кӯмак дархост намуд, он ҳам рад шуд. Чаро? Чунки Пашинян бо роҳи тазоҳуроти мардумӣ ба сари қудрат омада буд. Ва каме бошад ҳам, давлати озод ва адолатхоҳ буда, рӯ ба ғарб овардааст…”
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (11)
14) Яке аз муаммоҳои имрӯза муаммои марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аст. Дар кишвар соле нест, ки машқҳои тактикии низомии мамлакатҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гузаронда нашавад.
Ба фикри банда, мо дар дохил машқҳои ҳарбиро кам намуда, зиёдтар ба ҳифзи марз эътибори ҷиддӣ диҳем. Чаро?
Барои он ки аз мамлакати ҳамсоя бемалол гузашта шаҳрвандони Тоҷикистонро мекушанд, боз ба кишвари худ бармегарданд, сарҳадбонҳои мо даст кӯтоҳӣ мекашанд.
Манзури ман, давлати Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Як мисоли равшан, яке аз рӯзҳои фасли тобистон, аз қаламрави Афғонистон қочоқчиёни афғонӣ бемалол гузашта, ду нафарро мекушанд, нафари сеюм мегурезад ва 40 сар говҳои шаҳрвандони ҷумҳуриро гирифта мераванд, сарҳадбонҳои мо хабар надоранд.
Вақте ки Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи СПАД ва ИДМ мебошад, сарҳади Тоҷикистон марзи ин созмонҳо ҳам ҳисоб мешавад.
Якчанд сухан оиди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд (Ӯзбакистон), бо номи “Аҳдномаи Тошканд” созмони байналмиллалии минтақавӣ (СПАД) таъсис дода шуд.
Шартномаи эъломияи ин созмонро сарони ҳафт давлат, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон имзо карданд. Сипас Озорбойҷон, Белорус ва Гурҷистон низ ворид шуданд. Лекин дере нагузашта, давлатҳои Ӯзбекистон, Озорбойҷон ва Гурҷистон бо хоҳиши худ хориҷ шуданд. Боз пас аз чанд вақт, Ӯзбекистон дубора (дар соли 2006) ворид шуда, аммо соли 2012 хориҷ шуд.
Масъалаҳои асосии ин созмонро Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ, ки мақоми олии созмонро дорад ҳал мекунад. Шӯро масъалаҳои асосии созмонро баррасӣ намуда, қарорҳое қабул мекунад, ки ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои узви созмон нигаронида шудааст. Инчунин ҳамоҳангсозӣ ва фаолияти муштараки давлатҳои аъзоро барои ноил шудан ба ин ё он ҳадаф таъмин менамояд. Шӯро ҳар сол аз сарони давлатҳои аъзо, раиси Шӯроро интихоб менамояд. Ҳоло раисикунанда Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мебошад.
“Агар ба якеи аз давлатҳои паймон, ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо лашкар кашанд ё дахолат кунанд, ин амалро ба муқобили ҳамаи созмон ҳисобида мешавад.
Дар сурати дохил шудани дахолат ба ҳар кадоме аз давлатҳои созмон, ҳамаи дигар давлатҳои паймон кӯмаки зарурӣ мерасонанд. Аз ҷумла ёрии ҳарбӣ ва инчунин бо воситаҳои дар ихтиёри худ дошта, амали намудани ҳуқуқҳои дастаҷамъонаро, мувофиқи моддаи 51 Оинномаи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳид дастгирӣ мекунанд.”
Илова бар ин, дар моддаи 5-уми Оинномаи СПАД, фаолияти худро дар асоси эҳтироми қатъии истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқу ӯҳдадории давлатҳои узв ва ДАХОЛАТ НАКАРДАН ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти миллии давлатҳои аъзо тааллуқ дорад, вазифадоранд.
Ва дар моддаи 8-уми Оиннома, сархати сеюм омадааст:
“Давлатҳои узви СПАД, дар соҳаи ҲИФЗИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ, табодули иттилоот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав, аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин аз хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ ба амал меояд, ҳимоят карда мешавад.”
Ин ҳама дар шартнома ва оиннома омадааст. Лекин афсӯс, ки дар асл чунин набудааст. СПАД, дар зери чатри КРЕМЛИН, барои баровардани хостаҳои худ ва барои ҷаҳониён нишон додани як созмони бонуфуз аз ҳисоби давлатҳои нимозод ва ғайриозод (несвободных) Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ташкил намудааст.
Яке аз роҳбарони давлати узви ин созмон Роза Отунбаева, ки аз 3 июли 2010 то 1 декабри соли 2011 дар симати президенти давраи гузариши Ҷумҳурии Қирғизистон фаолият дошт, дар давраи фаъолияти худ, аз СПАД кӯмак хоста буд, аммо рад шуд.
Соли 2020 Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, барои оромии кишвари худ, аз СПАД кӯмак дархост намуд, он ҳам рад шуд. Чаро?
Чунки Пашинян бо роҳи тазоҳуроти мардумӣ ба сари қудрат омада буд. Ва каме бошад ҳам, давлати озод ва адолатхоҳ буда, рӯ ба ғарб овардааст.
Идома дорад.