Дидгоҳ

Чанд ҷумла дар бораи ҳодисаҳои Қазоқистон

(Вазорати дифоъ ислоҳот мехоҳад (Бахши шашум))

“Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳукумати ҷумҳуриро ба истеъфо мефиристад. Вале тазоҳуроти мардумӣ рӯз аз рӯз васеъ шуда, оҳиста-оҳиста намояндаҳои сохторҳои қудратии шаҳрҳои Алмаато, Ҷамбул, Оқтов ва дигар шаҳрҳо ба тарафи мардум мегузаранд ва ё ба кор намебароянд. Аз ин фурсати муносиб яке аз мансабдорони зинаи болоии ҳукуматӣ гурӯҳи ҷинояткорони яроқи оташфишонӣ доштаро дар шаҳри Алмаато бар зидди сохторҳои қудратӣ ташкил медиҳад. Ин гурӯҳи ҷинояткор сабабгори нооромӣ, шикастани тирезаҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ, витринаҳо, ғорат намудани мағозаҳо, ошхонаҳо, ресторанҳо, банкоматҳо, оташ задани биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, тасарруф намудани биноҳои ҳукуматӣ ва иҷтимоӣ, фурудгоҳ, телестудияи “Мир” ва ғайра мегарданд. Дар умум нооромӣ ва бесарусомонӣ кишварро фаро мегирад. Вале бо ҳамаи ин бесомониҳо нигоҳ накарда, ғалабаи инқилоби мардумӣ наздик мешавад…”

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (12)

14 — (а) Ин баҳс дар бораи ҳодисаи ахири Қазоқистон, ки бо ворид шудани қувваҳои мусаллаҳи посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ анҷом ёфт, аст.

Зарур донистам, ки якчанд нуктаро шарҳ бидиҳам. (Нуктаҳое, ки дар зер оварда мешавад, таҳлил ва муқоиса бо кишвари худ намоед).

Рӯзи 2-уми январи соли ҷорӣ мардуми шаҳраки Ҷанаозени вилояти Мингистав ба сабаби боло рафтани нархи гази мойеъ аз 60 танга то 120 танга юо талаби поён овардани нархи гази мойеъ ба майдони шаҳр сарорез мешаванд.

Аз паси онон мардуми шаҳри Оқтав, маркази вилояти Мингистав, инчунин дар шаҳрҳои Алмаато, Ҷамбул, Қарағанда, Нурсултон, Оқтеппа, Уралск ва ғайра ва хулоса тамоми кишварро хезиши мардумӣ фаро мегирад.

Ҳукумати Қазоқистон фавран талаботи иқтисодӣ-иҷтимоии тазоҳуротгаронро қонеъ мегардонад. Яъне нархи гази мойеъ аз 120 танга ба нархи аслии он барои 6 моҳ баргардонда мешавад. Вале мардум аз талаботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба талаботи иқтисодӣ-сиёсӣ мегузаранд. Истефои ҳукуматро талаб мекунанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳукумати ҷумҳуриро ба истеъфо мефиристад. Вале тазоҳуроти мардумӣ рӯз аз рӯз васеъ шуда, оҳиста-оҳиста намояндаҳои сохторҳои қудратии шаҳрҳои Алмаато, Ҷамбул, Оқтов ва дигар шаҳрҳо ба тарафи мардум мегузаранд ва ё ба кор намебароянд.

Аз ин фурсати муносиб яке аз мансабдорони зинаи болоии ҳукуматӣ гурӯҳи ҷинояткорони яроқи оташфишонӣ доштаро дар шаҳри Алмаато бар зидди сохторҳои қудратӣ ташкил медиҳад.

