“Як манбаъ аз Хоруғ хабар медиҳад, ки аз рӯзи чоруми январ то дувоздаҳум нисфи шабӣ дастикам се-чор маротиба мошинҳои ҳарбӣ бо ҷавонони либоси пакулаи афғонидошта, аз бинои КДАМ дар ВМКБ берун шуда, ба сӯи сарҳади Афғонистон равон шудаанд. Манобеи дигар гузориш медиҳад, ки гурӯҳи ҷавонони яке аз маҳаллаҳои Хоруғ, ки шабона дар шаҳр навбатдорӣ мекунанд, хавфи иҷрои як амалиёти вижаи навбатиро пай мебаранд. Шояд мақомоти амниятии Тоҷикистон бо саркӯб кардани ашхоси ҳаракати эътирозӣ дар Помир билохира пахш кардани эътирозгарон тайёрӣ дида истода бошанд…”
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (13)
(Вазорати дифоъ ислоҳот мехоҳад (Бахши ҳафтум))
14 (б ). Рӯзи 10-уми январ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси онлайнии байни давлатҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар суханронии худ қайд кард, ки дар он сӯи дарёи Аму ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар 40 пойгоҳ (тамрингоҳ) 6000 нафар тамрин мегиранд. Асоси суханронии Эмомалӣ Раҳмон якчанд сабаб дорад:
1) Тарс додани мардуми кишвар, ки огоҳ бошед, аз тарафи Афғонистон террористон ана имрӯз ё ана пагоҳ медароянд ва Тоҷикистонро ба Афғонистони ҷангзада табдил медиҳанд ва гайраю ғайра.
Аз он рӯзе, ки донишҷӯ будам то ҳол мардуми кишварро тарс аз Афғонистон медиҳанд. Шояд бо тарс додани ин роҳ, Хадамоти вижаи пинҳонии кишвар зери ин садо як иғвои дигарро омода кунанд. Лекин то ҳол, аз тарафи Афғонистон ягон гурӯҳ ё давлат лашкар накашидааст.
Баръакс Шӯравии собиқ дар соли 1979 ба қаламрави Афғонистон лашкар кашид, дахолати ноодилона кард. Дар натиҷа, дар ин ҷанги ғайриодилона ҳазорҳо нафар мардуми мулкӣ ва ҳазорҳо нафари дигар афсарони мусалмони Шӯравӣ кушта ва захмӣ шуданд.
Ин ҷанги тоҷиккуш буд, ки 10 сол давом кард ва соли 1989 бо кӯшиш ва ташаббуси Михаил Сергеевич Горбачёв Артиши ИҶШС (СССР) аз қаламрави Афғонистон бароварда шуд.
2) Барои талаби моддӣ-техникӣ аз гурӯҳи давлатҳои СПАД ва махсусан аз Русия.
3) Асосан барои саркӯб кардани мардуми Бадахшон ва роҳбарони ғайрирасмии маҳаллиро аз байн бурдан, ба монанди Мунаввар Шанбиев, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Амриддин Аловатшоев, Толиб Айёмбеков, Хурсанд Мазоров ва дигарҳо ҳастанд.
Ҳукумат кайҳо боз, яъне аз соли 2012 ин ҷониб ин амали нопокро иҷро карданӣ буд ва дар фикри амалӣ намудани он аст.
Як манбаъ аз Хоруғ хабар медиҳад, ки аз рӯзи чоруми январ то дувоздаҳум нисфи шабӣ дастикам се-чор маротиба мошинҳои ҳарбӣ бо ҷавонони либоси пакулаи афғонидошта, аз бинои КДАМ дар ВМКБ берун шуда, ба сӯи сарҳади Афғонистон равон шудаанд.
Манобеи дигар гузориш медиҳад, ки гурӯҳи ҷавонони яке аз маҳаллаҳои Хоруғ, ки шабона дар шаҳр навбатдорӣ мекунанд, хавфи иҷрои як амалиёти вижаи навбатиро пай мебаранд.
Шояд мақомоти амниятии Тоҷикистон бо саркӯб кардани ашхоси ҳаракати эътирозӣ дар Помир билохира пахш кардани эътирозгарон тайёрӣ дида истода бошанд.
Ба ҷои ин нақшаҳо, коре кунед, ки ба манфиати халқ бошад, на бар зарари онон.
Имрӯз рӯзе расидааст, ки мо бояд қудрати дарк карданро дошта бошем, ки давлат ва шаҳрвандон як воҳиди ягонаанд, ин мафҳум тақсимнашаванда аст, ба хусус вақте, ки сухан дар бораи кишвар-миллат меравад.
Давлат бояд риояи қонуну тартибот, ҳифзи ҳуқуқи амнияти шаҳрвандонро кафолат диҳад, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонии бо сифати баланди давлатиро таъмин намояд. На ин ки озодандешон ва ҷавонони ғаюри миллатро саркӯб бикунад.
4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркӯб кардани мардуми ғаюри Бадахшон ва махсусан Хадамоти махфии кишвар талош доранд, ки то вазъи ВМКБ-ро шабеҳ ба эътирозҳои Қазоқистон, ки ба он Маскав дахолат кард, идома диҳанд.
Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон дар 10-уми январ дар ҷаласаи СПАД оиди ячейкаҳои террористӣ ва мубориза бо он гурӯҳҳо ҳарф зад.
В. Путин аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки пас аз ҷаласа ба ӯ занг занад. Эмомалӣ Раҳмон бо В. Путин чанд маротиба занг зад ва гуфтугӯ кард, ба назар мерасад, ки розигии Маскавро гирифта бо роҳи зӯроварӣ рӯҳияи мардуми Бадахшонро шикастанӣ ҳастанд.
Дар интиҳо гуфтанӣ ҳастам, аз нақшаҳои нопок даст бикашед! Монед мардуми Бадахшон оромона зиндагиашонро бинанд!
Шумо аз паи ободии кишвар шавед!
* * *
Барои Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон давлати Чин хатарноктар аст. Чаро? Чунки оҳиста-оҳиста аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ аз ҳисоби қаламрави Тоҷикистон 5000 км² (маълумоти расмӣ 1,58 ҳазор километри мураббаъ) заминро аз ҷануби шарқии ВМКБ бо қонуни ҷангал, ба тасвиб расондаи МН МО гирифтааст. Ва дар оянда, боз ҳам даъвои гирифтани қисми дигари қаламрави Тоҷикистонро дорад.
Вақте, ки қисмате аз хоки /замини Тоҷикистонро бо қонуни баровардаи МН МО ба мамлакати Чин доданд, ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба давлатӣ Чин додани як қисми кишварро “бурди дипломатӣ” номида буд. Ҳамрохон Зарифӣ чаро чунин гуфт, ман тасаввур карда наметавонам.
Депутати МН МО ҶТ марҳум Сӯҳроб Шарифзода дар ин маврид чунин гуфта буд: “Агар қисмате замини кишварро намедодем, артиши миллии Чин, то Хоруғ расида меомад…” Кадоме аз масъулин ва ё аз депутатҳо гуфта буд, ки хушбахтона замини ба Чин додашуда боигарии зерзаминӣ надошт. Ӯ бехабар аст, ки худи замин, хоки Ватан, захираи табиӣ, яъне боигарии табиӣ буда, ҳатто аз боигарии зеризаминӣ ҳам арзиши баландтар дорад.
Инҷо саволе ба миён меояд, ки ин даъвои кишвари Чин аз куҷо сарчашма мегирад? Кӣ бояд ҷавоб диҳад?
(Идома дорад )