Ба қалами Салмон Султонзода
Чанде рӯз пеш, дақиқтараш санаи 31 декабри соли гузашта, дар сомона ва саҳифаи фейсбукии “Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон” мақолаи ҷаноби Дадочон Ёкубовро таҳти номи “12 далел барои ба истеъфо рафтани Раҳмон” нашр карда будем.
Ин мақола хеле сарусадо ба бор овард ва эътибори аксар корбарони Фейсбукро ба худ кашида буд. Дар ин миён ҳатто намояндагони худи ҳизби ҳоким (ҲХДТ) ин матлабро писандида мусбат қабул карданд ва ҳатто комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ин матлабро дар саҳифаи расмии худаш бознашр кард.
Ғайр аз ин, ин намояндагони расмии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба чанд матлабҳои банда ва матлабҳои сомонаи “Бги Дега” карикатураи “Нӯши ҷонатон маккадонхӯрон!” низ лайк монда буданд.
Сабаби якчанд лайк мондан ва ҳатто бознашр кардани маводди мухолифони режими Рахмонов аз ҷониби худи аъзоён ва масъулони ҳизби Раҳмонов ин нишонаи он аст, ки аксари масъулони ин ҳизб, ки дар ноҳияҳо кору фаъолият мебаранд, аз ҳукумати ин диктатор безор шуданд.
Ҳамагӣ медонем, ки барои як “лайк” ба матлабҳои мухолифин, дар Тоҷикистон таҳдиди зиндон вуҷуд дорад, инро дар хабарҳо низ хонда будем ва огоҳ ҳастем. Он масъулони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон низ огоҳ ҳастанд, аммо бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо боз нотарсона садои худро бароварданд.
Ман шахсан ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич миннатдории худро баён мекунам барои нотарсӣ ва ҷуръат карда бар зидди роҳбари худ садо баланд карданашон.
Аммо дере нагузашта, раиси ҲХДТ Деваштич ба шаҳри Хуҷанд ба шӯъбаи вилоятии ҲХДТ даъват шуда, зери фишори равонӣ ва таҳдид қарор мегирад, пас аз ин он матлаби бознашршуда ва дигар “лайкҳо” пок карда мешаванд. Аз рӯи хабарҳо, қазияро шахсан худи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода ва бахши амнияти иттилоотии КДАМ-и вилоят зери назорат мегиранд.
Дар навбати худ, ба роҳбари ҲХДТ дар Деваштич супориш дода мешавад, то матлабе зидди мухолифони режими Рахмонов нависад, алалхусус зидди Анҷумани Озодандешон ва эълон кунад, ки “хакерҳои” мухолифин саҳифаи расмии ҲХДТ Деваштичро мавриди ҳамла қарор дода, онро шикастанд ва аз номи комиҷроияи ҲХДТ Деваштич дар зери матлабҳои худ лайк монда “поделится” карданд.
Он раиса, ки як зан модари тоҷик аст, ноилоҷ аз тарси мақомот гуфтаи роҳбарашро мекунад ва дар сомонаи расмии ҲХДТ Суғд матлабе бо номи “Деваштич. Лаънат ба носипосон” аз санаи 5 январ нашр мешавад.
Баъд аз ин моҷароҳо, роҳбарияти ҳизби “президент” дар вилояти Суғд тасмим мегирад ҳамаи раисони ҳизбро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Хуҷанд даъват карда, бо онҳо семинар баргузор кунад. Ин семинари омӯзишӣ санаи 7 январ дар мавзӯи “Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ” шуда мегузарад. Дар семинар супориш мешавад, то сохторҳои ҳизбӣ бо мухолифин умуман дар тамос нашаванд, матлабҳои онҳоро нахонанд ва наворҳояшонро тамошо накунанд. Вақте афроди ҷамъомада аз роҳбарони худ суол мекунанд, ки чӣ тавр мо зидди мухолифин матлаб нависем вақте онҳоро хондан ё тамошо кардан мамнӯъ бошад?, роҳбарият супориш медиҳад, ки матлаби мухолифонро нахонда дар коментарияҳо зидди онҳо нависед. Ба гуфтаи яке аз дӯстонам, ки дар он семинар иштирок дошт, “Ин ҳарфҳо хандаовар буданд, агар гиряовар намебуданд”.
Мақсади мо аз ин навиштаҳо дар он аст, ки мардум ва роҳбарияти кишвар бояд донанд, ки ҳатто худи аъзоёни фаъол, зиёиён, ҳатто раисону масъулони ин ҳизби ҳоким яъне ҲХДТ, ки раисашон худи Эмомалӣ Раҳмонов аст, аз сиёсати роҳбарияти ҳизбашон ба дод омадаанд. Онҳо вазъиятро дар ҷойҳо, дар байни мардум мебинанд, аммо маҷбур ҳастанд дурӯғ нависанду дар маҷлисҳо дурӯғ гӯянд.
Таърих нишон дод, ки агар дар дохили ҳизби сиёсӣ адолат набошад, худи аъзоёни он ҳизбро аз байн мебаранд, мисоли ошкор ҳизби коммунистии Шӯравӣ, КПСС. Аз рӯи таҳлилҳо, ҲХДТ-ро низ тақдири КПСС интизор аст.
Ногуфта намонад, ки худи раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар фарзанди Деваштич аст ва дар гузашта раиси ин ноҳия низ буд. Саҳифаи расмии ҲХДТ-ро дар ноҳияи Деваштичро додарзодаи ин раис собиқ раиси кумиҷроияи ноҳия Комрон Исмоилиён таъсис дода буд, ки ҳоло худаш вакили Маҷлиси Намояндагон аст.
Хуллас, моҳӣ аз сар мепӯсад мегӯяд, аз афти кор режими Раҳмонов ончунон пӯсидааст, ки дигар бӯи гандаш ҳамаро гирифт, ин тарафашро худатон дарк кунед.
Рубрики:Дидгоҳ, Нақду назар