Ин гурӯҳи ҷинояткор сабабгори нооромӣ, шикастани тирезаҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ, витринаҳо, ғорат намудани мағозаҳо, ошхонаҳо, ресторанҳо, банкоматҳо, оташ задани биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, тасарруф намудани биноҳои ҳукуматӣ ва иҷтимоӣ, фурудгоҳ, телестудияи “Мир” ва ғайра мегарданд. Дар умум нооромӣ ва бесарусомонӣ кишварро фаро мегирад. Вале бо ҳамаи ин бесомониҳо нигоҳ накарда, ғалабаи инқилоби мардумӣ наздик мешавад.

Лекин раисиҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев, сару калобаашро гум карда, шоми 5-уми январ аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва аз раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин мустақиман кӯмак мехоҳад. Вай иддао дошт, ки дар кишвар 20 000 нафар “гурӯҳи террористӣ”-и дар хориҷ тамриндида фаолият доранд ва ҳодисаҳои рухдодаро “таҳдид ба якпорчагии давлат” ва ҳамла ба шаҳрвандон меномад.

Ниҳоят хабар дода шуд, ки ҳавопаймоҳои ҳарбии нақлиётии Нерӯҳои ҳавоии Русия дар кӯтоҳтарин муддат сарбозон ва афсарони посдори “сулҳ”-ро аз мамлакатҳои узви СПАД ба шаҳри Алмаато интиқол медиҳад. Аз ҷумла аз Арманистон 100 нафар, аз Қирғизистон 150 нафар ва аз Тоҷикистон 210 нафар бо ҳамтоёни рус ва ҳам белорус ҳамагӣ 3600 нафарро ташкил медиҳад.

Сарбозон ва афсарони СПАД тазоҳуротгаронро саркӯб карда ва аз ҷумла фурудгоҳ, идораи амният ва дигар объектҳои сохторӣ, маъмурӣ ва иҷтимоиро зери назорати худ мегирад.

Вақте ки ҷомеаи шаҳрвандии дохилӣ ва хориҷӣ исбот намуд, ки ворид намудани сарбозон ва афсарони посдори сулҳи СПАД ба яке аз узви паймонҳои худ бар хилофи моддаи 5-уми оинномаи созмон мебошад, онҳо зуд аз хоки Қазоқистон хориҷ шуданд.

Қосим Ҷомарт Тоқаев шахсан ба ҳамтои русаш Владимир Путин барои вокуниши “гарм”, “рафиқона” ва “самимӣ” ба дархости кӯмак дар робита ба эътирозҳои дохилии ҷумҳурӣ, изҳори сипос кард.

Президенти Белорус Александр Лукашенко бо посдорони сулҳи Белорус вақти бозгашти онҳо аз Қазоқистон, дар фурудгоҳ нақшаи амалиёти посдорони сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз тарафи руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Белорусро “нақшаи интиқоли посдорони сулҳ” тавсиф кард, ки дар тӯли як соат таҳия шудааст.

Саволе пайдо мешавад. Агар масъалаҳои изтирории созмонро Русия ва Белорус ҳал намоянд, боқимондаи кишварҳои узви созмон яъне Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, Никол Пашинян, магар таҳқир намешаванд? Ё худи онҳо худро ба чунин таҳқир шудан оварда расонданд?!

Тазоҳуроти мардумиро президенти ҷумҳурӣ Қосим Ҷомарт Токаев ба хун оғушта кард. Токаев ҳатто фармон дод, ки беогоҳӣ ба тазоҳуротгарон тир кушода шавад.

Дар бисёри шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз соати 23:00 то пагоҳи 7:00 ҳолати фавқулода эълон карда шуд.

Дар тӯли 10 рӯзи тазоҳуроти мардумӣ 4500 нафар шаҳрвандони захмӣ, ки ҳоло 67 нафари онҳо дар беморхона, 225 нафарашон кушта, аз ҷумла 18 нафар аз сохторҳои қудратӣ (танҳо дар як шаҳри Алмаато 160 нафар кушта, аз ҷумла 149 нафар шаҳрвандони мулкӣ ва 11 нафар аз шумори сохторҳои қудратӣ), ба 545 нафар делои ҷиноятӣ оғоз шудааст, 672 нафар дар изоляторҳо, миллиардҳо зарари молиро боқӣ гузошт.

Вале тазоҳуроти мардумӣ ба ду ҳокимият нуқта гузошт. Яъне Элбасӣ, диктатор, Нурсултон Назарбоевро куллан аз саҳнаи сиёсӣ дур кард. Тақдири ояндаи ӯ номаълум аст.

Даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ СПАД оиди масъалаи нооромии Қазоқистон рӯзи 10 январи соли 2022 оғоз шуд.

Дар ҷаласа Тоқаев суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ба раиси Шӯро Никол Пашинян барои кори фаврӣ (эътибор диҳед, “оид ба мувофиқа расондани ҳуҷҷатҳои зарурӣ”) ташаккур мегӯям.

Ӯ дар идомаи суханронии худ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои дарк ва ҳалли масъала, зуд фиристондани контингенти посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон, изҳори миннатдорӣ намуд.

Ӯ гуфт, бо Шумо, Владимир Владимировичи азиз, мо аз рӯзҳои аввали “ҲУҶУМИ ТЕРРОРИСТӢ” ба мамлакат, алоқаи доимӣ доштем!

Суханҳои “боарзиш”-и Қосим Ҷомарт Тоқаевро бо ду нуқта шарҳ медиҳам:

1) Аввалан К.Ҷ. Тоқаев бо В. Путин оилавӣ хело наздик, яъне дӯстии оилавӣ доранд.

Агар суханронии В. Путинро гӯш карда бошед, хитоб ба Тоқаев карда, Кемал Ҷомартович мегӯяд. Кемал номи писари Тоқаев дар Русия соҳибкори бузург аст. То ҳадде бузург аст, ки ширкати сохтмонии ӯ дар ҷои ягона варзишгоҳи шаҳри Химкӣ бинои баландошёна сохта истодааст. Хонаи истиқоматиаш дар минтақаи зисти мақомдорони баландпояи ходимони ҳарбӣ воқеъ буда, 2 млн арзиш дорад. Дороии худаш ва модарашро (оилаи аввали Тоқаев), Надежда Давидовна Тоқаева, дар Русия пинҳон карда шудааст (дар Русия дороии на ҳама пинҳон карда мешавад). Яке аз ширкатҳои Кемал, дар истеҳсоли нафту гази Қазоқистони ғарбӣ кору фаолият дошт. Дар давраи тазоҳуроти мардумӣ, зуд номи ширкат ва роҳбари онро дигар мекунанд.

Аз ин лиҳоз ояндаи Қазоқистон дар дасти В. В. Путин аст.

Банда дар ояндаи Қазоқистон, ду роҳро мебинам:

а) роҳи аввал, Қазоқистони озод, матбуоти озод, кишвари адолатпеша, интихоботҳои шаффоф, демократӣ дошта ва амалӣ намудани он барномаи ислоҳотие, ки Тоқаев рӯзи 11-уми январ ба мардуми кишвар пешниҳод кард;

б) роҳи дуюм, роҳи интегратсияи байни Русия, Белорус ва Қазоқистон, ташкили давлати ягона аст.

Ҷаноби Тоқаев, дар суханронии худ, аз 20 000 террористонӣ дар хориҷи кишвар тамриндида хабар дод, вале хадамоти амниятӣ ҳамагӣ як қирғизро латукӯб карда ёд доданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бигӯяд, ки як шахси номаълум занг зада ваъда дод, ки дар сурати дар тазоҳуроти мардумӣ иштирок карданаш, ҳаррӯз 200 $ пардохт менамоянд.

Ӯ, ки бе ҷои кор будааст, розӣ мешавад, роҳкироро мефиристанд ва ӯро дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд. Ба як ҳуҷраи истиқомати бурда ҷойгир мекунанд, дар ҳуҷра тоҷикҳо ва ӯзбекҳо ҳам истиқомат доштаанд, вале онҳо ҳамдигарро намефаҳмидаанд.

Ӯ гуфтаҳои амниятро, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад.

Аммо дар асл ӯ шахси бекор набуда, балки мусиқанавози касбӣ будааст. Ӯро масъулини баландпояи Ҳукумати Қирғизистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешиносанд ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, аз Ҳукумати Қазоқистон талаб мекунад, то зуд раҳо кунанд.

Вақте диданд, ки ин нақшаи сохтаашон хом баромад, хабари террористонӣ 20 000 нафараро поксозӣ карданд.

Нақшаи дуюм, гӯё ҷавонони қазоқ дар қисмати кӯҳии вилояти Алмаато тамрини террористӣ гирифтаанд, лекин амнияти вилоят ва ҷумҳурӣ пешгирӣ накардааст.

Ниҳоят, раиси Кумитаи амнияти миллӣ Карим Масимов, ҷонишини аввал Самат Абиш ва боз ду ҷонишини дигари КАМ-ро аз вазифа озод намуданд.

Карим Масимов ба ҳабс гирифта шуд.

Рӯзи 11-уми январ Қосим Ҷомарт Тоқаев барномаи ислоҳоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ-сиёсиро пешкаши мардум намуд. Аз барномаи ислоҳотӣ ду нуқтаро пешкаши хонандагон менамоям:

а) Тоқаев изҳор дошт, ки маҳз бо шарофати амалҳои президенти аввал “Элбасӣ”, “дар кишвар як гурӯҳи ширкатҳои хело даромаднок ва як табақаи сарватмандон пайдо шуданд, ҳатто аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ”;

б) Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки як хазинаи ҷамъиятӣ “Ба мардуми Қазоқистон” таъсис дода шавад, ки ширкатҳои аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда бояд ба он мунтазам, яъне ҳар сол, саҳм гузоранд.

Дар барнома чунин нуқтаҳо хело зиёданд, албатта дар дигар мавзӯъҳо пешкаши Шумо менамоем.

Инқилоби мардумии нокомёфта ва ё аз рӯи гуфтаи масъулини давлатӣ, эътирозҳои анҷом ёфта.

Вале аз дидгоҳи банда, дастовардҳо ва инқилоби мардумӣ давом дорад.

1) Истефои Димаш Досанов (шавҳари Алия духтари хурдии Н. Назарбоев) — раиси ширкати АО “КазТрансОйл”.

2) Истефои Кайрат Шарифбоев, раиси ширкати миллии ҶШС  “QazaqGaz” (шавҳари Дарига, духтари калонии Н. Назарбоев).

3) Истефои Тимур Кулибоев, сардори ширкати миллии соҳибкорон “Atameken”  (шавҳари Динара, духтари миёнаи Н. Назарбоев).

Вале муҳим истефо не! Муҳим бозпас гардонидани пули миллат ба мардум аст. Чаро?

Чунки аз панҷ миллиардери Қазоқистон ду нафари онҳо оилаи Кулибоевҳо буда, Кулибоев Тимур 2,9 миллиард доллар ва Кулибоева Динара 2,9 миллиард доллар дар бонкҳои хориҷӣ пасандоз доранд, ин маълумоти расмӣ. (Ҳар ду баробар дорои доранд, дар байни зану шавҳар “адолат” ҷорӣ шудааст) дар кишвар ҷои 3-ум ва 4-умро ишғол мекунанд.

Давлатҳои узви СПАД бояд барои ҳифзи марзи Тоҷикистон кӯмаки ҳаматарафаи ҳарбӣ, молӣ, техникӣ ва ғайра расонанд.

Вақте Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дохил мешавад, дар он вақт сарҳади байни Тоҷикистону Чин ва Афғонистон, ҳам сарҳади СПАД ва ҳам ИИАО ҳисоб мешавад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s